logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ШИНОС ШУД

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъати корҳои соҳилбандӣ ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод. 
Аз ҷумла, Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти сохтмони маҷмааи варзиш ва дигар иншооти бунёдшаванда дидан намуда, барои тезондани бунёди иншоот ва босифат ба анҷом расондан маслиҳатҳои муфид дод.
Қоҳир Расулзода, инчунин, аз рафти сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида, он дар деҳаи Сари роҳи Ҷамоати шаҳраки Балх ҷойгир аст. Бино ба тариқи ҳашар аз тарафи аъзои ҳизб, бо кумаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, хоҷагиҳои кишоварзӣ сохта шуда истодааст. Тибқи нақша бино моҳи марти соли равон ба истифода дода мешавад. 
Инчунин, Сарвазири мамлакат дар маркази ноҳия аз рафти сохтмони бинои маъмурии прокуратура дидан кард. Сохтмони иншооти мазкур соли 2018 оғоз ёфта, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар бинои асосӣ ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм меҳмонхона ва хобгоҳ барои кормандон сохта шудаанд. Айни замон корҳои пардозгарӣ, рангубор ва ободонии гирду атрофи бино боқӣ мондаанд.
Дар ҷараёни сафар, ҳамчунин, Қоҳир Расулзода бо раванди бунёдкориҳо дар бозори замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ шинос гашт. Иншоот аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори ватанӣ бо ҷалби 120 коргари маҳаллӣ бунёд мегардад. Он дар масоҳати 4 гектар сохта шуда, бинои асосӣ аз ду ошёна ва 50 нуқтаи савдо иборат аст. Дар саҳни бозор 9 соябони савдо ва 3 таваққуфгоҳи нақлиёт ҷой дода шудааст. Харҷи сохтмони иншоот 21 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 800 ҷойи кори нави доимӣ таъсис меёбад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ  БИНОИ ТАВАЛЛУДХОНА
Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии № 6 -и ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои мазкур бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятӣ – хайриявии «Тоҷикистон» аз ҷониби ҶДММ «Масъудиён» сохта шуда, аз 1 ошёна ва 10 ҳуҷра иборат аст. 
То ин муддат дар назди беморхонаи минтақавӣ шуъбаи таваллудхона мавҷуд набуд ва аҳолии деҳот барои гузаштан аз ташхис ба маркази ноҳия масофаи зиёда аз 10 километрро тай менамуд. Бунёди ин бинои замонавӣ фаъолияти табибони ноҳияро боз ҳам тақвият бахшида, туҳфаи арзанда дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба шумор меравад. 
Сарвазири мамлакат аз табибон даъват ба амал овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ хуб намоянд ва бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории коронавирус байни аҳолӣ бештар корбарӣ кунанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ, Сарвазири мамлакат дар маъракаи бунёди токзор дар хоҷагии деҳқонӣ-фермерии «Бибиузбакбӣ» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон ширкат варзид. Токзори мазкур дар майдони 150 гектар бунёд гашта, дар он 10 намуд ангури хуштаъм шинонда мешавад. То имрӯз тибқи иттилои масъулон дар ин токзор беш аз 83 ҳазор бех токи ангур шинонда шудааст. Аксарияти токзорро навъи ангури шоҳона, карбинал, ҳусайнии сафед ва сиёҳ ташкил медиҳад. 
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ  ВА ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ  ТАЪЛИМӢ
Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Хуросонро ифтитоҳ бахшид. Бинои таълимӣ аз 8 синфхонаи иловагӣ иборат буда, бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятӣ - хайриявии «Тавҳид» аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаҳои меросӣ» бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҳақиқати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон ҷойгир буда, дар он 390 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Бинои муассиса аз 1 ошёна иборат буда, бо шароити муосир таъмин аст. Маблағи умумии лоиҳаи бино 800 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Маъмурияти муассиса ҳадаф дорад сарсабзии атрофи онро таъмин намояд.
 
Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 477
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед