logo

Хабарҳо

ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ. ОШИ ОШТӢ ДАР САРҲАДИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон дар хати ҳаммарзи ду кишвар мулоқоти дӯстонаи фаъолон ва нафарони рӯзгордидаи ҳар ду ҷониб - Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Арқаи  ноҳияи  Лайлак баргузор шуд, ки бешубҳа, шуълаи умедест ҷиҳати эҳёи дӯстиву рафоқат, додугирифти ҳамсоягӣ ва рафтуомад миёни ду халқи аз қадим дӯсту ҳамсоя баъди низоъҳои сарҳадӣ. 
Сари як дастархони муштарак, ки ҳар ду ҷониб оростанд, пирони рӯзгордидаи тоҷику қирғиз оид ба барқарорсозии рафтуомади ҳамдигар, ҳамсоягиву ҳамкорӣ сухан гуфтаву ба ҳарфи ҳамдигар бо таваҷҷуҳ гӯш карданд. Таъкид шуд, ки дӯстии ин ду халқ аз давраҳои қадим маншаъ гирифта, садсолаҳо таҳким ёфтаву аз имтиҳонҳои сангини таърихӣ гузаштааст ва ҳеҷ як низои сарҳадӣ ва баъзе нофаҳмиҳо набояд ба таърихи ғании садсолаҳо бархӯрдори ду миллат хати батлон кашад.    
Намояндагони ҳар ду ҷониб ба таъкид изҳор доштанд, ки гурӯҳи кории ду ҷониб фаъолияташонро бо самар идома диҳанду ба бозкушоии марз ба ҳар ду тараф мусоидат кунанд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ва раиси ноҳияи Лайлак Алмазбек Раҳмонқулов назди ҳозирин сухан гуфта, баргузории чунин мулоқотро аз беҳтарин дипломатияи халқӣ унвон карда, идомабахшии онро фоли нек дар муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи ду халқи ҳамсоя арзёбӣ доштанд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед