logo

Хабарҳо

ҶОМЕА. ҲАМОИШИ МУҲИМ БАРОИ ҲИФЗИ ТАНДУРУСТӢ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи расмии Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид. Дар он дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи стратегияи мазкур ва саҳми шарикон оид ба рушд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ҳамчунин, дар ҳамоиш мавод ва таҷҳизоти тиббии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки дар стратегияи мазкур омадааст: “Таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснок шуда, ҳифзи солимии модару кӯдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон, таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нӯшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда шавад”.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдулфаттоҳзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, ҳамоҳангсози рушди СММ дар Тоҷикистон Сизен Синаноглу, намояндаи Иттиҳоди Аврупо Марк Бухман ва намояндагони сохторҳои дахлдори мамлакат иштирок ва маъруза намуданд.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2021 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии мамлакат бо назардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат бо мақсади иҷрои супоришҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои муайянро ба анҷом расонд.
Гуфта шуд, ки дар самти пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, пурзӯр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам омад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони СҶТ ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои вобаста ба он посухҳои мушаххас гирифтанд.
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 513
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед