фарҳанг
ТАХТИ САНГИН. 2500-СОЛАГИИ ОН ДАР САТҲИ ЮНЕСКО ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД
Яке аз падидаҳои фараҳбахши охири соли 2021 ба Феҳристи ҷашнвораҳои муҳими ЮНЕСКО (солҳои 2022 - 2023) шомил гардидани 2500-солагии шаҳраки Тахти Сангин мебошад. Дар доираи чорабиниҳои чунин ташкилоти бонуфуз таҷлил намудани солгарди ин мавзеи таърихӣ гувоҳи он аст, ки Тахти Сангин дар инкишофи тамаддуни башарият нақши мондагор дорад.
Роҷеъ ба ин ва мавзуъҳои дигари марбут ба ёдгорӣ хабарнигори рӯзнома Фарзона Файзалӣ бо Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои кишвар, суҳбат орост, ки манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.
- Бемуҳобот ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил шудани Тахти Сангин боиси сарбаландии мо - тоҷикон гардид. Ба худ меболем, ки таърихи пурғановат дорем ва имрӯз мавзеъҳои қадимаамон дар сатҳи баланд эътироф мегарданд. Аҳамияти ҷаҳонии шаҳраки Тахти Сангинро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Дар ҳудуди кишвари мо ёдгориҳои зиёди бостониву таърихӣ мавҷуданд, ки на танҳо таҷассумгари миллати тамаддунофари моанд, балки дар пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башар нақши мондагор доранд. Ёдгории мавриди назар аз зумраи онҳост. Ба ҳамин хотир, вақте Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ЮНЕСКО таҷлил намудани 2500 - солагии Тахти Сангинро пешниҳод намуд, бисёр ҳамсоякишварҳои мо ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуданд. Боиси хушбахтӣ, балки ифтихор аст, ки ЮНЕСКО низ ин таклифро пазируфт.
Тахти Сангин, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, аз нодиртарин ёдгориҳои замони тоисломии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз арки истеҳкомёфта ва маҳали шаҳрнишин иборат аст. Бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ дар ин ёдгорӣ 3 қабати фарҳангӣ пайдо намудаанд, ки ҳар қабати он бозгӯйи давраҳои гуногуни давлатдорӣ ва таърихӣ мебошанд.
Қабати қадимааш ба асрҳои VI - V (пеш аз мелод) рост меояд, ки ин давраи Ҳахоманишиён аст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ давлатдории Ҳахоманишиён аз ҷониби империяи Юнону мақдуниҳо забт ва дар ҳудуди Осиёи Марказӣ давлати пуриқтидоре бо номи Селевкиён ва Юнону Бохтар пайдо мешавад. Баъдан, ин давлат аз ҷониби Кӯшониён фурӯ меравад.
Ҳудуди он бениҳоят калон аст. Бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ аз ин мавзеъ маводе замони тоисломӣ, тоюнонӣ ва ҳам юнонӣ пайдо намуданд. Баъди он, ки Искандари Мақдунӣ Осиёи Марказиро забт намуд, ин ҷо як муддат тамаддуне пайдо шуд, ки эленистӣ (маданияти фарҳанги омехта) номаш мебаранд. Яъне, тамаддуне, ки дар натиҷаи омезиш фарҳанги Ғарбу Шарқ ба вуҷуд омадааст. Аҳамияти ҷаҳонии ин мавзеи таърихӣ дар он аст, ки инъикосгари омезиши ду фарҳанг мебошад.
- Табиист, ки дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил намудани ёдгорӣ, пеш аз ҳама, мавқеъю мартабаи ҳам давлат ва ҳам миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Ба андешаи Шумо дастоварде, ки мо ноил шудем чӣ имтиёзе хоҳад дошт ва, умуман, аз ин чорабинӣ боз чиро интизор метавон буд?
- Албатта, бо шарофати ҳамин дастовард Тахти Сангин дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад ва ҷаҳониён бо ин восита аз фарҳангу тамаддуни бою рангини мо бештар огоҳ мешаванд.
Пос доштани арзишҳои ниёгон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он кори сангин аст, бо вуҷуди ин, ба ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, баъзе аз ёдгориҳои таърихиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳимоя намоем. Ин муддат тавонистем шаҳраки Саразмро ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил ва соли 2020-ум 5500-солагии онро дар доираи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО таҷлил намоем. Иқдоми ҷашнгирии 2500 - солагии Тахти Сангин идомаи мантиқии ибтикороти дурандешонаи Сарвари фарҳангпарвари кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон омӯзиши ёдгории Тахти Сангин солҳои 70 – уми асри гузашта оғоз шуд, ки ин Экспедитсияи бостоншиносии ҷанубии Тоҷикистон ном дорад. Роҳбари экспедитсия Борис Анатолевич Литвинский буд. Баъдан, ба гурӯҳ И. Пичикян ҳамроҳ шуд ва онҳо солҳои тулонӣ дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётӣ гузаронданд. Дар натиҷа, яке аз маъбадҳои бузурги Тахти Сангин Маъбади Окс мавриди таҳқиқи бештар қарор гирифт ва дар ин бора 3 ҷилд китоб таълиф шуд. Дар маҷмуъ, то имрӯз зимни корҳои ҳафриётӣ 12 ҳазор ашёи гуногуни тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил пайдо карда бошем ҳам, аммо худи шаҳристони Тахти Сангин то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Ҳарчанд ки масоҳаташ муайян мебошад. Яъне, ба ин восита мехоҳем корҳои ҳафриётӣ - омӯзиширо дар ин мавзеъ вусъат бахшем. АМИТ нақша дорад, ки таҳқиқи пурраи на танҳо Маъбади Окс, балки шаҳристони Тахти Сангинро ба роҳ монад.
Дигар ин, ки бо ҳамин баҳона мехоҳем ёдгориро ҳифз намоем. Тахти Сангинро аз як тараф дарёи Ому, аз ҷониби дигар кӯҳ иҳота намудааст ва ҳамасола аз ҷониби кӯҳ болои ёдгорӣ сел меафарояд ва агар ин ҳолат пешгирӣ нашавад ёдгорӣ бо гузашти солҳо пурра зери ярч хоҳад монд. Ба ин хотир, нақша дорем атрофи ёдгориро бо девори ҳифозатӣ маҳкам ва болои онро пӯшонем. Тахти Сангин аз мавзеъҳои муҳими сайёҳӣ арзёбӣ шавад ҳам, роҳ то ин мавзеъ ҳамвор нест. Ба ин хотир, мехоҳем роҳи онро тахт созем, то барои сайёҳон шароити мувофиқ фароҳам гардад.
- Вақте атрофи Тахти Сангин ҳарф мезанем, беихтиёр «Дафинаи Амударё» ё «Хазинаи Окс» ба ёд меояд, ки аз 1300 тангаву зарфҳои дигари нуқрагину зарандуд иборат аст ва имрӯз ин хазина Осорхонаи марказии Лондонро зеб медиҳад. Дар бораи бозёфт баҳс хеле зиёд аст. Баъзеҳо бар ин андешаанд: танҳо ба хотири он, ки бозёфт аз ин самт рафт ба ҳамин хотир «Дафинаи Амударё» номаш ниҳоданд. Ин иддао аз мавзеи Тахти Сангин ёфт шудани дафинаро инкор менамояд. Биёед каме атрофи ин мавзуъ суҳбат кунем!
- Дуруст зикр намудед, ки баъзеҳо ба аз Тахти Сангин ёфт шудани дафина шубҳа доранд. Ҳақиқат ин аст: дафинаро соли 1877 мардуми маҳаллӣ аз зери замин пайдо намуда, ба тоҷирон мефурӯшанд. Вақте тоҷирон ҷониби Ҳиндустон мераванд онҳоро роҳзанҳо ғорат мекунанд. Ҳамин тавр, роҳзанҳо хазинаро ба бозори сиёҳ мебароранд. Англисҳо онро мехаранд, сипас, ба осорхонаи Лондон мефурӯшанд. Осорхона онро ҳифз намуда, «Дафинаи Амударё» ном мегузорад. Чунин ном гирифтани дафина бесабаб нест. Тамоми афсарони англис ва русе, ки дар Осиёи Марказӣ мегаштанд, мардуми донишманд низ буданд. Дар бораи ҳама чиз иттилоъ доштанд. Онҳо таърихи халқи тоҷикро хуб медонистанд, ба мероси ниёгони мо таваҷҷуҳи хосса доштанд ва чун медонистанд бозёфти бебаҳо ба ҳамин мавзеъ тааллуқ дорад, «Дафинаи Амударё» номаш ниҳоданд. Миёни ашёҳои хазина ашёҳои қисмати ғарбии Эрон низ дида мешавад, аммо (дар ин бора ҳатто Б. Ғафуров соли 1972 навиштааст) муайян гардида, ки қисми зиёди он аз рӯйи сохту намудашон маҳсули кори ҳунармандони Бохтар мебошанд.
Соли 2010 баъзе аз нигораҳо, ки бостоншиносон дар пайи корҳои ҳафриётӣ аз Тахти Сангин пайдо намуданд, дар озмоишгоҳи шаҳри Париж санҷида шуд. Санҷишҳо муайян намуданд, ки тилло истеҳсоли маҳаллӣ, яъне тиллои ҳудуди Тоҷикистон аст. Санҷишҳои «Дафинаи Амударё» низ ҳаминро нишон додаанд. Ин далел бори дигар собит месозад, ки дафина маҳсули давраи Тахти Сангин ва аз Тахти Сангин аст. Инро ба инобат гирифта, 13 октябр, вақте дар шаҳри Парижи Фаронса намоиши «Тоҷикистон кишвари дарёҳҳои тиллоӣ» роҳандозӣ гардид, «Дафинаи Амударё» ба ин намоиш ҳамроҳ ва бори нахуст дар таърих чун мероси фаҳангии мардуми тоҷик ба маъраз гузошта шуд.
- Оё қарор нест, ки дар доираи солгарди 2500 - солагии Тахти Сангин ин дафинаи беҳамто ба ватани худ баргардонда шавад?
- Албатта барои баргардондани он муроҷиат кардаем, лекин ин ғайриимкон аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки дафинаро бояд бихарем. Аммо, медонед, хазина ва ашёҳои он бебаҳоянд ва ҳеҷ як осорхонае чунин ашёҳои нодирро намефурӯшад.
Ашёҳои таърихии мо дар хориҷи кишвар зиёданд. Чунин ашёҳои таърихӣ барои он ба дигар кишварҳо интиқол ёфтанд, ки мо дар вақташ ё ҷой надоштем ё соҳибӣ карда натавонистем. Аммо бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Дафинаи Амударё» 6 ашёи онро нусхабардорӣ намуда, дар Осорхонаи миллӣ ба маъраз гузоштаем. Ба андешаи ман роҳи ҳалли масъала ҳамин аст.
- Ҳоло корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани 2500-солагии Тахти Сангин оғоз шудаанд ва, умуман, тибқи нақша ин ҷашн кай бояд таҷлил гардад?
- Агарчи пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати дар доираи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО баргузор намудани 2500 - солагии шаҳраки Тахти Сангин расман пазируфта шуда бошад ҳам, ҳуҷҷати расмии он ҳанӯз ба дасти мо нарасидааст. АМИТ нақша дорад баъд аз гирифтани ин ҳуҷҷати муҳим бо қарори Ҳукумати кишвар як барномаи мукаммали давлатӣ омода созад. Фикр мекунам ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани ҷашн идораву сохторҳои дигар низ муваззаф мешаванд. Ҳоло дар ин самт корҳои машваратӣ оғоз гардидаанд. Аз рӯйи тахминҳо 2500 - солагии Тахти Сангин охири соли равон бо баргузор намудани симпозиуми илмӣ - байналмилалӣ доир мегардад.
- Тавре зикр намудед, дар ҳудуди кишвари мо ёдгориҳои зиёди бостониву таърихие мавҷуданд, ки дар пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башар нақши мондагор доранд. Оё Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешидааст?
- Албатта. Тавассути долони Роҳи бузурги Абрешим, долони Зарафшон-Қароқумро, ки дар он 9 ёдгорӣ шомил аст ва долони Фарғона - Сирдарё, ки 6 ёдгориро дар бар мегирад, ба ЮНЕСКО пешниҳод намудаем. Ва басо гуворост, ки ёдгориҳои долони Зарафшон – Қароқум, аллакай, ба рӯйхати пешакии Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шуда, ояндаи наздик ба феҳристи асосии ин мерос шомил мегарданд.
Ба ҷуз ин, шаҳри Ҳулбук (асрҳои IX-XI) ва Панҷакенти Қадим (асрҳои V-VIII) барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ пешниҳод шудаанд. Ва ин охири кор нест. Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намудани мавзеъҳои таърихӣ оянда низ талош хоҳем кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2022 №: 31 Мутолиа карданд: 3175