logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

26 феврал миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро иброз намоям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯзҳо дар марҳалаи рушди бомароми худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон алоқаманди пешбурди минбаъдаи ин раванд мебошад ва мо омодаем, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити ҳар чи бештари мусоид барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар талошҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.
Бо таҷдиди табрикоти хеш ба ҷаноби Президент саломатии комилу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу дорам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 феврали соли 2022 таҷлил мегардад, табрик менамоям.
Дар баробари таманниёти гарми худ ба кишвари Шумо ва мардуми он рушду шукуфоӣ хоҳонам.
Бовар дорам, ки дар оянда ҳамкорӣ миёни мамлакатҳои мо таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Лутфан, изҳори эҳтироми олии маро қабул кунед».
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 3145
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед