logo

Хабарҳо

Чин мухолифи таҳримҳои якҷониба алайҳи Россия мебошад

РБК. Чин ҳеҷ гоҳ ҷорӣ намудани таҳримотро ҳалли муассири буҳронҳо намеҳисобад ва дар шароити феълӣ бо маҳдудиятҳо алайҳи Россия бар ҳамин назар аст, - изҳор дошт котиби Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин.
Дипломат, ҳамчунин, таъкид кард, ки таҳримоти ғайриқонунии  якҷониба барои иқтисод ва бахши молиявии кишварҳое, ки нисбати  онҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад, мушкилоти ҷиддие ба бор меоранд, вале  онҳо набояд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар кишварҳо зарар расонанд. Аз ин рӯ, Чин ҳамеша мухолифи ҳар гуна таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунист.
 
 
 
Омодагии Беларус барои қабули паноҳандагон аз Донбасс
Лента.ру. Алексей Бегун, роҳбари раёсати шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии кишвар, гуфт, ки Беларус омода аст,  паноҳандагон аз Донбассро қабул намояд ва ба онҳо шаҳрвандӣ диҳад.
- Мо то ҳол маҷрои муҳоҷиронро эҳсос накардаем. Алҳол ба кишвари мо касе наомадааст. Аммо ман фикр мекунам, ки тариқи Россия одамон  мегузаранд ва мо ба қабули онҳо омодаем, - гуфт ӯ. 
Бегун ёдовар шуд, ки аз соли 2014 ба ин сӯ аз минтақаи  даргириҳо дар шарқи Украина ба Беларус наздики 170 ҳазор шаҳрванд омадааст. Як қисмаш барои зиндагӣ дар кишвар монд ва қисми дигар онро тарк кард.
 
 
 
Путин ва Эрдоган табодули назар карданд
Мир24. Президенти Россия Владимир Путин бо Президенти Туркия Реҷеб Тайип Эрдоган дар робита бо барасмият шинохтани Ҷумҳурии Мардумии Донетск  ва Ҷумҳурии Мардумии Луганск  тавассути Россия табодули назар карданд.
Президенти Россия зарурати объек-тивии тасмими гирифташуда дар шароити  ҳамлаи  ҳукуматдорони Украина дар Донбасс ва сарпечӣ аз иҷрои тавофуқоти Минскро таъкид кардааст.
Роҳбарон, ҳамчунин, ба масъалаи кафолатҳои ҳуқуқии дарозмуддати амнияти Россия дахл карданд. Путин аз посухи ИМА ва НАТО, ки як кӯшиши нодида гирифтани нигарониҳо ва дархостҳои қонунии Россия буд, изҳори ноумедӣ кард.
 
 
 
 
СММ Россия ва Украинаро ба муколама даъват намуд
АИР «Новости». Розмари ДиКарло, муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ, гуфт, ки СММ Россия ва Украинаро ба муколама ва дипломатия  барои ҳалли буҳрони кунунӣ даъват менамояд.
«Президенти Украина Владимир Зеленский шоми имрӯз ба идомаи дипломатия даъват кард. Президенти Россия Владимир Путин низ дар бораи омодагии доимии худ барои ширкат дар  гуфтушунид сухан гуфт. Мо ин гуна талошҳоро ташвиқ мекунем», - гуфт ДиКарло дар ҷаласаи изтирории Шурои амнияти СММ, ки бо ташаббуси Украина баргузор шуд.
 
 
 
 
Володин ба Куба  пешниҳод кард, ки ба унвони нозир дар кори АП СААД ширкат варзад
ТАСС. Куба метавонад дар кори Ассамблеяи порлумонии Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД)  дар шакли нозир ё шарик ширкат кунад. 
Бо чунин пешниҳод рӯзи чаҳоршанбе зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллии қудрати мардумии  Куба Эстебан Ласо Эрнандес, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин муроҷиат кард. 
Сиёсатмадор хотиррасон кард, ки ҳоло тарафи Куба ҳамчун меҳмон дар ассамблея ширкат меварзад. «Мо аз дидани сафири Куба дар Россия, ки пайваста дар Ассамблеяи порлумонӣ ширкат мекунад, шодем», - афзуд ӯ. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед