logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНМАРДӢ. ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ АЗ НИШОНАҲОИ ВАТАНДОРИСТ

 
Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ 29 сол қабл, Қувваҳои Мусаллаҳ аз сирф таъсис ёфта, ба як неруи пуриқтидор табдил ёфт, ки айни замон қодир аст амнияти давлату миллатро таъмин намуда, марзу буми кишварамонро пурра ҳифз намояд. Дар тули фаъолияти худ, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо борҳо  собит гаштааст, ки мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди соҳибғурури Меҳан аст.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш карда истодааст, ки насли ҷавони имрӯза дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ба камол расад ва омодаи ҳимояи Ватан аз ҳама гуна хатари эҳтимолӣ бошад. Имрӯз ҷавонони бонангу номусамон ба хубӣ дарк менамоянд, ки дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзи он рисолат ва масъулияти онҳост. Ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз баробар ба ҳифзи шаъну шараф, нангу номус ва қадру манзалати миллиамон мебошад. Ҳифзи Ватан баробар ба ҳифзи домони поки модарону хоҳаронамон масъалаи номусӣ ва қарзи фарзандӣ аст. 
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд аз доштани давлати соҳибихтиёри худ ифтихор кардан, онро самимона дӯст доштан, волоияти қонунро таъмин сохтан, ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро дар замири худ таҳким бахшиданро шарти ҷавонмардӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳисобанд.
Барои насли ояндасози кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт ва ҷавонмардиву ҷасорат аст. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон сабақи шуҷоату садоқатмандӣ гирифта, муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Беҳтарин ва равшантарин изҳори ватандӯстӣ, хизмат кардан ба Ватан аст, ки онро сарбозону афсарони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ анҷом дода истодаанд.
Дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат таъкид намуданд: “Ба ғайрату матонат, далерию шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорем ва аз онҳо ифтихор мекунем”.
Дар ҳошияи ҳамин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои тақвияти сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, боз ҳам баланд бардоштани руҳияи ҷангии сарбозони бонангу номус ва шуҷои Ватан, дар байни онҳо таҳким бахшидани арзишҳои неки инсонӣ, амсоли барои ҳамдигар дӯсту рафиқ будан, ғамгусору мутакко шудан кӯшиш намоем. Бо нишон додани иттиҳоду ҳамбастагии бештар, сипоҳе аз мардони ҷангӣ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барои ҷаҳониён нишон диҳем. Собит намоем, ки мо насле дорем, аз авлоди Спитамену Муқаннаъ, Деваштичу Восеъ ва Темурмалику ҳазорон гузаштагони бонангу номуси худ, ки ҷони худро аз даст доданд, аммо шаъну шарафи истиқлолхоҳиву ватандориро барои мо - насли имрӯз ба мерос гузоштанд. 
 
Абдулло РАҲМОНЗОДА, 
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон 
ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2022    №: 38    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед