logo

иқтисод

БМТ. ДИГАРГУНСОЗИИ НИҲОДӢ ДАР САМТИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ

 
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ва бедор кардани завқу шавқи онҳо ба донишандӯзӣ, қавӣ гардондани қобилияти навҷӯӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои беш аз 400 нафар донишҷӯ, унвонҷӯ ва муаллимони ҷавон, ҳайати профессорон ва устодони Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия бо истифода аз шаклу усулҳои фаъоли таҳлилу баррасӣ рӯнаморо таҳти унвони “Дигаргунсозии ниҳодӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” манзур гардонд. 
Дар ифтитоҳи вохӯрӣ - семинари амалӣ ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Тоҳир Хоҷазода рӯнамои мазкурро барои унвонҷӯён ва донишҷӯён бо такя ба назария ва амалияи низоми бонкӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард, зеро ҷорӣ намудани усулҳои нави пешниҳоди навгониҳои илмӣ бо истифода аз технологияҳои муосир аз ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад. 
Ҷамолиддин Нуралиев аз иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия истиқбол карда, ҳадафи вохӯриро барои афзун гардондани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир арзишманд номид. Зикр гашт, ки рӯнамоии мазкур аз 88 слайд иборат буда, бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шудааст ва давраи 11 соли охирро бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо фаро мегирад. 
Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, тақсимоти самараноки захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмуъ, бе рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум таъсири мусбат расондааст, ибрози назар намуда, аз таҳия ва татбиқи стратегияи сиёсати монетарӣ бо истифодаи самараноки фишангҳои нави монетарӣ, мукаммал гардондани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ, гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои омори байналмилалӣ, ҷорӣ кардани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, раванди таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва роҳандозӣ гардидани ислоҳоти дигари таъсирбахш шарҳу тавзеҳ дод. Татбиқи як қатор  ислоҳоти самараноки таъсирбахш имкон фароҳам оварданд, ки сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинигашта нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад. 
Татбиқи ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат” боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид. Дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ, нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарордошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад. 
Қисми дигари рӯнамо ба ислоҳоти институтсионалии муҳим, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ, бахшида шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, ба таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст. Таъкид гашт, ки бо фаъол шудани ММПИМ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар бамаротиб коҳиш ёфтанд. Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 миллион (дар маҷмуъ, 3,5 миллион) ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд. 
Ҷамолиддин Нуралиев рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизмҳои зарурӣ, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон баҳри  пешгирии хавфҳои СОVID-19, ислоҳоти институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистонро дар солҳои 2015 - 2021 дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир муфассал шарҳ дод.
 Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба идомаи сиёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ бо татбиқи реҷаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор бо реҷаи нисбатан озод шинокунанда, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ ва таҳкими эътимод ба низоми бонкиро таъкид намуд. 
Иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои таваррум ва дурнамои он, аз рӯйи нишондиҳандаҳо муқаррар намудани меъёри бозтамвил, пешгирии хавфҳои низоми бонкӣ вобаста ба омилҳои берунӣ, назорати бонкӣ ва меъёрҳои мақбул, эмиссияи пул, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва қарзҳои ипотекӣ, тадбирҳои БМТ барои муътадил нигоҳ доштани қурб, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва амсоли инҳо пурсон шуда, ҳар яки онҳо ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2022    №: 32    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед