logo

Хабарҳо

ДАЪВАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ СММ БАРОИ БУНЁДИ «КАМАРБАНДИ АМНИЯТӢ»

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ дар мавзуи “Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар дастгирии сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкориҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ” сухан ронд.
Ҷонибек Ҳикмат аз афзоиши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллии аз Афғонистон зуҳуркунанда изҳори нигаронӣ намуд.
Дар робита ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон намояндаи доимӣ аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ёдовар шуда, барои татбиқи он ҷалби СММ ва дигар созмонҳои байналмилалиро мувофиқ донист.
 
 
НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ  ХОСТОРИ ЁРӢ БА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН ШУД
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона, дидор ва мулоқот орост, - менависад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстона (OCHA) қарор гирифт. Ҷонибҳо, инчунин, дар хусуси вазъи башардӯстона дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати расондани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон, ки дучори буҳрони мудҳиши иҷтимоӣ гардидаанд, таъкид карданд.
 
 
 
ЧОР САНАДИ НАВИ ҲАМКОРӢ
Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода чор санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳоро муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода ва муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э. Муҳиддинов имзо карданд. Санадҳои баимзорасида барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
 
 
 
САФИРИ ТОҶИКИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ОЛМОН ЭЪТИМОДНОМА СУПУРД
Дар қасри Белвю сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер эътимодномаи худро супурд. 
Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Олмон расонд.
Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии Президенти Олмон бо сафири навтаъини Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин, маҷмуи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
 
 
 
МУЛОҚОТИ РУСТАМ НАЗАРЗОДА БО ЛЕННИ МОНТИЕЛ
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни мулоқот бо намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел, аз ҷумла масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони кумита, расондани кумакҳои фанниро баррасӣ карданд. 
Инчунин, онҳо нақшаҳои чорабиниҳои муштараки огоҳсозии барвақти аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи созишномаҳои имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
 
“ВАТАНПАРВАР”.  ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАРБӢ – ВАРЗИШӢ
Ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Суғд байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ - варзишии “Ватанпарвар” ҷараён дорад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, даври минтақавии озмун дар асоси фармоиши раёсати маорифи вилоят ва бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд сурат гирифт. То имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Айнӣ ва Зафаробод бо иштироки дастаҳо аз 18 шаҳру ноҳияҳо даври минтақавӣ ҷамъбаст гардида, 8 дастаи беҳтарин ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт, ки 21 феврал дар маркази омӯзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят оғоз меёбад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед