logo

Хабарҳо

“Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори Артиши миллии Тоҷикистон”

 
Бо ҳамин унвон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки аҳли зиё, кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва дигар ниҳодҳои марбута конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Иштирокчиён вобаста ба нақши Пешвои миллат дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳо нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан ронданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа, дар ҷамъомад зикр шуд, ки Артиши миллӣ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар бунёду навсозии худ роҳи начандон тулонӣ, вале басо сангину ибратбахшро тай намуда, имрӯз ба неруи тавонои ҷангӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии он бо донишу малакаи баланди касбӣ, таҷрибаву тактикаи муосири ҷангӣ ва интизоми намунавию руҳияи баланди хизматӣ баҳри иҷрои вазифаҳои масъулиятнок дар назди халқу Ватан омода мебошад.
 
 
Рӯнамоии китоби “Тоҷикон” дар Россия
Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯнамоии китоби муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти этнология ва антропологияи Академияи илмҳои Россия - «Тоҷикон» дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд.
Дар маҳфил олимону коршиносони Тоҷикистону Россия иштирок намуданд. Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии мушовири сафири Тоҷикистон дар Россия Ҳабиб Исмоилиён оғоз гашт. Ӯ аҳамияти баргузории таҳқиқоти этнологӣ ва омӯзиши амиқи урфу одат ва анъанаҳои таърихии халқҳоро таъкид намуд. Инчунин, тазаккур дод, ки бе донистани таърихи ҳаёти халқҳои кишварҳоямон, равандҳои муосири фаъолияти хоҷагӣ, маданияти моддию маънавӣ, ҳаёти иҷтимоиро тавсиф кардан ғайриимкон аст.
Дар ин замина зикр шуд, ки монографияи дастаҷамъии «Тоҷикон» заҳмати бузургест, ки дар он маҷмуи маводи таърихию этнографӣ ва демографӣ оид ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик матраҳ гардидаанд.
 
 
Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон густариш меёбад
Ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Ин нуктаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, дар ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, дар ҳузури вазири кишоварзии Озарбойҷон Инам Каримов иброз дошт.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони Озарбойҷон, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба мувофиқа расиданд.
 
 
Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир мешавад
Дар вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон ал-Решайдан масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ гашта, зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар таъкид шуд.
Зимни гуфтушунид раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, баррасӣ гардид.
 
 
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи илму маориф
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анкара профессор Муса Казим Араҷан вохӯрд.
Онҳо масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯён ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкурро баррасӣ намуданд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед