logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОҲОИ МАТЕМАТИКӢ
2.Чор қуттӣ чой дорад. Аз ҳар қуттӣ 9 кг чой гирифтанд, дар ҳамаи қуттиҳо он миқдор чой боқӣ монд, ки дар ҳар яки онҳо мавҷуд буд. Дар ҳар як қуттӣ чӣ қадар чой буд?
 
Гирдоваранда Муъминҷон ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори МТМУ № 40, шаҳри Истаравшан
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
 
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
 
ЛУКАШЕНКО      
Аз хоккейбозӣ то алафдаравӣ
Президенти Ҷумҳурии Беларус Лукашенкоро аксарият машғули корҳои кишоварзӣ дидаанд, вале машғулияти писандидаи чеҳраи аввали Беларус аслан варзиш аст.
Соли 2020 Наталя Эйсмонт, котиби матбуотии президент, иттилоъ дод, ки Лукашенко бо 11 намуди варзиш, бавижа хоккей, ба таври доимӣ машғул мешавад. Одати дерини ӯст, ки баъд аз хатми вақти кор  лаҳзае дар коргоҳ намеистад ва бештари вохӯриву суҳбатҳояш бо сарварони ниҳодҳои гуногун дар варзишгоҳ ё толорҳои тамрин мегузаранд.
Рӯзҳои истироҳатро бо чидани картошкаву помидор паси сар мекунад. Дар ин байн, кори аз ҳама дӯстдоштааш даравидани алаф аст.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
7. КӮҲНАВАРДИ НОБИНО
Сухан дар бораи Эрик Вайхенмайер меравад, ки бо вуҷуди нобино буданаш, қуллаи баландтарини олам – Эверестро фатҳ кардааст. Вайхенмайер ҳанӯз 13-сола буд, ки чашмонаш парда мегиранд. Вақте ӯ биноияшро аз даст медиҳад, гӯё аз худаш сар карда, ба тамоми дунё ҷанг эълон мекунад ва фикр мекунад, ки зиндагияш дигар маъно надорад. 
Дар бораи кӯҳнавардӣ тасодуфан аз телевизион хабар меёбад ва бо тамоми кӯшишу ғайрат ба тамрин машғул мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ дар иёлати Ню-Гэмпшир ба баландии кӯҳи Уайтхорс Леҷ баромада, нахустин таҷрибаи худро нишон медиҳад. Баъди ин муваффақият, гӯё аз нав таваллуд шуда бошад, дигарбора ба ҷамъият бармегардад. 
Баъди хатми мактаб, устоди варзиш шуда шогирдони зиёдро дар сексияи муҳориба дарс медиҳад. Устоди нобинои дараҷаи байналмилалӣ Эрик Вайхенмайер ҳафт баландтарин қуллаи ҷаҳонро фатҳ кардааст. Коргардон  Питер Уинтер филмбозии телевизионии худ «Коснутся вершины мира»-ро маҳз аз рӯи корнамоии ҳамин маъюби оламгир таҳия намудааст. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АЗ ТАРСИ ЗАН
Боре Бернард Шоу лангида-лангида аз духтур хоҳиш мекунад, ки пойи дардмандашро як бор бинад. 
Духтур мепурсад:
- Чанд рӯз боз ба ин аҳвол мегардед?
- Қариб ду ҳафта.
- Ду ҳафта?! О, чаро як бор муроҷиат накардед, охир устухони пойи шумо шикастааст, - ғазабашро пинҳон надошта мегӯяд духтур.
- Ростӣ аз ҳамсарам тарсидам. Сӣ сол боз, мабодо ягон ҷоям дард кунаду ба шиква дароям, тамокукаширо парто мегӯяд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
МАРГАРЕТ ЭББОТИ
ҚАҲРАМОНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ, КИ НАМЕДОНИСТ ДАР ОЛИМПИАДА ШИРКАТ ДОРАД
Аввалину охирин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ оид ба голф миёни бонувон Маргарет Эбботи амрикоӣ намедонист, ки дар олимпиада ғолиб омадааст. Ӯ соли 1900 дар дуюмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Париж, Франсия) қаҳрамон гашт. Бо сабаби он ки корҳои ташкилии олимпиада дуруст ба роҳ монда нашуда буданд, Эббот ва дигар голфбозон намедонистанд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат доранд. Ҳатто, бонуи амрикоӣ ба хона баргашта, бо итминон мегуфт, ки вай дар мусобиқаи анъанавӣ бахшида ба Намоишгоҳи ҷаҳонии Париж пирӯз гардидааст. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
30 ҲАЗОР СОЛ 
ҲУКМИ СУДИЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ СОБИҚА НАДОРАД
 
Ин ҳукм дар таърихи муҳокимаҳои додгоҳӣ намунаи дигар надорад. Суд дар иёлати Оклаҳомаи ИМА шаҳрванд Чарлз Скотт Робиннсонро барои таҷовуз ба номуси шаш наврас 30 ҳазор сол аз озодӣ маҳрум кард. 
Додгоҳ соли 1994 ин ҳукми ҳайратангезро эълон намуд, ки барои ҳар як ҷурм 5 ҳазор солро дар бар мегирад. Агар аз рӯи мантиқ бингарем, Скотт барои ин иҷрои ҷазо на инсон, балки мавҷудоте мебуд, ки на камтар аз 30 ҳазор сол мезист. Вале ин ҷазо аз рӯи ченаки ҷазояш муқаррар шудааст.
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
Таҳти ин рубрика ба хонандагони  саҳифаи  «Шоми шанбе» дар бораи чанд тан аз нобиғагони ихтироъкор маълумот медиҳем.
АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН – хирадманди базлагӯ 
Ин ном бемуҳобо аз кӯдакӣ барои ҳар одам ошност. Олими олмонӣ соли 1879 таваллуд шудааст ва  тули 76 соли ҳаёт бештар аз 300 мақолаи илмӣ навишта, муаллифи 150 китоб ва матолиби илми фалсафаву таърихӣ гардидааст. 
Доктори ифтихории анқариб 20 донишгоҳи маъруфи олам Алберт Эйнштейн ҳаҷвгӯй низ буд. Боре ӯ чунин гуфтааст: «Дар наврасӣ ман мушоҳида кардам, ки ангушти калони поям дер ё зуд ҷуробамро сӯрох мекунад. Бинобар ин, ҷуроб намепӯшидам».
Алберт Эйнштейн асосгузори физикаи назариявӣ маҳсуб мешавад ва чунин назарияҳои муҳими физикиро коркард намудааст:
- назарияи нисбият;
- муҳосибаи квантӣ;
- эквиваленти масса ва энергия;
- назарияи гравитатсия.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО
ШОҲИН – РАМЗИ ШУҶОАТУ ДАЛЕРӢ
 
Ин парандаи баланду тезпарвозро бисёр миллатҳо ҳамчун рамзи шуҷоату далерӣ пазируфтаанд. Мисол, дар Руси Қадим ба сарварони дигар кишварҳо шоҳин тақдим менамуданд, ки туҳфаи фахрӣ дониста мешуд.  
Ғайр аз ин, шоҳин одатҳои ба худ хос дорад. Аз ҷумла, он ба касе  итоат мекунад, ки нисбаташ эҳтиром дошта бошад. Ҳеҷ гоҳ ба лонае, ки парандаи дигар сохтааст, сар намехалонад. Ҳамсафари ҳаёташро як бор ва барои тамоми умр интихоб мекунад. 
Хеле аҷиб аст, ки  дар яке аз фурудгоҳҳои Бразилия панҷ шоҳин хати ҳаракати ҳавопаймоҳоро назора менамояд. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
САРГУЗАШТҲОИ БОВАРНОКАРДАНӢ ДАР ТИБ
6.  17 СОАТ БЕ НАБЗИ ДИЛ
 
Ин воқеаи аҷиб бо зани панҷоҳу нуҳсолаи сокини иёлати Вирҷинияи ИМА рух дод. Вал Томас, ки ду сактаи қалбро паси сар кард, муддати 17 соат набзи дилаш наметапид. Табибон бо гумони он ки Вал мурдааст, ба ӯ нафаси сунъӣ медиҳанд ва ӯ ба ҳуш омада, ба сухангӯӣ медарояд.
Вақте табибон тасмим мегиранд, то ӯро муолиҷа кунанд, маълум мешавад, ки Вал комилан сиҳат аст. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
ҶИГАРУ ГУРДАҲОРО АЗ ЧОЙИ ХУНУК НИГОҲ ДОРЕД!
Чойи хунукро қатъиян нӯшидан мумкин нест. Чойи хунук хунукиро нигоҳ дошта, балғамро зиёд мекунад, инчунин, ба кори ҷигар ва гурдаҳо зиён меорад.
Тадқиқот исбот намуд, ки чойи хунук дар таркибаш оксалати бисёр дорад ва ин ба пайдошавии санги гурда оварда мерасонад. Чойи хунук нисбат ба чойи гарм бештар зарар дорад. Ба одамон одат шудааст, ки дар ҳавои тафсон чойи хунукро ба миқдори зиёд истеъмол кунанд ва ин, албатта, боиси хароб шудани саломатӣ мегардад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
ШАРМУ ҲАЁ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ғурур дур буд ва аз ҳеҷ кас худро бузургтару болотар намегирифт. Дар салом додан ҳам мисли расулуллоҳ пешдастӣ мекард.
Шарму ҳаёи ӯ ба андозае буд, ки ҳаргиз розӣ намешуд мардум ба хотири ӯ ба заҳмат бияфтанд.
Менависанд: «Рӯзе ба ҳаммом даромада буд ва ҳамон лаҳза боз берун омада, ҷомаҳо пӯшид. Ёрон аз ӯ суол карданд, ки «Мавлоно чаро зуд берун омад. Дар посух фармуд, ки даллок (ходими ҳаммом) шахсеро аз канори ҳавз дур мекард, ки то маро ҷо созад, аз шарми он арақ карда, зуд берун омадам».
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ТАЙМС-СКВЕР (НЮ-ЙОРК) 
Солҳои зиёд майдони Таймс-сквери Ню-Йорк аз ҷиҳати ташрифи сайёҳон машҳуртарин дар ҷаҳон буд. Вале, қатъи назар аз теъдоди назарраси сайёҳон (ҳамасола ба ин ҷо тақрибан 50 миллион нафар меояд), солҳои охир он миёни сербинандатарин мавзеъҳо дар ҷойи сеюм қарор дорад. То ҳол ин майдони марказӣ ҷойи вохӯрии бисёри сокинони маҳаллӣ, банаворгирии филмҳои  ҳолливудӣ ва саҳнаҳои театрӣ мебошад. Дар ин ҷо мағозаҳои фирмавӣ, оперҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, комплексҳои фароғатӣ ва осорхонавии бешумор мутамарказ шудаанд. 
Таймс-сквер имрӯзҳо яке аз ҷойҳои бехавф барои гаштугузори шабонарӯзии сайёҳон мебошад. Барои фароҳамсозии муҳити шодии беист дар ин ҷо танаффус нест, баромадҳо, мастер-классҳо, барномаҳо ва консертҳо ҳамин ҷо гузаронда мешаванд.
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
 
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
 
7. Ҳадафҳои дастёфтанӣ барои худ таъин кунед
Ҳадаф дошта бошед. Ҳадафҳое, ки қобили дастёбианду шуморо барои талош таҳрик медиҳанд. Барои мисол, агар шумо то ҳол ба ягон навъи варзиш машғул нестед, нақша кашед, ки дар як сол қаҳрамони олимпӣ мешавед. 
Дар баробари ин, метавонед орзуҳои худро ёддошт кунед. Ҳамаро нависед ва барои дастёбӣ ба ҳар кадоми онҳо талош варзед. Баъди ҳадафу орзуҳоятонро рӯи коғаз навиштан, онро дар маъраз гузоред. Барои мисол, онҳоро рӯи экрани компютер, ҷевон ва ғайраҳо насб кунед. Аз орзуҳоятон ҳарф занед ва умедвор бошед, ки онҳо амалӣ мешаванд. Чунин чашмандоз шуморо қувват мебахшад ва таҳрик медиҳад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДӮСТЕ БА МИСЛИ МОДАР МЕҲРУБОН 
То вақте миёни одамон накуию  меҳрубонист, бори мушкилиҳо бар дӯши бечорагону дармондагон сабуктар мешавад. Чжан Чи мубталои бемории дистрофеяи мушакҳост. Роҳ гашта наметавонад. Аммо бо ғамхории дӯсти меҳрубонаш Се Сюй ӯ дар сафи дигарон дар донишгоҳ таҳсил менамояд. Дӯсташ наздики 3 сол мешавад, ки ба ӯ ёрӣ мерасонад ва  қариб тамоми вақти фориғашро  сарфи хидмати рафиқи маъюбаш менамояд.
Ӯро ба дарс мебарад, дар канораш менишинад ва барои аз кабинет ба кабинети дигар рафтан, ёрӣ мерасонад. Ҳатто дар тайёр кардани ғизо ва шустани либосҳо кумак мекунад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
АСОЧӮБИ  ПЁТРИ I
Воқеае, ки дар назди шаҳраки сарироҳии  Гапсал (ҳудуди имрӯзаи Эстония) рух дода буд, бисёр аҷиб аст. 22 июни соли 1715 Пётри I вақти аз ин мавзеъ гузар кардан, қарор медиҳад, ки бо мардуми деҳоти Линден ва Падис вохӯрда, дар шаҳраки Ревел хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрад. Рамм, ҳокими Ревел, баробари шунидани ин хабар, ба қосид мегӯяд, ки майлу хоҳиши қабули меҳмон надорад. Бо вуҷуди ин, Пётри Бузург нисфирӯзӣ ба Ревел расида меояд ва аввалин коре, ки мекунад, бо асочӯби дасташ Раммро мурданак мекӯбад. Вақте ҳама бо завқ зиёфатро нӯши ҷон мекарданд, Пётри I ҳокими нимҷонро ба мизи хоси шоҳӣ даъват карда, дар паҳлуяш менишонад. Аз ин амали шоҳ ҳама ҳайрон, вале худи Рамм мафтун мешавад. Чунон мафтун мешавад, ки ҳангоми хайрухуш назди шоҳ ба зону зада, илтиҷо мекунад, ки асочӯбашро барои хотира ба ӯ бахшад. Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки  ҳамон асочӯб то ҳол дар хонадони авлоди Рамм ҳамчун хотира барои ибрат маҳфуз аст. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
КИТОБ ВА  ЗАМОНИ МО
«ОДАМИ САРВАТМАНДТАРИНИ БОБУЛОН»
Китоби Ҷорҷ  Самюэл   Клейсон  бо номи «Одами сарватмандтарини Бобулон» дар бораи истифодаи  оқилонаи пасандоз ва бо ин роҳ расидан ба муваффақият иншо шудааст.  
Бобулон  яке аз    давлатҳои   боҳашамату  мутараққии  аҳди  қадим мебошад.  Ҳанӯз  аз  соли  1926, ки ин китоб аз  чоп баромадааст, сокинонаш  тарзи пасандоз карданро, ки  асоси афзудани дороӣ   маҳсуб мешуд,  хеле хуб фаҳмида буданд. Аллакай, дар он замон бозори  молу маҳсулот, қарздиҳиву қарзгирӣ   ва  сармоягузорӣ  вуҷуд дошт. Муаллифи китоб ба хонанда  роҳҳои сарфу харҷи бошууронаи пулу молияи хеш ва соҳиби дороӣ шуданро меомӯзад, ки барои мардуми замони мо низ аҳамияти бузург дорад. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА 
 
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
ДАР КАЙҲОН ХОБ РАФТАН ИМКОН ДОРАД?
Кайҳоннавардонро ин-сонҳои далертарини дунё меҳисобанд, зеро онҳо метавонанд ҳар лаҳза ба ҳодисаҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шаванд. 
Дар кайҳон, ки фазои бевазнист, бо ин сабаб, устухонҳои бадан зуд калсийро гум карда, нозук мешаванд. Кайҳоннавардонро зарур аст, ки  пас аз бозгашт ба Замин роҳ рафтанро аз нав омӯзанд. 
Дар кайҳон таъми хӯрок дигар аст, чунки дар  бевазнӣ ба  майнаи сар миқдори зиёди хун ва дигар моддаҳо ворид шуда, ба ҳис кардани таъму бӯй имкон намедиҳанд. 
Хоб рафтан дар коинот нороҳат аст, аз ин лиҳоз, вақти муқаррарии хоб, яъне 8 соатро кайҳоннавардон  дар дохили халтаҳои махсус ва кабинаҳои худ мегузаронанд.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
НОБИҒАҲО МИЁНИ МУНОСИБАТҲО  НАМЕМОНАНД
АЗ 14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГӢ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТРО ДИГАР МЕКУНАД
ҚОНУНИ «МИНИМУМ ВА МАКСИМУМ». Одамони барҷаста, нобиғаҳо, умуман, шахсони неруманд, ҳеҷ гоҳ дар миёни муносибатҳо намемонанд, зеро онҳо нисбат ба дигарон бепарво нестанд: онҳоро нодида намегиранд, дӯст медоранд. Аз ин рӯ, ин гуна одамон фаромӯш намешаванд, дар бораашон гап мезананд: касе бо мафтунӣ, касе бо ҳасад. Агар шумо аз қабили ин гуна одамон – хушбахт ва дорои табиати дурахшони созанда бошед, пас хавотир нашавед, ки ҳамсояи ошёнаи поёнӣ ба шумо заҳр мепошад. Агар шумо душман надоред, пас  нокомед.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.2022    №: 39    Мутолиа карданд: 2165
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед