logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
БОЗ ЯК "ЗАМИНФУРӮШ"-РО  БА ТОЛОРИ СУД БУРД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Темур Мустафоқулов, муовини раиси кумитаи замини ноҳияи Деваштич, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, чанде қабл кормандони агентӣ Темур Мустафоқуловро ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 7000 сомонӣ барои ба номи бародараш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дастгир намуданд. Ин дар ҳолест, ки айбдоршаванда то замони дастгир шуданаш барои ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрванд «А» пешакӣ, дар маҷмуъ, 16000 сомонии дигар гирифтааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ менамояд.
 
 
 
ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
МАСТОНИ МАРДУМОЗОР 10- ШАБОНАРӮЗӢ ҲАБС ШУДАНД
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе ду сокини пойтахтро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намуданд, ки нисбат ба онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Ҳошимшо Боев, истиқоматкунандаи кӯчаи Қаротегин ва Хуршед Бердиев, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷалол Икромии пойтахт, ҳангоми мастӣ дар ҳудуди шаҳр тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, боиси озори шаҳрвандон гардидаанд.
Вобаста ба ин ҳолат, бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд нисбат ба онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.
 
 
 
МИЛИТСИЯ
ДОНИШҶӮЙИ КОРДБАДАСТРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИД
Ҳабибулло Одинаев, донишҷӯйи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, зимни баргузории амалиёти «Корд» ба дасти кормандони милитсия афтод.
Тавре РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, зимни амалиёт аз ин донишҷӯй як адад корд дарёфту мусодира гардида, нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар натиҷа, донишҷӯйи кордбадаст бо қарори суд 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2022    №: 32    Мутолиа карданд: 3555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед