logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Сузанна Якабро ба ҳузур пазируфт

Нимаи дуюми 3 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сузанна Якабро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо ин  созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.

«Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд медиҳем ва ба рушду густариши минбаъдаи он манфиатдорем», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Сузанна Якаб, ҳадафи асосӣ аз ташрифи ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон мусоидат ба пешгирии паҳншавии фалаҷи шадид (полиомиелит) ва баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба аст».
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, хусусан дар бартарафсозии фалаҷи шадид ва хурӯҷи чунин бемориҳои хатарноки сироятӣ, ба мисли гулӯзиндонак, вараҷа ва сурхча изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳар ду ҷониб изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯшишҳои муштарак дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пеши роҳи паҳншавии фалаҷи шадид (полиомиелит) гирифта шуда, рафъи пурраи он таъмин мегардад. Таъкид гардид, ки барои пешгирии зуд ва ҳамаҷониба аз паҳншавии фалаҷи шадид бояд тамоми кӯдакони то 6 - сола эм кунонда шаванд ва падару модарон бояд саҳлангорӣ накарда, ба дармонгоҳҳои маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

www.president.tj

-Ҳадафи асосии сафари ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил, баррасӣ ва мушаххас намудани омилҳои пайдоиш ва хурӯҷи бемории фалаҷи шадид (полиомиелит)  дар кишвар аст,- гуфт Сузанна Якаб, директори Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.
Сузанна Якаб иброз дошт, ки дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якҷо бо мутахассисони варзидаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин ҳайати коршиносони СҶТ ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи бемории фалаҷи шадид барномаи муассири фаврӣ тарҳрезӣ карданд ва имрӯзҳо баҳри татбиқи он саъю талош доранд. Ман бо ҷаноби Президент дар бораи самтҳои асосии фаъолияти СҶТ, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббии муосир, роҳандозии саросарии маъракаи эмкунӣ ва ҷалби тамоми кӯдакони синни то шашсола, ҳамчунин расонидани ёрии амалӣ ба тифлони мубталои ин намуди беморӣ дар Афғонистону Покистон табодули назар намудем. Зикр гардид, ки бемории фалаҷи шадид хеле хатарнок буда, он ба Тоҷикистон аз тариқи кишвари ҳамсоя эҳтимоли доман паҳн кардан дорад ва бояд пеши роҳи хурӯҷи он дар минтақа ҳарчи зудтар гирифта шавад.
Директори Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи сентябри соли равон мулоқоти вазирони тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо баргузор хоҳад гашт ва ҷиҳати иштирок дар кори он вазири тандурустии Тоҷикистон даъват шудааст.
–Дар иҷлосия дар баробари дигар масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ, инчунин оид ба таҷрибаи тоҷикон дар роҳи пешгирӣ ва рафъи бемории фалаҷи шадид мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт,- гуфт Сузанна Якаб.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед