logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ХАТЛОН
ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА БОМАРОМ ТАТБИҚ МЕШАВАНД
 
Қатъи назар аз буҳрони молиявӣ, паҳн гардидани бемории COVID-19 дар ҷаҳон, нақшаи дар асоси чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда соли 2021 дар вилояти Хатлон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардид.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бо зикри ин нукта нишасти матбуотиро, ки дар он 70 нафар аз намояндаҳои ВАО-и ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва байналмилалӣ ширкат дошт, шуруъ кард. Дар идома гуфт, ки афзоиши рушди воқеии иқтисодиёт ба 109,1 дарсад баробар шуда, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 27 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 4,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. 
Бо мақсади бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ: “Данғара”, “Кӯлоб” ва “Панҷ” фаъолият дорад. Дар ҳудуди ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ 43 субъекти саноатӣ дар соли гузашта ба маблағи 78,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. 
Қурбон Ҳакимзода вобаста ба саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” посух дод, ки "ёдгории Ҳаждаҳғораи Айваҷро мутахассисон рафта диданд. Заминҳои атрофи ёдгорӣ ба мардум вобаста шудаанд. Буҷетҳои навоҳии Шаҳритус ва Носири Хусрав барои тадбирандешӣ дар мавриди ёдгорӣ камӣ мекунанд. Ин масъаларо мо дар мадди назар дорем». 
Дар бораи таъмин кардани рӯзноманигорони ниёзманд бо хона раиси вилоят гуфт, ки фақат дар минтақаи Бохтар 79 рӯзноманигор ба манзил ниёз дорад. Мо ин масъаларо аз ҳисоби буҷети вилоят ҳал хоҳем кард.
 
Зокир ҲАСАН
 
 
БОХТАР 
САНОАТ РӮ БА РУШД 
 
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар доираи эълон гаштани саноатикунонии  босуръати мамлакат ҳамчун  ҳадафи чоруми стратегӣ, соли гузашта дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаҳои “Бохтар-шифер”, “Сомони Расул” (истеҳсоли дучарха), “Баракати Истиқлол” (мебел)  ва “Акобир” (мебел) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Тавре таъкид гардид, дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли қаблӣ бамаротиб бештар шуда, ба 268,6 миллион сомонӣ расид.
Зикр гашт, ки ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр ба маблағи 175,2 миллион сомонӣ 111 иншоот бо таъсиси 490 ҷойи кор ба истифода дода шуд. 
 
Зокир ҲАСАН
 
 
 
БАХТИЁР НАЗАРЗОДА: 
«ҲУДУДИ 10 ҲАЗОР ҶОЙИ КОРИ ДОИМӢ ТАШКИЛ МЕГАРДАД»
 
- Соли сипаригашта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 110,5 дарсад иҷро гардида, 105 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд, ки нисбат ба нақша 10 миллион сомонӣ зиёд аст. Нафақаи 19 ҳазору 402 нафақагир пурра пардохт шуд, - гуфт Бахтиёр Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, дар нишасти хабарӣ. 
    Зикр шуд, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб маҷмуан, 2640 ҷойи корӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ таъсис гардид. Музди миёнаи меҳнат ба 1125 сомонӣ расид, ки  аз соли пешин 135 сомонӣ афзудааст. 
Мавсуф иброз дошт, ки дар соли гузашта 6 корхонаву коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла ҷуроббофии “Ваҳдат - текстайл”, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орду обҳои ташнашикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал мавриди истифода қарор гирифтанд. 
Феълан, дар минтақаи озоди иқтисодии шаҳр, сохтмони корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил, намак, равғани рустанӣ ва набот идома дорад. Порсол корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 309 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Дар идома Бахтиёр Назарзода афзуд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 - 2025” бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 25 июни соли 2020, таҳти № 389 ба тасвиб расидааст, зери назорати қатъӣ қарор дошта, то кунун 40 лоиҳа ба маблағи 319 миллиону 100 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор гирифт. 
 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
ҲАНӮЗ ШУМОРАИ РОҲБАРОН АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КАМ АСТ
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли гузашта бо мақсади баланд бардоштани малакаи корбарӣ ва омӯзиши таҷриба,  шаш донишҷӯдухтари фаъол дар тренинги омӯзишии минтақавии  «Роҳбарӣ, роҳнамоӣ ва баробарии гендерӣ», ки дар ноҳияи Бостонлиқи вилояти Тошканти Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кард.
- Дар сатҳи зарурӣ ҷалб нагардидани занону духтарон ба вазифаи  раиси шаҳраку деҳот, яке аз мушкилии асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз байни 430 ҷамоати шаҳраку деҳот, танҳо роҳбарии 155 - тои он бар уҳдаи занон аст, ки ин нишондод хело кам аст, - афзуд Ҳилолбӣ Қурбонзода. 
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ТАЪМИНИ БЕШ АЗ 2 000 ХОНАВОДА БО ОБИ НӮШОКӢ 
 
Соли рафта ҷиҳати бартараф намудани мушкилии аввалиндараҷа ва муҳими сатҳи деҳот оид ба норасоии оби нӯшокӣ ва полизӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» сохтмони 5 зерлоиҳаи хатти оби нӯшокӣ ва 10 зерлоиҳаи хатти оби полизӣ ба истифода дода шуд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ироа намуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи сохтмони хатҳои оби полизӣ обёрии 892 гектар замини кишоварзӣ беҳтар гардида, барои кишоварзон ҷиҳати кишти ҳосили дуюм ва сеюм шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Инчунин, дар натиҷаи татбиқи панҷ зерлоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 2039 хонаводаи панҷ деҳаи зерҳадаф бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид.
-Моҳҳои сентябр-декабри соли рафта бо истифода аз экскаваторҳо 62 километр заҳбуру заҳкашҳои хоҷагиҳои ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун тоза карда шуд. Дар натиҷа ҳолати мелиоративии беш аз 1500 гектар замини корам беҳтар гардид, - гуфт Абдулаҳад Хоҷазода. 
 
Кароматулло АТО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед