logo

порлумон

КОДЕКСИ МАНЗИЛ. МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ТАРҲИ НАВРО ПАЗИРУФТ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вакилон тарҳи нави Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расонданд. Санади мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 таъсис дода шуда буд, таҳия гардидааст. Лоиҳаи кодекс аз 8 фасл, 18 боб ва 141 модда иборат мебошад. 
 - Бо сабаби дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қабулу такмил ёфтани меъёрҳои қонунгузориҳои гражданӣ, замин, шаҳрсозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, инчунин, дигар қонунгузории ҷумҳурӣ зарурати дар таҳрири нав қабул намудани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад, - гуфт Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар лоиҳаи Кодекси манзил ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба манзил бо роҳи сохтмони манзилҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ, дахлнопазирии манзил кафолат дода шуда, дар фарқият аз меъёрҳои кодекси амалкунанда (12 декабри соли 1997) якчанд мафҳуми асосии дар матни нави лоиҳаи Кодекси манзил истифодаву шарҳ дода шудаанд, ки мазмуну муҳтавои Кодекси мазкурро сода ва осонфаҳм менамоянд. Дар он меъёрҳо оид ба манзили истиқоматӣ ва навъҳои фонди манзил, таъинот ва истифодаи манзили истиқоматӣ, субъектҳои идоракунии фонди манзил, интихоби тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ, баҳисобгирии давлатии фонди манзил ва бақайдгирии давлатии манзили истиқоматӣ, назорати давлатии фонди манзил, суғуртаи манзилҳои истиқоматӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои молики манзили истиқоматӣ ва аъзои оилаи ӯ, ҳуқуқи моликияти умумии моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ муқаррар шудаанд.
Тибқи лоиҳа, асосҳои идоракунии фонди манзил, идоракунии бевоситаи бинои бисёрхонагӣ, ширкати моликони манзил, идоракунии бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда, тартиби додан ва истифодаи манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, эътирофи шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ва тартиби баҳисобгирии онҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои кироядеҳ ва кироягир тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, иваз намудани манзилҳои истиқоматӣ муайян гардидааст. 
Ба андешаи Мавлудахон Мирзозода, вакили парлумон, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани идоракунии фонди манзил, тибқи моддаи 32 лоиҳа пешбинӣ мегардад, ки идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ бо тарзҳои зерин амалӣ карда шавад: идоракунии бевосита аз ҷониби моликони манзил дар бинои бисёрхонагӣ;  идоракунӣ аз ҷониби ширкати моликони манзил ё кооперативи манзил; идоракунӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар лоиҳаи қонун мавриди танзим қарор гирифтааст, муносибатҳо вобаста ба иҷораи манзили истиқоматӣ мебошад. Зеро дар шароити рушди бозор ва сохтмони манзил, иҷораи манзил яке аз роҳҳои тадриҷан ҳал кардани проблемаи таъминоти манзили истиқоматӣ буда метавонад. Масъалаҳои иҷораи манзил, тартиб, шароит ва дигар ҳолатҳои ба иҷораи манзил алоқаманд дар моддаҳои 114 - 129 -и лоиҳа танзим шудаанд. 
Рустам Шоҳмурод, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шахс ба ҳисоб рафта, муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба манзил гуногунсамт мебошанд. Зеро манзил ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият, объекти соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ баромад намуда, истифодабарии он ба идоракунии фонди манзил ва таъмини коммуналӣ алоқаманд аст.
Дар лоиҳаи Кодекси манзил аввалин бор доираи муносибатҳо оид ба манзил дақиқ карда шудааст, ки муносибатҳои зеринро дар бар мегирад: ба вуҷуд омадан, амалӣ намудан, тағйир ёфтан, қатъ гардидани ҳуқуқҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ намудани манзили истиқоматии фондҳои манзили давлатӣ ва хусусӣ; баҳисобгирии фонди манзил, истифодабарӣ ва нигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ; идоракунии бинои бисёрхонагӣ ва истифодаи молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ; мансуб донистани манзилҳо ба қатори манзилҳои истиқоматӣ ва хориҷ намудани онҳо аз фонди манзил; азнавтаҷҳизонӣ ва (ё) азнавтарҳрезии манзилҳои истиқоматӣ; таъсис додан ва фаъолияти кооперативҳои манзил, ширкатҳои моликони манзил ва ташкилотҳои идоракунандаи онҳо; пешниҳоди хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти маблағ барои манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ; назорати истифодабарӣ ва нигоҳдории фонди манзил, мутобиқати манзилҳои истиқоматӣ ба қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва техникии муқарраргардида ва дигар талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2022    №: 31    Мутолиа карданд: 4414
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед