logo

Хабарҳо

БАЙДЕН БО ИДЕЯИ ПУТИН ДАР БОРАИ ҲАЛЛИ ДИПЛОМАТИИ ВАЗЪИ УКРАИНА РОЗӢ ШУД

 
Lenta.ru. Ҷо Байден,  Президенти ИМА, бо пешниҳодҳои Президенти Россия Владимир Путин  дар бораи пайравӣ аз роҳи дипломатӣ дар авзоъ перомуни Украина розӣ шуд.  
Ба гуфтаи ӯ, ИМА ва Россия бояд дар баробари шарикон ва муттаҳидони аврупоӣ дар роҳи ҳалли дипломатии вазъ кор кунанд.
"Дирӯз Ҳукумати Россия ошкоро пешниҳод кард, ки дипломатияро идома диҳад. Ман розӣ, мо бояд аз ҳар фурсати дипломатӣ истифода барем", - гуфт Байден. 
Киев ва кишварҳои ғарбӣ ахиран аз афзоиши эҳтимолии "амалиёти таҳоҷумӣ"-и Россия дар наздикии марзҳои Украина изҳори нигаронӣ карданд. Маскав борҳо ин гуна иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, ки ба касе таҳдид намекунад, қасди ҳамла ба кишваре надорад ва иддаои «ҳамлаи Россия»  баҳона барои ҷойгир кардани таҷҳизоти низомии бештари НАТО дар наздикии марзҳои Россия мебошад.
 
 
ПУТИН БО ШОЛС МУЛОҚОТ КАРД
Вести.ру. Президенти Россия Владимир Путин зимни музокироти чандсоата дар Кремл бо Канслери нави Олмон Олаф Шолс, ки баъди интихоб шуданаш ба ин мансаб, бори аввал ба кишвари Россия омадааст, мавқеи Маскавро хеле равшан баён кард. Ӯ гуфт, ки Россия хостори ҷанг нест, исрор медорад, ки  мушкили амнияти  Аврупо худи ҳозир ҳал карда шавад ва намегузорад, ки ин масъала кашол ёбад. Президент ёдовар шуд, ки маҳз НАТО дар Югославия ҷангро оғоз кард - бори аввал дар Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳодисаҳои дар Украина рухдодаро наслкушӣ ва табъизи қонунӣ нисбат ба онҳое, ки забони русиро медонанд, номид.
Президенти ФР ва Раҳбари  Ҳукумати  Олмон қариб чор соат суҳбат карданд. Дар ин муддат журналистони немис қарор доданд, ки аз саволи дӯстдоштаи худ — "Ҷанг дар Аврупо кай сар мешавад?", даст кашанд.
 
 
ХАЗИНАИ «МАРДУМИ ҚАЗОҚИСТОН» ҚАРИБ 275 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҶАМЪ ОВАРД
Мир24. Қазоқистониён ба хазинаи «Мардуми Қазоқистон» наздик ба 275 миллион доллари ИМА хайрия кардаанд. Бо дастури  Сарвари давлат тоҷирон саҳми худро дар ин кори хайр мегузоранд. Шаҳрвандони одӣ низ бетараф нестанд.
Маблағҳо барои ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ, маориф ва дастгирии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакони гирифтори бемориҳои вазнин ва нодир, оилаҳое, ки даромадашон аз меъёрҳои ҳадди ақал кам аст, шароити бади зиндагӣ доранд, истифода мешаванд. Фонд, инчунин, ба таъмини дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои одамоне, ки имконияташон аз рӯйи даромад ва ҳолатҳои дигар маҳдуд аст, мусоидат мекунад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед