logo

иҷтимоиёт

"ШИФОБАХШ". ТАБИБОН ДӮСТИ МАНУ МОАНД!

БА ҶОЙИ САРСУХАН
Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо муассисаҳои тиббӣ фаъолият бурда, дар самти амалигардонии стратегияи Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ нақши бориз доранд. Далели рӯшани ин гуфтаҳо фаъолияти густурдаи Муассисаи тиббии «Шифобахш», ки яке аз калонтарин муассисаҳои табобатист, ба шумор меравад. Кормандони муассиса дар соли 2020 ба 30 453 бемор хизмат расонданд. Дар шуъбаи ҷарроҳӣ 12 ҳазору 650 мариз ҷарроҳӣ шуд. Қобили зикр аст, ки дар “Шифобахш” ҷарроҳии пайвандсозии (трансплантатсия) узвҳои дарунии инсон гузаронда мешавад. Ин ба андешаи мутахассисон, аз бузургтарин муваффақиятҳои тибби тоҷик ба шумор меравад.   
 
ШИНОСОӢ 
Шиносоии ман бо фаъолияти кормандони Муассисаи тиббии “Шифобахш” бевосита сурат гирифт. Ин ҷараён тули як ҳафта идома ёфт. Суҳбат бо беморон ва наздикони онҳо, огоҳӣ аз фазои кории муассиса бароям аксуламали он чиро нишон дод, ки гоҳ-гоҳе аз мунаққидон мешунавам. Нафаре набуд, ки ба донишу маҳорат ва касбияти табибон сухани нек нагуфта бошад ва, аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки бо роҳбари муассиса Шамсзода Хизматулло суҳбати вижае дошта бошам. 
Он рӯз ман дер ба вохӯрӣ рафтам. Интихоби вақтро аз рӯйи эҳтиром ба Шамсзода Хизматулло, директори Муассисаи тиббии “Шифобахш”, вогузоштам. Посух чунин буд: “Пас аз соати корӣ биёед”. 
Ман ҳам “пас аз соати корӣ” дари ҳуҷраи ӯро кӯфтам. Х. Шамсзодаро бо хилъати сафед дида, ба худ гуфтам: “Мард фидоии касби худ аст”. Ӯ хаста менамуд, вале мекӯшид, бо табассум мондагиашро пинҳон созад. Шояд, имрӯз чандин нафарро аз вартаи марг наҷот дода бошад. Рӯйи мизи кории ӯ пур аз ҳуҷҷат. Чанд китоби кушода ҳам мехобид, компютер низ фаъол буд. Натиҷаи ташхисе дар экрани компютер ҷило медод, кӯзаи торикеро мемонд, ки дар он кирмчаҳои зиёде беист дар гардиш буданд. 
... Саволи “чой ё қаҳва” маро ба худ овард. Эҳтимол муҳити кории ӯ ба ман таъсир расонд, ки пурсидам:   
 
- Киро табиб бояд гуфт?
- Биёед дур нарафта, аз Синои бузург иқтибос биорам. Ӯ гуфтаст: “Табиб нафарест, ки мисли уқоб зеҳни хушбин, мисли олиҳае дастони нозук, мисли мор ақли закӣ ва мисли шер қалби васеъ дошта бошад”. Ин гуфтаҳои Шайхурраис, аллакай, посух ба саволи шумост. Агар назари маро мепурсед,  бар онам, ки табиб - дар баробари сифатҳои зикршуда, бояд дӯсти бемор бошад. Дӯсте, ки бемор ба ӯ бовар кунад, дар симои ӯ наҷотбахши худро бинад. Табиби ҳозиқу муваффақ дӯсти бемор мешавад. Барои  ин духтур  бояд умри худро қурбони касб гардонад. Табиб  мудом донишҷӯ монад, яъне пайваста дар мутолиа буда, аз тараққиёти илми тиб огоҳӣ дошта, забондон низ бошад. Зеро як хатои ӯ метавонад нафареро аз зиндагӣ маҳрум созад. Табиб будан масъулият аст. 
Ман ин андешаро дар ҳар вохӯрӣ ба кормандони муассиса таъкид мекунам. 
 
- Табиб шахси тасодуфӣ буда метавонад? 
- Ба он маъние, ки шумо мегӯед, дар таҷрибаам вонахӯрдаам. Табиб бояд шайдои касби худ бошад. 
- Интихоби шумо ихтиёрӣ буд ва ё омиле сабаб шуд?    
 - Ин ҷо як байти Мавлавӣ ба хотирам расид: 
Ҳар киро аз баҳри коре  сохтанд, 
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд. 
Ман аз хурдӣ ба тиб муҳаббати хоса ва пайвастагии қавӣ доштам. Аз ин лиҳоз, замоне ки ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шудам, хурсандиам ҳадду канор надошт. Ҳар дарси назариявӣ  ва ё таҷрибавӣ дар беморхонаҳои пойтахт бароям олами наверо мекушоданд. Ман бо ҳамин руҳия Донишгоҳро хатм ва  рисолаи илмиамро ҳимоя кардам. Имрӯз ҳам ба кормандони муассиса ҳамин руҳияро талқин месозам. 
 
- Чанд рӯз бо беморон суҳбат доштам. Бо фаъолияти кормандони муассиса аз наздик шинос шудам. Як чиз диққати маро ба худ кашид. Маризон ба онҳое бештар бовар доранд, ки ё дар хориҷи кишвар такмили ихтисос кардаанд, ё таҷрибаи чандинсола доранд. Ин падида ба чӣ вобастагӣ дорад? Як табиби ҷавон чӣ кор бояд кунад, ки бемор ба ӯ бовар дошта бошад? Калонсолиро интизор шавад ва ё ба хориҷи кишвар барои такмили ихтисос ё таҳсил равад? 
- Ин падида аз аввал буд ва минбаъд ҳам боқӣ мемонад. Тавре зикр кардам, муҳимтарин чиз барои табиб донишу таҷриба аст. Ин  имкон медиҳад, ки табиб боварии беморро ба даст орад. Имрӯз ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардум бештар ба табибоне муроҷиат мекунанд, ки дорои таҷрибаи бой ва донишу маҳорат мебошанд. Вале ба даст овардани боварӣ кори саҳл нест. Бемор паси дари ҳуҷраи кории духтур бо умед меистад, то ба дардаш даво ёбад. Табиб дар ҳоле метавонад онҳоро ноумед нагардонад, ки донишу таҷриба ва маҳорат дошта бошад. Ба табиби ҷавон барои ба даст овардани боварӣ вақт даркор. Вале ин маънои онро надорад, ки ӯ бояд ҳатман дар хориҷи кишвар такмили ихтисос кунад. Тибби тоҷик дар ҷаҳон мавқеи хоса дорад. Дар мо кам нестанд мутахассисоне, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаанд. Мо мекӯшем, ки табибони ҷавон зери таълими онҳо қарор гиранд. Ин яке аз механизмҳои асосии омода кардани кадрҳо дар соҳаи тиб аст. 
Мо кормандони муассисаи худро ҳамасола барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷӣ мефиристонем. Мақсад аз ин на танҳо такмили ихтисос, балки ба даст овардани таҷҳизоти нави тиббӣ низ мебошад. Масалан, соли гузашта бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 адад асбоби оксигенҳосилкунанда ба беморхонаи мо ворид гашт, ки метавон аз муҳимтарин бурдбориҳо номид. Хусусан дар шароити хуруҷи бемории COVID-19. Такмили ихтисоси кормандони муассиса дар доираи шартномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо марказҳои илмиву вазоратҳои тандурустии мамлакатҳое чун Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Эрон ва Ҳиндустон  амалӣ мегардад. Илова бар ин, имсол бо дастгирии Ҳукумати кишвар беморхона соҳиби дастгоҳи нави ташхиси МРТ (Магнитно-резонансная томография) гардид.  Аз ин ба баъд, бемороне, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ осеби сар  мегиранд, дар маркази мо ташхис мешаванд. 
 
- Метавонед чанд муваффақияти беморхонаро махсус зикр созед? 
- Ҳар ҷарроҳие, ки боиси шифо ёфтани бемор мешавад, барои мо муваффақият аст. Имрӯз муассисаи „Шифобахш” аз муваффақтарин муассисаҳои тиббӣ ҳам дар кишвар ва ҳам дар минтақа ба шумор меравад. Барои мисол, солҳои қаблӣ, кӯдаке, ки сурхрӯдааш бо меда модарзодӣ пайваст набуд, мефавтид. Ҳоло дар маркази мо чунин бемории модарзодиро ҷарроҳӣ мекунанд. Табибони беморхона амалиёти пайвандсозиро хуб анҷом медиҳанд. Соли гузашта 11 амалиёти ҷарроҳии чунин бемориро анҷом додем.  Ин боиси ифтихор аст.  
Дар самти бемориҳои ҷарроҳии асаб бошад, ҳаминро бояд гуфт, ки то солҳои наздик ин навъи ҷарроҳӣ дар кишварҳои Олмон, Эрон, Россия ва Ҳиндустон мегузаштанд. Асабшиносони марказ оид ба бемориҳои вайроншавии шадиди гардиши хун дар майнаи сар, сабабҳои пайдоиши онҳо, хавфи беморӣ, оризаҳо, усулҳои замонавии ташхис ва табобати ҳозиразамони ин беморӣ донишу малакаи худро такмил додаанд. Ҳоло тамоми ҷарроҳиҳои асаб бо таҷҳизоти замонавӣ дар Тоҷикистон анҷом меёбанд. Соли гузашта, 32 амалиёти ҷарроҳии лахташавии гемоглабин дар рагҳои асаб гузаронда шуд. Беморие, ҳаст, ки бо сабаби иллати раги асаб одам тамоми ҳаёт ба бемории сардард гирифтор мешавад. Хушбахтона, имрӯз ин намуди беморӣ низ дар маркази мо табобат мешавад, ҳамчунин, бемории эпилепсия низ. 
- Чи орзу доред?
- Орзуям ин аст, ки касе бемор нашавад. 
 
Нигина РАҲМОН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2022    №: 38    Мутолиа карданд: 421
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед