logo

Хабарҳо

Розигии Путин ва Байден барои баргузории як нишаст вобаста ба масоили амниятӣ

ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти ИМА Ҷо Байден пешниҳоди Роҳбари Фаронса Эммануэл Мак-ронро дар бораи баргузории нишаст оид ба масъалаҳои амният ва суботи стратегӣ пазируфтанд.
Саволҳои марбут ба ин ҳамоишро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия ва Энтони Блинкен, Котиби давлатии  ИМА, 24 феврал омода мекунанд.
Чунин мулоқот танҳо ба шарте баргузор мешавад, ки Россия ба Украина ҳамла накунад.
Рӯзи якшанбе Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо Роҳбари  Россия Владимир Путин, ҳамчунин, Президенти ИМА Ҷо Байден, Президенти Украина Владимир Зеленский,  Канслери Олмон Олаф Шолс ва Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
 
 
Дар Беларус 10 ҳамоҳангсози халалдор кардани раъйпурсӣ боздошт шуд
INTERFAX.RU. Сергей Кабакович, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишот, дар шабакаи телевизионии ONT гуфт, ки айни замон ҳудуди 10 ҳамоҳангсоз ва иҷрокунандаи халалдор кардани раъйпурсӣ аз манотиқи гуногуни кишвар боздошт шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. 
Вай тавзеҳ дод, ки ба Кумитаи тафтишотии Беларус аз Кумитаи амнияти давлатӣ дар бораи содир кардани кирдорҳои ифротгароёна, ки дар кӯшиши расондани таъсири ғайриқонунӣ ба аъзои комиссияҳои интихоботӣ ифода шудааст, мавод ворид гардидааст.  
«Ба маводҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар робита ба ин ҳодиса, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст», - гуфт Кабакович.
Қаблан Кумитаи амнияти давлатии Беларус аз ифшои гурӯҳи афроде хабар дода буд, ки қасд доштанд баргузории раъйпурсӣ дар ин кишварро халалдор кунанд. Ба гуфтаи ин идора, онҳо аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешуданд.
 
 
Фаронса тақозоҳои Россия дар бораи густариши НАТО-ро одилона номид
Gazeta.ru. Вакили Парлумони Аврупо ва раиси ҳизби «Иттиҳоди миллӣ» - и Фаронса Ҷордан Барделла гуфт, ки талабҳои Россия дар бораи  тавсеа надодани НАТО ба Шарқ одилона аст.  
Ба гуфтаи ӯ, соли 1991 миёни Амрико ва Михаил Горбачёв, Президенти Иттиҳоди Шуравӣ, созишномаи шифоҳӣ баста шуда буд, ки иттифоқро ба самти шарқ густариш надиҳад. Вай зикр кард, ки ин созишнома риоя намегардад ва ИМА бо мантиқи «ҷанги сард» ба марзҳои Россия наздик мешавад.
Барделла гуфт, ки ҷанг бо Россия ва Амрико ғайриимкон аст, аммо мо бояд бархӯрди мутавозинро ҷустуҷӯ кунем ва ба коҳиши шиддати вазъ дар атрофи Украина ноил шавем.
 
 
Ҷонсон ва Макрон дар бораи зарурати иҷрои созишномаҳои Минск ба мувофиқа расиданд
Lenta.ru. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи вазъи атрофи Украина гуфтугӯ карданд. Тибқи изҳороти ҷониби Британияи Кабир, раҳбарони ду кишвар бар зарурати риояи комили тавофуқоти Минск аз ҷониби Россия ва Украина ба мувофиқа расиданд.
Ҷонсон, ҳамчунин, ба Макрон гуфтааст, ки «уҳдадориҳо»- и  Президенти Россия Владимир Путин барои баргардондани неруҳо аз Беларус пас аз машқҳои низомӣ нишонаи омодагии Роҳбари Россия барои ҳалли дипломатии буҳрон аст.  
Ба навиштаи расонаҳои фаронсавӣ, Путин дар суҳбати телефонӣ бо Макрон, ки 20 феврал сурат гирифт ва тақрибан ду соат идома дошт, пас аз анҷоми тамринҳо нияти хуруҷи неруҳо аз Беларусро тасдиқ кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед