logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ВАҚТЕ САРВАР БА ЭҲТИРОМИ ЗАН АРҶ МЕГУЗОРАД...

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хисороти зиёди ҷониву молиявӣ овард, барои занон низ марҳилаи вазнини ҳаётӣ ба шумор меравад. Он айём занони тоҷик азият ва талхии ҳаётро бо аз даст додани  фарзанд, падару бародар ва шавҳарони худ чашиданд. Дар ин баробар , он замон бархе аз ифротгароён ҷойгоҳи занонро дар ҷомеа поин медонистанд ва намехостанд занон  дар умури давлатдорӣ ширкат намоянд.
Аммо Пешвои миллат баробари сари қудрат омадан, занон ва мавқеи онҳоро дар ҷомеа баланд бардоштанд ва иштирокашонро дар идораи давлат муҳим арзёбӣ намуданд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи ҷомеа, бо амалҳои ҳадафрас, судманд барои тамоми табақаи ҷомеа, хусусан занон, тадбирҳои судманд андешиданд. Пеш аз ҳама, баробарҳуқуқии мардону занонро дар Конститутсия кафолат доданд, ки ин гувоҳи амалишавии ҳуқуқи инсон дар кишвар мебошад. Ҳоло ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони ободу озод сӣ сол боз дар роҳи пайдо намудани тамоми имкониятҳо ҷиҳати мақоми сазовор пайдо кардани занон дар ҷомеа устуворона пеш меравад. Аз нигоҳи таҳлилӣ ва нуқтаи назари ҳуқуқӣ, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол то имрӯз беш аз 50 санади меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи занон, дастгирӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар, қабул ва дар амал татбиқ мегарданд. 
Имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам овардааст, ки занон низ дар арсаи сиёсат фаъол ва дар рушду пешрафти давлати тозабунёди соҳибистиқлол саҳм гузоранд. Дар иртибот бо ин, давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини дастрасии ҷавондухтарон дар баробари ҷавонписарон ба таҳсили муосир Квотаи президентӣ ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намудааст.
Дар рафти баргузории озмунҳо оид ба ишғоли вазифаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар барои занон афзалиятҳо пешбинӣ намудааст. Ин аст, ки, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз шумораи умумии 19176 хизматчии давлатӣ  4486 ё ин ки 23,4 фоизро занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд. Шумораи занон дар кадрҳои роҳбарикунанда ба 5910 ё ин ки ба 30,8 дарсад расидааст.
Сарфи назар аз ин, нигоҳи сиёсии Пешвои миллат дар самти тарбия ва таъмини кадрҳои баландихтисос, забондон, ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз, дорои муошират ва муносибати корӣ, сатҳи касбияти онҳо диққати хосса зоҳир намуда, ин масъаларо пайваста таъкид менамоянд.
Имрӯз занон дар самти иқтисодиёти кишвар низ хеле фаъоланд. Самара ва натиҷаи Истиқлоли давлатӣ ва натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки аз шумораи умумии 17393 корманди соҳаи бонкӣ 6175 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумор 633 нафар зан дар вазифаи роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ҷиҳати дастгирии занон дар бахши иқтисодиёт, барои соҳибкории занон грантҳои президентӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ҳисоб ҳамасола ба бонувон 80 Гранти президентӣ ҷудо мегардад, ки дар маҷмуъ, 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, қарзҳои хурди додашуда аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзии молиявӣ ба занон 1492663 ҳазор сомонӣ мебошад.
Ҳоло теъдоди соҳибкорзанон ба 29362 нафар мерасад. Соҳибкорзаноне, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд 6 594 нафарро ташкил менамояд. Аз шумораи умумии 164313 хоҷагиҳои деҳқонии фаъолияткунанда дар кишвар, 38563 хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд.
Фаъолияти занон дар шохаи ҳокимияти қонунгузории мамлакат низ назаррас буда, аз 33 нафар шумораи умумии аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафараш зан мебошад. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 13 зан фаъолият менамояд. 
Саҳми занон дар баробари дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар сохтори ҳокимияти судии кишвар низ назаррас аст. Айни замон аз шумораи умумии судяҳо 80 нафарашро занон ташкил менамоянд. 
Набояд фаромӯш намуд, ки дар ин қатор ин ҳама занон дар оилаву оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, нигоҳдошти фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон масъулияти зиёд доранд. 
Умуман, таҳлили вазъи занон дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар собит менамояд, ки масъалаи таъмини ҳуқуқи занон дар ҳоли рушд ва густариш қарор дорад. Ба андешаи мо, занон ва бонувонро мебояд, ки ба он эътимод, бовар ва умедвориҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон доранд, садоқатмандона беш аз ҳарвақта дида дар тарбияи дурусти фарзанд, солим нигоҳ доштани оила ва муносибатҳои оилавӣ, идоракунии давлатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, нигаҳдошти фарҳанг, арзиш ва муқаддасоти миллӣ, сулҳу суботи комили Тоҷикистон масъулиятшинос бошанд. Дар замири фарзандон ишқ ва меҳри Ватанро парварда, онҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба сӯйи пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват кунанд. 
Бо итминон бояд изҳор дошт, ки занон низ бо саъю талошҳои ҳамешагӣ ҷиҳати андешидани чораҳои дастаҷамъона  ва  татбиқи амалҳои ҳадафрас, дар таҳким ва такон бахшидани устувории соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон саҳм мегузоранд.
 
Сафаргул БУХОРИЕВА, 
мудири шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои 
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2022    №: 32    Мутолиа карданд: 1240
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед