logo

иҷтимоиёт

ОЗОДАВУ БОНИЗОМ. ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН БО АСКАРБАЧАҲО

 
Ҳайати шахсии қисми ҳарбии "Н"-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, иди касбии худ – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро дар руҳияи баланди омодагӣ ҷиҳати ҳифзи марзу буми мамлакат истиқбол мегиранд. Чун вориди қисми ҳарбӣ гаштам, ин ҷо сафкашии пагоҳирӯзии ҳайати шахсӣ ҷараён дошт. Вазифаҳо барои рӯз муайян шуда, гурӯҳе аз хизматчиён ҷиҳати анҷом додани машқи ҳарбии техникӣ ба машқгоҳ раҳсипор шудаву сарбозони дигар ба таълиму азхудкунии қисмҳои техникӣ ва аслиҳа ба синфхонаҳои зебову ба талаботи муосир ҷавобгӯ равон мегаштанд. 
Ҷамшед Ҷомаҳмадов, подполковник, муовини командири қисми ҳарбии мазкур, оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, дар иртибот ба шароити буду боши ҳайати шахсӣ, сатҳу сифати баланди машқҳои ҳарбиву варзишӣ, таълими дарсҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва истиқболи сазовори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф зада, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки сарбозон уҳдадориҳои ҳарбиро сарбаландона иҷро менамоянд.
- Ҳар як сарбоз хуб дарк мекунад, ки бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ саҳмашро дар ҳифзи оромию суботи кишвар, зиндагии  осоиштаи мардум мегузорад,- мегӯяд капитан Шаҳобиддин Нурматов, муовини командир оид ба корҳои фаҳмондадиҳию сиёсӣ, - ба хотири боз ҳам тақвиятбахшии донишҳои сиёсӣ, тарбияи ахлоқии сарбозон ҳар рӯз доир ба як мавзуи сиёсиву ҳуқуқӣ дарс мегузарем. 
Аз суҳбат бо сарбозон эҳсос мешавад, ки онҳо бо намояндагӣ аз ҳамаи манотиқи мамлакат буда, бо ҳам дӯсту бародарона хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд. Сарбоз Абдумалик Насриддинов аз шаҳри Ваҳдат, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, барояш соли дуюми хизмат оғоз ёфта, дар талош аст, ки  дастуру супоришҳои командиронро бо иҷрои баланди сиёсиву ҳарбӣ амалӣ созаду бо рӯйи сурх ба зодгоҳаш баргардад. 
- Бо хоҳиши худ ба хизмат омадам ва аз ин басо хурсандам. Нахуст қарзи шаҳрвандиамро адо карда, сониян дар ҷараёни хизмат даҳҳо дӯстону рафиқон пайдо кардам, ки баъд аз адои хизмати ҳарбӣ низ дӯстию рафоқатро идома хоҳем дод. Тибқи реҷаи муайянкардаи афсарон дар самти донишҳои сиёсиву таърихӣ ва ҳарбӣ мо-сарбозон аз мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд дидан карда, аз саҳифаҳои гузаштаи халқамон ошноӣ пайдо кардем. Воқеан ҳам, ифтихор дорам, ки адои хизмат дораму ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан нақш мегузорам. Бо истифода аз фурсат аз ҷавонписарони мамлакат ҷиддан даъват ба амал меоварам, ки  бо амри виҷдону дарки ватандориву ифтихор аз он ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд ва қарзи худро назди Ватан содиқона адо намоянд, - гуфт Абдумалик Насриддинов.   
Андешаҳои ӯро сержант Хуррам Ҷӯрахонов, ки ба хизмати ҳарбӣ аз ноҳияи Ёвон даъват шудааст, тақвият дода, афзуд: «Соли 2018 зимни истиқболи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштам, ба суҳбаташон низ мушарраф гашта, ваъда додам, ки ҳатман ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандиамро иҷро мекунам. Аз ин рӯ, баъд аз хатми донишгоҳ бо хоҳиши худам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастам ва аз ин сарбаландам. Зеро ҳамаи шароитҳо барои обутоби бадан, машқҳои варзишӣ, фароғат, сайёҳат барои сарбозон муҳайёст». 
Тавре Ҷамшед Ҷомаҳмадов гуфт, солҳои охир дар қисми ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку ҷамоатҳо аз шароити хизмати сарбозону афсарон аз наздик шинос шуда, мулоқоти самимиву ошкоро доир менамоянд. 
- Мушоҳида мешавад, ки чи тавр сарбозон бо ифтихор, аз рафти хизматашон нақл мекунанду даъватшавандагони оянда бо завқи беандоза гӯш мекунанд ва саволҳо медиҳанд. Чунин таҷриба дар масъалаи даъвати босифат ба сафи Артиши миллӣ нақши мусбӣ мегузорад,- зикр кард Ҷамшед Ҷомаҳмадов. 
Сарбозону афсарони ин қисми ҳарбӣ дар машқҳои гуногуни ҳарбию варзишӣ миёни қисмҳои ҳарбии вилояту ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштироки фаълона доранд. Аз ҷумла, дар мусобиқаи танкӣ бо унвонии “Биатлони танк”, ки дар Россия ва Қазоқистон баргузор шуда буд, мақоми намоёнро касб намуданд. 
 
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед