logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҚАСДИ ОДАМКУШӢ

Натиҷаи ҷинояте, ки бо ҳукмҳои тулонӣ анҷом шуд
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Резвониан Сейедхоссен, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат мекард, барои содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ва сӯиқасд ба одамкӯшӣ бо бераҳмии махсус 17 сол равонаи зиндон шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, сокини шаҳри Кӯлоб Комрон Нуралиевро дар ҳамдастӣ ба ин ҷиноят гунаҳкор меҳисобад, ки ӯ низ бо ҳукми суд 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Тибқи иттилои манбаъ, шаҳрванди ҶИЭ аз рӯи хусумат ва ҳиссиёти рашк тибқи маслиҳати пешакӣ бо Комрон Нуралиев қасд ба ҷони собиқ ҳамсараш Г. Ашурзода намуда, ҳангоми дар ноҳияи Ёвон қарор доштанаш ӯро мавриди ҳадаф қарор доданд. Резвониан бо Комрон дар ноҳияи Ёвон Г. Ашурзодаро пайгирӣ намуда, 16 ноябри соли 2021 ҳангоми ба бинои истиқоматӣ ворид шуданаш ба рӯи ӯ ва дугонааш М. Абдуллоева кислотаи нитрат мепошанд. Илова бар ин, ҷабрдидаро табаркӯб намуда, баъд аз ба замин афтидан ба гумони ин, ки Г. Ашурзода ба ҳалокат расидааст, дороиҳояш бо ҷамъи 713 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд.
Хушбахтона Г. Ашурзода бо ёрии табибон аз марг наҷот ёфта, тибқи ҳукми суд маҳкумшудаҳо муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш сахт сипарӣ хоҳанд кард.
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Ноболиғро фиреб доду 40 ҳазор доллари ҳамсояро гирифт
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, аз ӯ марди 27-сола ном мебарад, дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Бар пояи иттилои сомонаи ВКД, ин мард бо роҳи фиреб ба боварии ноболиғи 15-сола даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари ҳамсояаш (падари ноболиғ)-ро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Дар робита ба ин амал, ҳоло нисбат ба гумонбар аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) оғоз шуда, тафтишот давом дорад.
 
ДУЗДӢ
Милитсия ба дасти марди ғоратгар 
завлона зад
Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд марди 33-солаеро боздошт намуданд, ки дар дуздии 35 ҳазору 580 сомонӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои ВКД, боздоштшуда 12 феврали соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ ба дафтари кории роҳбари ҶДММ «Фараҳ Ойл» (марди 31-сола) даромада, маблағро дуздидааст. Боздошти ӯ, дар пайи муроҷиати ҷабрдида муяссар шуда, айни ҳол вобаста ба ин ҳолат тафтишот оғоз гардидааст. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2022    №: 38    Мутолиа карданд: 2705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед