logo

Хабарҳо

Ширкати варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё

БОКС 
Ширкати варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё
27 феврал – 15 марти соли ҷорӣ дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон доир мегардад. Дар мусобиқот варзишгарони соли таваллудашон 2004 – 2005 (миёни ҷавонон) ва боксёрони соли таваллудашон 2006 – 2007 ҳуқуқи ширкат миёни наврасонро доранд.
Бар пояи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, кишвари моро 27 варзишгар: Меъроҷ Зоидов, Асламҷон Қурбонов, Бузургмеҳр Иксанов, Абубакр Муродов, Абдураҳим Ёқубов, Саддам Давлатов, Анӯшервон Ақназаров, Юсуф Фозилов, Нурланбек Ерматов, Диёр Султонов, Акмалҷон Абдувалиев, Парвиз Ахмедов, Фариза Ёқубова, Насиба Шарифзода, Бибиҷон Музаффарова, Бибинишастамо Холова (миёни ҷавонон) Анӯшервон Фозилов, Меъроҷ Суфиҷонов, Ҷаъфар Ҳакимов, Дамир Муибалихонов, Руслан Ғафуров, Рустамҷон Ашуров, Усмоншайх Усмонов, Мирзобахтиёрхон Атоев, Аъзам Фозилов, Фирӯз Раҷабов ва Ҳангома Исоева (байни наврасон) намояндагӣ мекунанд.
Боксёронро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.
 
ТЕННИС
Медведев дар бораи ракеткаи нави якуми чаҳон шудан чӣ гуфт?
Даниил Медведев, теннисбози рус, гуфтааст, ки вай метавонад дар ҳафтаи охири моҳи феврал аз Новак Ҷокович пеш гузашта, ракеткаи якуми ҷаҳон шавад. Агар ин тавр шавад, аз соли 2006 инҷониб аввалин бор ба ҷуз аз Ҷокович, Роҷер Федерер, Рафаэл Надал ва Энди Маррей дигар нафар пешсафи рейтинг мешавад.
- Шумо ҳеҷ гоҳ намедонед, ки пас аз панҷ сол, шояд ду сол ё чанд ҳафта чи мешавад. Дар тули 16 сол ин чор бозигар хати аввалро ишғол кардаанд, аммо рӯзе ин вазъият дигар мегардад. Ва, албатта, ҳама мехоҳанд, ки аввалин бошанд ва то ҳадди имкон дар он ҷо бимонанд. Ман худро ҳамчун пешгом ҳис намекунам, аммо хеле хуб аст, ки якум шуда, баъзе марҳалаҳоро паси сар кунам, - зикр кардааст теннисбоз дар мусоҳиба бо ТВ «Теннис».
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 514
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед