logo

Хабарҳо

Президенти Бразилия меҳмони Москва мешавад

ҶАҲОН
Президенти Бразилия меҳмони Москва мешавад
ТАСС. Президентони Россия ва Бразилия Владимир Путин ва Жаир Болсона дар ҷараёни мулоқот дар Москва равобити дуҷониба ва доғтарин мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳониро баррасӣ хоҳанд кард. Бино ба иттилои Дмитрий Песков, котиби матбуоти Президенти Россия, сафари расмии Болсона ба пойтахти Россия  16 феврал сурат мегирад.
Песков, инчунин, таваҷҷуҳи худро ба рӯзномаи хеле ғании дуҷониба, аз ҷумла баррасии бахшҳои эҳтимолӣ, ки дар онҳо ҳамкориҳоро метавон боз ҳам амиқтар густариш дод, ҷалб кард.
 
 
Лукашенко хостори даргирии низомӣ дар Украина нест
Лента.ру. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки Беларус дар ташдиди равобити Россия ва Украина даст надорад ва, ҳамчунин, барои тезутунд намудани ин ихтилофот талош  намекунад.    
Ба гуфтаи сиёсатмадор, кишвараш намехоҳад бо шаҳрвандони Украина ҷанг кунад ва, ҳамчунин, дар ин муқовимат "кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ"-ро бифаҳмад. Мо пайванди хешутаборӣ дорем, ҳамсоя ҳастем ва бояд дар руҳияи неки ҳамсоядорӣ муносибат кунем.
 
 
Россия, ИМА, НАТО ва баҳси кафолатҳои амниятӣ
Российская газета. Владимир Путин  дар Кремл бо вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров посухҳои Россия ба Амрико ва НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро баррасӣ кард. Лавров ба Президент гуфт, ки дар бораи пешниҳодҳои калидии Федератсияи Россия дар ин масоил посухи Вашингтон ва Брюссел манфӣ аст.
Президент дар навбати худ аз Лавров пурсид, ки оё имкони ба даст овардани созиш бо ИМА ва НАТО дар мавзуъҳои мавриди нигаронии Россия вуҷуд дорад? Ё ин танҳо фақат  талошест барои  кашидани мо ба як раванди музокироти беохир, ки ҳеҷ як хулосаи мантиқӣ надорад? 
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки Россия ва шахсан Президент борҳо шариконро дар бораи мақбул набудани суҳбатҳои беохир оид ба масъалаҳое, ки имрӯз бояд ҳал шаванд, ҳушдор додаанд. "Аммо ба ҳар ҳол, ба унвони роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ бояд бигӯям, ки ҳамеша имкон ҳаст", - таъкид кард Лавров.
 
 
СҶТ: «Теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар ҷаҳон аз 410 миллион нафар гузашт»
Мир 24. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти COVID-19 дар ҷаҳон аз 410 миллион ва шумораи фавтидагон – 5,81 миллион нафар гузашт. 
Таъкид мешавад, ки омори  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо маълумоти расман тасдиқшударо дар бораи беморон ва фавтидагон аз ҷониби кишварҳо ба инобат мегирад. То 14 феврал, соати 20:32 ба вақти Мос-ква созмон дар бораи 410 565 868 ҳодиса ва 5 810 880 фавт маълумот гирифтааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз 1 655 868, фавтидагон 8 654 нафар афзудааст. Аксари мубталоён ба коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (76 983 188) сабт шудааст. Баъд аз он Ҳиндустон (42 665 534) ва Бразилия (27 425 743) қарор доранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед