logo

иҷтимоиёт

СИМОИ ТОЗАИ НАВДИИ КУҲАН

Ҷамоати деҳоти Навдӣ яке аз деҳоти калонтарини ноҳияи Рашт буда, номи он аз номи деҳаи Навдӣ, ки таърихи бою рангин дорад, гирифта шудааст. Ҷам оати деҳоти Навдӣ айни ҳол симои тоза ба бар карда, дар он соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд кардаанд. 
Ҳудуди деҳот ҳоло фарогири 10 деҳа аст, ки аҳолии ҳар кадом аз замонҳои пеш дар рушду инкишофи он нақши муассир гузоштаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ хоҷагиҳои ҳудуди деҳот пеш рафта, Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бомуваффақият пешвоз гирифтанд.
Ба гуфтаи Хисрав Убайдуллоев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Навдӣ, ҳоло дар ҳудуди он 9 хоҷагии коллективӣ ва 256 хоҷагии инфиродии деҳқонӣ фаъолият дошта, онҳо дар ихтиёри худ 3392 гектар замин доранд. Соли гузашта хоҷагидорон аҳлона меҳнат карда, дар майдони 60 гектар кишти картошка, 10 гектар кишти ғалладона ва 20 гектар кишти сабзавот гузаронда, маҷмуан 396 тонна ҳосил рӯёнданд.
Хоҷагидорон соли сипаришуда ба иловаи боғҳои мавҷуда дар майдони 5 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки инкишофи онҳо хуб мебошад. Тирамоҳи соли гузашта майдони 105 гектар шудгор ва 10 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд.
Ҳамкории ҷамоати деҳот бо аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудию мушкилоти соҳаҳои гуногун ва корҳои ободонию созандагӣ зич ба роҳ монда шудааст. 
Соли 2021, ки таҷлили Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли Ватанамон буд, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навдӣ як қатор корҳои ободонӣ ба иҷро расиданд. Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша бинои Ҷамоати деҳот аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии Шарикони рушд дар деҳаи Кочон бинои нави бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, аз тарафи соҳибкор Файзиддин Неъматуллоев дар ҳамин деҳа мағозаи «Гӯшаи деҳқон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маркази саломатии деҳаи Навдӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар деҳаи Бедак соҳибкор Маҳмадсаид Соҳимов барои аҳолӣ хатти оби нӯшиданӣ кашида, роҳҳои ҳудуди деҳаро таъмир кард. Соҳибкорони деҳаи Қалъаи Шайх ду тарафи роҳи байни деҳаашонро маҳкам, 300 метр роҳро сангфарш ва роҳҳои байни деҳаро чароғон карданд.
Корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди деҳоти мазкур ҳанӯз ҳам бомаром идома доранд. Аз ҷумла, аз ҷониби шарикони рушд дар деҳаҳои Қалъаи Шайх ва Ниширён бинои бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуда истодааст. Дар деҳаи Бедак низ сохтмони боғчаи кӯдакона оғоз гардидааст.
Аҳолии деҳаи Кочон аз ҳисоби худ барои 700 хоҷагӣ хатти оби нӯшиданӣ кашида, байни худ тақсим карданд. Ба ин васила мушкилоте, ки мардум аз норасоии об дошт, ҳалли худро ёфт.
- Соли 2022 нақшаҳо ҷиҳати корҳои ободонӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навдӣ зиёданд, - гуфт раиси ҷамоат ва афзуд, ки сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Навдӣ ва идомаи таъмири роҳҳои дохилии байни деҳаҳо аз қабили корҳоеанд, ки дар сархати нақшаи корҳои ободонӣ қарор доранд.
- Бовар дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва азму талошҳои сокинони меҳнатқарини деҳот мушкилоти соҳаҳои иқтисодии заҳматкашони мо бартараф ва дастовардҳо боз ҳам назаррас мегарданд, - гуфт дар хотимаи суҳбат мусоҳиби мо.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2022    №: 32    Мутолиа карданд: 417
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед