logo

Хабарҳо

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. БАРРАСИИ МАВЗУЪ ТАВСЕА МЕЁБАД

 
Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллӣ дар мавзуи «Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо» ҳамоиши илмӣ баргузор намуд. 
- Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ дода, тадбирҳои назаррас андешида истодаанд, - гуфт Абдулҳамид Қаюмов, директори  Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ. 
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати кӯҳсор буда, макони яхбандиҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои хурду бузург 6 дарсади  ҳудуди кишварро ташкил намуда, манбаи асосии дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ – Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, вазъи пиряхҳои мамлакат ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор доранд. Маҳз натиҷаи ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат доир ба  масъалаи обшавии пиряхҳо буд, ки имрӯз дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис ёфтааст. Марказ дар кори омӯзиш ва муайянсозии вазъи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030 барои мониторинг ва омӯзиши доимии пиряхҳо таҳия шудааст. Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаъҳои муҳими обии минтақа қарор дорад, кишвари танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошад. 
 
Лола РИЗОӢ
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед