logo

иҷтимоиёт

АЗ ФАЛАК ТО БА ФАЛАК РОҲ БАРЕМ

 
Фалак – мусиқии мардумии тоҷик чанде пеш ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Воқеан, ин рухдоди таърихию фарҳангӣ, дастоварди муҳими миллат боиси ифтихори ҳар кадоми мо аст. Ин нукта низ боиси зикри махсус мебошад, ки шинохти бештару беҳтари Фалак танҳо дар замони Истиқлоли давлатӣ даст дод ва, албатта, бо иқдому ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Беш аз даҳ сол аст, ки 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак қайд карда мешавад. Гурӯҳи ҳунарие бо номи «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтаву фаъолияти чашмрас дорад.
Суҳбати Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият», бо Қурбони Қурбониён, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мутриб, муҳаққиқ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, дар атрофи ҳамин мавзуъ ва, ҳамзамон, рушду густариши он мебошад.
- Устод, мехоҳам суҳбатро аз ҳамин пазироии некуи ЮНЕСКО, яъне эътирофи ҷаҳонии мусиқии мардуми мо, оғоз бубахшем.
- Дар ҳақиқат, ин эътирофу пазироӣ аз мусиқии мардумии миллати мо рухдоди бузургу дастоварди бисёр муҳим мебошад. Махсусан, дар раванди ҷаҳонишавӣ эътироф дар сатҳи баланд, аз ин ки Фалак- танҳо мусиқии мардумии миллати тоҷик аст, бисёр зарур буд. Бояд шукргузор аз Сарвари давлат бошем, ки ин имконро барои муаррифии дурусту саривақтӣ ба вуҷуд овард. Албатта, ғановату қадимӣ будани ин жанри миллӣ, чи назариявӣ ва чи амалӣ, бо тамоми паҳлуҳои фарогир собит гардид. Дар арафаи 15-солагии таъсисёбӣ ё худ эълони Рӯзи Фалак он аз беҳтарин мужда ва туҳфа ба мардуми кишварамон маҳсуб мешавад.
Президенти мамлакат барҳақ таъкид дошта буданд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қиматҳои бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем». Дар ҳақиқат, дар ин сурат он бояд бештару беҳтар таҳқиқу муаррифӣ мегардиду дар сатҳи баланд ногузир эътироф мешуд. Ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ворид шудани Фалак бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки мо дар ҳақиқат, миллати қадимӣ ва мутамаддин маҳсуб мешавем. Моро ин муждаи нек хеле ва хеле шод намуд, неруву илҳоми тоза бахшид, ки бештару беҳтар онро таҳқиқ бинамоем ва асолаташро бишиносонему густариш бидиҳем.
 
- Андешаҳо дар хусуси ин жанр гуногун аст, хосса дар мавриди таърих, мавқеъ ва мақоми он. Шумо ҳамчун муҳаққиқ, балки аввалин муҳаққиқи Фалак дар кишвар, чӣ андеша доред ва ҳам ба он баҳогузорӣ мекунед?
- Ин амри табиӣ аст. Як муҳаққиқ метавонад онро дуруст таҳқиқ намояду ба хулосаи зарурӣ биояд ва дигаре баръакс. Аз гуногунии андешаҳо набояд хавф дошта бошем. Муҳимтар густариши омӯзиш ва дуруст таҳқиқ кардани ин жанри қадимӣ аст.
Ба умқи суханони Сарвари давлатамон дар ин маврид бояд бирасем. Чӣ гуна? Яъне, онро аз ҷумлаи «беҳтарин мероси мусиқӣ» арзёбӣ карданд. Албатта, беҳтарин мерос беҳтарин таҳқиқу беҳтарин натиҷаро хостор мебошад, ки бояд ба он ноил гардид. Инчунин, Фалакро «барҳақ, мусиқии шаклан озод, таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик» номиданд.
Баррасиву шинохт, пажӯҳишу муаррифии дурусти асолати ин гуна мусиқӣ, ки «таҷассумгари руҳи озод ва орзуву омоли халқ» бошад, ҳаргиз осон нест.
Хавфи мо - муҳаққиқон, аз гуногунии андешаҳо дар бораи Фалак набуд, балки аз он буд, ки дигарон мусиқии миллиямонро пештар аз мо соҳиб нашаванд, албатта, бо муаррифии дурӯғин. Ҳолиё дигар ин хавф аз миён рафтааст.
Пажӯҳишу омӯзиши дуруст ҳатман ба он оварда мерасонад, ки эътироф намоем, Фалак як системаи мукаммал мебошад. Муаррифии асолати он, мутаассифона, ҳанӯз пурра, он тавре ки бояд, ба сомон нарасидааст.
 
- Омӯзиш, яъне таҳқиқу пазироии Фалак, ба фикри инҷониб, дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ бештару беҳтар сурат мегирад, албатта, дар муқоиса ба кишвари мо. Чаро чунин аст?
- Пажӯҳиши  як муҳаққиқи хориҷӣ аз мо бо он фарқ мекунад, ки ӯ пеш аз он ки Фалакро биёмӯзад, ба омӯзиши дутор шуруъ менамояду ба мусиқии он ошно мешавад. Баъдан матнро фаро мегирад. Пас аз ин ҳама таҳқиқ мекунад. Хориҷиён ғановату қадимӣ будани ин жанри мусиқиро дарк намудаанд. Онҳо ҳар чизи хубу мондагор ва мероси гаронбаҳоро мешиносанду қадр мекунанд. Дар ин замина худро, мусиқии миллаташонро на танҳо ғанӣ мегардонанд, балки сокинони кишварашонро ба он ошно месозанд. Миллатҳо ба ин василаҳо бештар фарҳангӣ мешаванд, рушд менамоянд.
 
- Як байти Ҳаким Низомии Ганҷавӣ аст, ки:
Банди фалакро кӣ тавонад кушод?
Он кӣ бар ӯ пой тавонад ниҳод.
Албатта,  ин Фалак василаи роҳ бурдан ба он фалак аст. Ва гузаришу расидан поя ба поя ё худ зина ба зина сурат мегирад. Ин пояҳо чӣ гуна ва чӣ миқдор аст?
- Фалак, воқеан, василаи роҳ бурдану арзи ҳол кардан ба фалак мебошад. Дар баробари он, ки арзи ҳол менамояд, хурсандӣ ё худ як навъ шукргузорӣ мекунад. Масалан, дар мавриди арзи ҳолу шикоят омадааст:
Чархофалако, маро ба чарх овардӣ...
Ва ё:
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд...
Бешак, то ба Фалак бояд поя ба поя ё худ зина ба зина роҳ бурд. Он гуна, ки табақаи осмон ё худ фалак ҳафт аст, Фалак низ ҳафт поя ё худ зина дорад. Яъне, аз оғоз то авҷ бояд рафт. Мутаассифона, аксар овозхонҳои мо ин тартиб ва ҳам рабтро намедонанд. Инчунин, қудрати на ҳар овозхон мерасад, ки дар пояҳои баланди он фалакхонӣ бикунанд.
Инҷониб тасмим гирифтааст, ки имсол бо ҳамроҳии гурӯҳи ҳунарии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ асолати Фалакро ба муносибати 15-солагии Рӯзи таъсисёбии Фалак ба пуррагӣ омода намоем. Ба ин хотир, ба раиси кумита номае ҳам ирсол мекунам, ки ин имкониятро бароямон фароҳам биёрад.
Оре, тавре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:
Ҳар замон овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост.
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз ҳам он ҷо равем, ҷумла ки он шаҳри мост.
 
- Чӣ бояд кард, то доираи омӯзишу пажӯҳиш ва рушду пазироии Фалак дар кишвар васеътару беҳтар гардад?
- Маъмурият ва устодони варзидаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, то ба ин мақсад ноил бигардем. Ба омӯзишу пажӯҳиш, пайдо кардани соҳибистеъдодҳо ва сайқали маҳорати онҳо бештару беҳтар бояд диққати ҷиддӣ бидиҳем. Мактаби «Устод – шогирд»- ро фаъолтар намоем.
Чандин ҳамоишҳои илмӣ дар ин маврид баргузор гардиданд ва минбаъд бовар аст, ки ин амали нек идома меёбад. Асарҳои илмӣ, пажӯҳишӣ ва адворӣ низ ба хотири омӯзиши бештару беҳтари Фалак таълиф ва нашр гардиданду мегарданд. Барномае ҳам тартиб додаему қабул намудаем. Ин ҳама дар рушди он таъсири мусбат хоҳанд гузошт. Вале бо ин набояд қаноат биварзем. Ҳанӯз паҳлуҳои наомӯхтаву таҳқиқнагардидаи Фалак хеле ва хеле зиёданд. Фикр мекунам, ки агар андак ғафлат биварзем ва масъулиятро сари вақту дуруст нашиносем, бо аз даст додани бисёр ганҷҳо моро наслҳои оянда нахоҳанд бахшид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2022    №: 38    Мутолиа карданд: 395
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед