logo

иҷтимоиёт

УМЕДҶОН АМОНӢ: “ҶУМҲУРИЯТ” МАРО ПАРВОЗИ НАВ БАХШИД”

 
- Дар рушди зеҳнӣ ва дастболо гардидани ҳар нафар дар зиндагӣ, ҳатман як сарчашмае мавҷуд аст ва ман ҳам калиди муваффақиятҳои худро дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” дарёфтам. Рӯзномаро пайваста мутолиа мекунам ва аз ҳар сатри матолиби он барои худ ғизои маънавӣ мегирам. Аз шумули матлабҳои умумии рӯзнома барои ман маводи саҳифаи “Шоми шанбе” бисёр ҷолибу шавқовар аст. Навиштаҳои кӯтоҳу хондание, ки ба кас ҳам фароғат мебахшанд ва ҳам донишу ҷаҳонбинӣ. Ба ростӣ, маҳз барои ҳамин саҳифа нашри шумораҳои навбатиро интизорӣ мекашам. Вале танҳо ман набудам, ки ин саҳифа таваҷҷуҳамро ба худ кашид, балки устодону ҳамсабақонам низ, ба он мароқи зиёд зоҳир мекарданд. Ҳар ҳафта шумораи рӯзи ҷумъа, ки дар он саҳифаи “Шоми шанбе” нашр мешавад, баробари ба дасти мо расидан, даст ба дасти ҳамсабақону омӯзгорон мегардад.
Ин матлабро Умедҷон Амонӣ, донишҷӯйи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, зимни як суҳбати видеоӣ ба мо иброз дошт, ки он барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути Ютубканали рӯзномаи “Ҷумҳурият” қобили дастрасист. Ӯ дар идома иброз дошт: “Рӯзе дидам, ки дар як шумора барои рубрикаи “Интеллект”-и саҳифаи “Шоми шанбе” озмун барои тайёр намудани муаммо, чайнворду филвордҳо эълон гардидааст. Ман, ки рағбати беандоза ба корҳои зеҳнӣ доштам, ин эълон орзуи ҳамкорӣ бо “Ҷумҳурият”-ро дар дилам шуълавар кард. Дарҳол, аз ин фурсат истифода карда, муаммоҳоямро ба унвонии рӯзнома пешниҳод намудам ва он даричае барои ҳамкорӣ гардид. Дар рафти ҳамкорӣ, муҳити солим ва муносибати хуби кормандони ин нашрия маро руҳбаланд ва ба идомаи ҳамкориҳо водорам менамуд. Бо ҳамин завқи маънавии ман боло мерафт ва муаммоҳоям дар саҳифаи “Шоми шанбе” ҳаводорони худро пайдо мекарду чанд маротиба маро ғолиб дониста, бо туҳфаҳои хотиравию маблағҳои пулӣ сарфароз намуданд”. 
Ҳамсуҳбати мо, барандаи ҷоизаи махсуси Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба даст овардани ҷоизаи фестивали ҷумҳуриявии “Хуҷаста бод истиқлол”, озмуни “Вақте қалам мегирам”-ро самараи ҳамкориҳояш бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” хонда, изҳор дошт, ки ин нашрияи бонуфуз дар бедории фикрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстии ӯ нақши мунир гузоштааст. 
– Аз ҳамкорӣ бо “Ҷумҳурият” ба ман саодате даст дод, ки ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро дар самти матбуот соҳиб гардам, ба гирифтани Стипендияи президентӣ мушарраф шавам ва ниҳоят барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон роҳхат гирам. Ин ҳама музаффариятҳои ман ва дигар ҷавонон дар партави дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба мо ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, барои таҳсил дар дохилу хориҷи мамлакат тамоми шароитҳоро фароҳам карданд. Мо низ дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо пайваста мекӯшем, то мутахассисони касбӣ гардида, барои пешрафти ватанамон саҳми арзанда гузорем, - иброз дошт Умедҷон Амонӣ.
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
 “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2022    №: 31    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед