иқтисод
ЭНЕРГЕТИКА. СОҲАИ ТАҲКИМБАХШИ ИҚТИСОДИЁТ
Рушди энергетика барои афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанисозии Буҷети давлатӣ, нигоҳдории қурби пули миллӣ ва, дар маҷмуъ, ҷиҳати ривоҷу равнақи устувори иқтисодиёти мамлакат нақши бузург мебозад. Ҳамин аст, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълом дошт. Дар ин самт тайи ин солҳо ба маблағи 41 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, тули ин муддат тамоми манотиқи кишвар ба низоми ягонаи энергетикӣ пайваст гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Дар баробари ин, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло бунёди НБО «Роғун» идома дорад. Баъди пурра ба истифода додани ин иншооти азими аср, Тоҷикистон на танҳо ба амнияти энергетикӣ даст меёбад, балки метавонад иқтидори содиротии худро бамаротиб биафзояд.
Қобили зикр аст, ки сохтмони неругоҳи мазкур чун ҷабҳаи кору пайкор барои насли имрӯзи соҳаи энергетика, воқеан ба як мактаби бузурги касбомӯзӣ ва афзудани маҳорату малакаи тахассусӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо бинокорон таҷриба андохта, дар оянда метавонанд боз дар сохтмони чунин иншооти бузургу тақдирсози соҳа фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, ба хотири ривоҷ бахшидани иқтидори энергетикии кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дигар тадбирҳои муассир андешида шуданд. Аз ҷумла, дар ин ҷода бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ неругоҳҳои барқи обии « Сангтӯда – 1» бо иқтидори солонаи 2,5 миллиард киловатт-соат (сармоягузории Россия) ва «Сангтӯда – 2» 665 миллион киловатт- соат (дастгирии молиявии Эрон) бунёд гаштанд.
Дар заминаи амалӣ шудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар ва идома ёфтани чунин тадбирандешиҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт масъалаи норасоии неруи барқ солҳои наздик пурра ҳалли худро меёбад. Ҳамзамон, содироти энергияи барқи обӣ ба кишварҳои минтақа афзунтар мегардад, зеро тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, то соли 2030 талабот ба захираҳои энергетикӣ нисбат ба соли 2006 тақрибан 50 дарсад меафзояд.
Дар маҷмуъ, ривоҷи минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо истеҳсоли неруи барқ дар НБО "Роғун" ва бунёди чанд неругоҳҳои банақшагирифтаи мамлакат рабт дорад. Аз ин рӯ, ин иншоотҳоро ҳамчун иншооти бузурги аср ва аҳамияти муҳими стратегидошта эътироф кардан зарур аст.
Бегмурод ХОЛМУРОДОВ,
корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2022 №: 35 Мутолиа карданд: 1044