logo

порлумон

ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО.ФАЗОИ ҲУҚУҚӢ ПУРРА МЕГАРДАД

Бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бартараф намудани норасоии мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро, инчунин, мутобиқ кардани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба Кодекси мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардид. 
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон Барно Сайидвализода, сардори Хадамоти иҷро, гуфт, ки яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи истеҳсолоти иҷро ин пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории кишвар дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад. Меъёри моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгариро танҳо барои иҷро накардани қарори суд ва иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочӣ оид ба иҷрои қарори суд пешбинӣ намудааст. Ҳол он ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари иҷрои санадҳои судӣ, инчунин, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро низ таъмин менамояд. 
- Бинобар ин, дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагаштани ваколати татбиқи чораи таъсиррасонӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ваколати иҷрочии мақомоти иҷро бо гирифтани уҳдадорӣ оид ба саркашӣ накардан аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро маҳдуд мегардад. Қарздор бошад, аз ин фазои холии ҳуқуқӣ истифода бурда, метавонад бе мамоният ҷойи зисти худро иваз ё ҳудуди ҷумҳуриро тарк намояд. Дар натиҷа, санади судӣ бе иҷро монда, манфиати қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ халалдор мегардад. Аз ин рӯ, тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ду моддаи нав - 5275 (иҷрои санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор) ва 5301 (иҷрои санадҳои судӣ) ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова гашта, аз моддаи 530 калимаҳои «инчунин, иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд» хориҷ карда шуданд, - гуфт сардори Хадамоти иҷро.  
Бояд гуфт, ки моддаи 5301 ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва талаботи иҷрочӣ ҳангоми гузарондани амалҳо бо истеҳсолоти иҷрои маҷбурии оғозгардида, пешбинӣ менамояд. 
Тавре Барно Сайидвализода пас аз ҷаласаи парлумон ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, бар асоси тағйиру иловаҳо барои риоя накардани талаботи моддаҳои мазкур андозаи ҷарима барои шахсони воқеӣ аз панҷ то даҳ нишондиҳанда, шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.  
Инчунин, вакилон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонданд, ки барои пурра гардондани фазои ҳуқуқии мақомоти иҷро мусоидат менамояд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2022    №: 33    Мутолиа карданд: 4375
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед