logo

сиёсат

ВАТАНДОРӢ ШАРАФИ ИНСОН АСТ

Ватан имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекуниву ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоваранд. Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст. Дар ин асри дастзӯриҳову абарқудратиҳо аввалан ваҳдату ягонагӣ, сипас неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти ӯст. Имрӯз қалъаи амният, сутун ва мутаккои рӯзгор, кафолати ҳастии ҳар миллат, бидуни шубҳа, дар қатори омилҳои дигар Артиши миллӣ аст.
Артиши миллии мо зодаи замони истиқлолият мебошад ва ин масъулияти онро бештар мегардонад. Зеро артиши Тоҷикистони навбунёд дар замони эҳёи навини кишвару халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддун дар баробари эҳёи кишвар ва пайгирии армонҳои миллӣ масъулиятҳои баланди миллӣ ва таърихиро низ бар дӯш гирифт. Аз ин рӯст, ки бо дарки ин масъулият ҳамасола барои рушди ин соҳаи бениҳоят муҳим, ки такягоҳи боэътмоди сулҳу осоиш ва кафолати амнияти миллии мо мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро эҳсос мекунем. 
Низоъҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандии аз ҷониби бегонагон таҳмилшуда мардуми тоҷикро бо имтиҳони гароне рӯ ба рӯ оварда, ҳушдоре дар оғози Истиқлолияти давлатиямон дода буданд. Дар даврони ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ миллати хайрхоҳу некӯманиш ва кишвари куҳанбунёди мо дар вартаҳои нестиву фалокат қарор ёфта буданд, ки танҳо тавассути Ваҳдати миллӣ, хиради зотии халқамон ва раҳнамоии фарзандони шуҷои он тавонист раҳо ёбанд. Ин нахус-тин имтиҳон дар роҳи ватандориву давлатдории Тоҷикистони навини мо буд. Ба ғайр аз ин, тамоми таърихи миллату халқамон моро пайваста  сабақ додааст, ки ҳар лаҳза омодаи дифои ҳувияти худ аз душманони аҷнабӣ бошем. Аммо вазъи пурхатару пуртаҳлукаи ҷаҳони имрӯз, тезу тундии муносибатҳои кишварҳо, ҳаводиси фоҷиабори солҳои охир ва, хусусан, рӯзҳои муосир пайваста мураккабтару хатарбортар аз пешин мегардад .
Дар ҳамин таърихи чанд соли охир мо дидем, ки чи гуна абарқудратони дунё кишварҳои нисбатан кӯчаку камқудоратро ба хок яксон намуданду халқҳяшонро хонабардӯш ва ғарибу саргардон сохтанд. Касе имрӯз кафолати бехатарии моро дода наметавонад, ба ҷуз худамон, хусусан дар ин вазъияте, ки ҷаҳон ба сангарҳо ҷудо гардидааст. 
Имрӯз дар ҳолате, ки ҷангҳо паси девори мо мераванду аллакай таҳдиди марзу бум ба сарҳадҳои муқаддаси мо ҳам расидаву борҳо аз худ дарак ҳам додааст, ҳимояи Ватан-Модар, марзу буми аҷдодӣ, бехатарии миллӣ вазифаи муқаддаси хурду бузург ва марду зани ин кишвар хоҳад буд. Он чӣ бар сари дигарон омад, набояд моро бетарафу ором гузорад. Ҳимояи Ватан имрӯз на фақат масъулият, балки вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост.
Аммо мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузург ва беамсоли ватандорӣ ва ҳимоя аз Ватанро бо дастурҳои қиматбаҳои худ, амсоли “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем. Асарҳое, ки беҳтарин сабақи ҳимояи Ватану марзу бум, ватандорӣ ва қаҳрамониро ба мо таълим медиҳанду метавонанд ҷавонону наврасони моро дар ин руҳияи баланди ватандорӣ тарбият намоянд. Дар омади гап мехоҳам андешаеро, ки аз назари банда хеле муҳим аст, матраҳ намоям. Ба гумони банда, имрӯз замоне фаро расидааст, ки барои бедор кардани таваҷҷуҳи бештаре ба таълиму тарбияи руҳияи ватандӯстиву қаҳрамонӣ дар байни аҳолии кишвар, хусусан наврасону ҷавонон ба истифодаи бештару фарогиртар аз сарчашмаҳои бебаҳои фарҳангамон рӯ орем. Хусусан, гумон мекунам, таълими “Шоҳнома”-и безавол дар қисмҳои ҳарбӣ барои тарбияи руҳияи далериву ҷасорат ва ҷоннисории ватандӯстона аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Иқдоми волои Пешвои миллатамон дар мавриди тақдими ҳар хонадон намудани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи ибрати мо хоҳад буд. Мо метавонем ин иқдоми Пешвои миллатамонро дар мавриди тақдими китоби “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ - ин дастури бебаҳои ватандориву меҳанпарастӣ ба қисмҳои ҳарбии мамлакат, макотиби ҳарбии кишвар, бо таъсиси чорабиниву озмунҳое, ки мусоидат ба омӯзиши ин китоби бебаҳо кунанд, ба роҳ монем.
Банда наметавонам дар чунин мавзуи бунёдии ҳастии мо сухан ронда як андешаро баён накунам. Мутаассифона, вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ байни мардуми мо як таъбири нохуш бо номи “облава” паҳн гардидааст, ки наметавон аз он чашм пӯшиду мавриди андеша қарор надод.
Барои рафъи ин таъбири ношоиста аз забони мардум ва, хусусан ҷавонони мо, ки ба гумонам дар роиҷ гаштани он саҳми нохайрхоҳону душманони миллатамон низ кам нест, бояд фавран чораҳо андешид. Зуҳури ин таъбири нохуш, яъне “облава” ҳаргиз нишондиҳандаи руҳи миллии мо нест, балки ду чизи дигар аст ва якуми он ноогоҳии ҷавонон, коҳиши эҳсосоти ватанпарваронаву ватандӯстона дар байни онҳо ва гирифторӣ ба тарғиботи дурӯғини бегонаест, ки аз ҷониби душманони кишвар тарҳрезӣ шудааст. Ҷавонони тоҷик, ман аминам, ки бо андаке ислоҳоти вазъ ва фаҳмондадиҳӣ худ бо хоҳишу майли том сари вақт ба хидмати ҳарбӣ хоҳанд рафт. Аммо сабаби дуюми ин зуҳуроти номатлуб, ба андешаи мо шояд он тарғиботи бофтаву беасосест, ки гӯё дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавононро вобаста ба синну сол ва маҳал азият медиҳанду латукӯб мекунанд. Он афсар ва он сарвари қисми ҳарбие, ки худ боиси ба вуҷуд омадани чунин зуҳурот шудааст на кам аз душмани халқу давлати мост, балки бештар аз он аст, ки бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳ дода нашавад. Нафаре, ки дидаву дониста чунин гуноҳ содир мекунад, бояд ба сахттарин ҷазо ҳукм шавад, ки зиёни ӯ ба муқаддастарин муқаддасоти мо ваҳдати миллӣ ва руҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба он рахна мезанад. Ҳукми сахти ду се гунаҳкор беҳтар аст аз бадном кардани муқаддасоти миллии мо, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар. Бидуни шубҳа, дар рафъи ин зуҳуроти хатарнок ва пурзиёни ҷомеаи мо бояд, аз ҳар афсару сарбози соҳибтаҷриба то ҳар омӯзгору волидайн, мактабу оила ва тамоми ҷомеа саҳми боризи худро гузоранд. Вокуниши мо ба ин зуҳуроти номатлуб дар омади гап ва ногузир буд. 
Дар маҷмуъ, зиндагӣ нишон дод, ки дар зарфи 30 соли истиқлолияти миллии мо ва 29 соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Тоҷикистони азизамон дорои Артиши қавии миллӣ ва сарбозону афсарони содиқу ҷоннисоре мебошад, ки метавон аз онҳо дилпур буд ва ба онон эътимоду бовар дошт. Он руҳияи милливу ватандӯстонае, ки Сарвари кишвари мо аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ талқин намудаву худ намунаи дурахшони он будаанд, имрӯз на танҳо сарбозону афсарон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, балки тамоми миллати ватандӯсти тоҷикро фаро гирифтааст. Ва дар ин заррае ҷои шубҳа нест. Имрӯз ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, ҳувияти халқамон, ҳимояи марзу буми кишвар ҳимояи нангу ор ва шарафу номуси миллии мост ва моро вомедорад, ки канори Артиши миллӣ сипари боэътимоди Меҳан дар ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, сарҳади шарафи гузаштагону имрӯзиёну фардоиён бошем!
 
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 680
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед