иқтисод
ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛӢ. АЗ НООГОҲИИ ХАРИДОР ТО НАЙРАНГҲОИ ПАСИПАРДАГИИ МАРКАЗҲОИ САВДО
Дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, инчунин, зиёд шудани аҳолӣ дар ҷаҳон, дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмарра гардидааст. Имрӯзҳо, баъзан, мушоҳида мекунем, ки дар бозорҳо ва мағозаҳои калони ҷумҳурӣ молҳои пастсифат ва гоҳе муҳлати истифодаашон гузашта барои истеъмол пешниҳод мегарданд ва ин дар ҳолест, ки аз 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад.
Тибқи иттилои Агентии “Тоҷикстан-дарт”, дар даҳ моҳи соли 2021 ҳангоми санҷишҳо аз ҷониби нозирони савдои Агентӣ дар кишвар ба миқдори 7568 адад навъи маҳсулот ташхис гардид ва 2253 адади он ғайристандартӣ ва муҳлати истифодааш гузашта дониста шуд.
Дар иртибот ба ин масъала, Парвиз Муҳибов, сардори нозироти савдои Агентии “Тоҷикстандарт” гуфт, ки ин маҳсулот, асосан, қаннодӣ, гӯштӣ, равған, тухм, намаки ошӣ, орд ва нонӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, спиртӣ, чой, қаҳва, ширӣ, шакар, консерва, хӯриш, меваю моҳӣ мебошанд ва дар умум, 329062 килограммро ташкил дода, 161601 килограммаш аз рӯйи тамғагузорӣ ба қайд гирифта шудааст.
- Бояд ёдовар шавем, ки на ҳамаи истеъмолгарон дар кишвари мо то ҳол ҳуқуқҳои худро медонанд ва ин дар бештари вақт сабаби фиреб хӯрданашон аз ҷониби бархе фурӯшандагон мегардад. Сабаби аввал агар надонистани ҳуқуқҳои худ бошад, дуввум бепарвоии мардум аст, ки гоҳе аз баҳри молу маҳсулот мегузаранд, вале даъво ва ҷуброни зарари расидаро аз истеҳсолгар талаб намекунанд, - афзуд Парвиз Муҳибов.
Шаҳрванд (истеъмолгар) Маҳбуба Одинаева чунин мегӯяд: «Ин гуна ҳолатҳо, яъне хариди маҳсулоти пастсифат ва ё муҳлатгузашта дар ҳаёти рӯзмарраамон бисёр рух медиҳад. Муҳлати истифодаи маҳсулотро дида мехарем, вале ҳангоми истифода онро вайроншуда ва ё корношоям дармеёбем. Гоҳе бо фурӯшандаҳо барои исботи назари худ баҳс мекунем, вале он ҳам натиҷа намедиҳад. Аз суҳбат бо ин шаҳрванд маълум гашт, ки дар бархе маврид фурӯшандаҳо барои "насӯхтан"-и худ, муҳлати истифодаи молу маҳсулоташонро ғайриқонунӣ дароз мекунанд ва ба қавле «умри дубора» мебахшанду пешкаши харидорон мегардонанд. Ин мафҳуми онро дорад, ки баъзе аз тоҷирони мо аз фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта даст намекашанд. Барои ин қабил савдогарони судхӯр аз саломатии истеъмолгар дида, гирифтани фоида муҳимтар аст.
Маъруф Саъдоншоев, соҳибкор ва ҳам истеъмолгар аз фиреби бархе истеҳсолгарон шикоят кард. Ӯ борҳо аз марказҳои савдои махсус ба таври чакана маҳсулоти хӯрокворӣ харида, дар мағозаи худ ба фурӯш мегузорад ва баъди огоҳӣ ёфтан аз сифати пасту муҳлати истифодаашон гузашта, онҳоро ба нуқтаи харидкардааш баргардонда, зарари дидаашро ҷуброн менамояд.
Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" нуқсони ошкоргардидаи маҳсулотро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда, (фурӯшанда) - ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо муҳлати дигари бартараф намудани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад.
Мастон Шарипов, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бозори деҳқон" чунин мегӯяд, "Бозори деҳқон" тибқи оиннома фаъолият намуда, 52 номгӯйи маҳсулотро ба шаҳрвандон пешниҳод менамояд, ки 46 номгӯ маҳсулоти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонии ватанӣ мебошанд. КВД "Бозори деҳқон" барои назорат ва ворид намудани маҳсулоти хуб ва бо нархи дастрас дар ҳудуди бозор фурӯхтан назорати ҷиддиро ба роҳ мондааст. Ашхоси назораткунанда бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд ва маҳсулоти воридшударо ҳамарӯза баъди аз санҷиш ба савдо иҷозат медиҳанд. Инчунин, дар ҳудуди бозор духтури санитарӣ низ фаъолият менамояд, ки вазифааш назорати сифати маҳсулоти воридшаванда, махсусан маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мебошад. Ба ҷуз ин, дар бозор назоратчиёни минтақавӣ низ ҳастанд, ки тамоми воридот ва назорат, муносибати савдогар бо харидор, таъмини маҳсулот ва тозаю озода нигоҳ доштани минтақаи вобастабуда, пӯшидани либоси ягона, гузоштани нархномаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳанд. Дар ҳудуди бозор тайёр намудани маҳсулоти хонагӣ ва фурӯши онҳо пурра манъ шудааст, инчунин, таҳти назорати ҷиддии маъмурияти бозор қарор доранд. Бояд тазаккур дод, ки дар бозор пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, инчунин, имзои ҳамаи фурӯшандаҳоро ҷиҳати ба бозор ворид накардани маҳсулоти муҳлаташон гузашта дар даст дорем. Ҳар сари чанд вақт рейдҳо мегузаронем ва ҳангоми ҷой доштани ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби маъмурият чораҳои зарурӣ, аз манъ кардани фаъолияти соҳибкор то қатъ кардани шартномаи соҳибкорӣ анҷом дода мешавад.
Бар пояи иттилои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, давоми соли гузашта аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии кишвар 1 100 768 ташхис гузаронда шуда, 42 774,4 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 16 599,7 килограмм маҳсулоти ширӣ, 1 795,7 литр равғани рустанӣ, 25 714 дона тухм, 852,9 килограмм моҳӣ, 602,6 килограмм асал, 4 344,3 килограмм маҳсулотҳои намакин, 7 474,2 маҳсулоти хушк, 144 035,6 килограмм меваю сабзавот ва 29 942,4 маҳсулоти полизӣ ҳамчун, маҳсулоти бесифату ба саломатӣ хавфнок муайян ва мусодираву нобуд шудаанд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.02.2022 №: 33 Мутолиа карданд: 1030