logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ПАРЛАМЕНТИ АВРУПО

22 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҷонибҳо, баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хоссаи Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни рушду тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо нақши парламентҳоро дар рушду тавсеаи муносибот муҳим арзёбӣ карда, аз саҳми назарраси Комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон - Иттиҳоди Аврупо дар раванди тақвияти ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо ёдовар шуданд.
Сарвари давлат дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар давраи авҷи пандемия қадр карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи амниятро баррасӣ карда, оид ба истифодаи имконоти васеи ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ табодули андеша намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” аҳамияти хосса зоҳир карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ баррасӣ гардида, идомаи шарикии ҷонибҳо дар чорчӯбаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед