logo

иҷтимоиёт

АЗ ҲАҚИҚАТИ ТАҚСИМОТИ НАВИ ҶАҲОН ТО БОЗИҲОИ ГЕОСТРАТЕГӢ

Ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст: таҳаввули сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Мутаассифона, на ҳамаи он ба манфиати давлатҳои алоҳида меанҷомад. Баъзан чунин дигаргуниҳо дар пай хатарҳое доранд, ки на танҳо боиси буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ, балки амну субот дар кишварҳои алоҳида мегарданд. Аз ин рӯ, имрӯз дар бисёр мамлакатҳо барои омӯзиши чунин равандҳо пажӯҳишгоҳҳои ҷудогона ихтисос додаанд. Дар ҷумҳурии мо ба омӯзиши ин масоил Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, ки дар назди АМИТ амал менамояд, машғул мебошад. Институт равандҳои муосирро на танҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳад, балки аз хатарҳои баъдӣ огоҳ ва дар қадами минбаъда роҳи ҳалли онҳоро низ пешниҳод месозад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома Фарзона Файзалӣ бо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори институти мазкур, дар ҳамин хусус мебошад. 
- Ҳолиё чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳон ба гирдоби муноқиша табдил ёфтааст. Ҳамагон шоҳиди онем, ки чӣ гуна дар давлатҳои алоҳида ихтилофу эътирозҳо ба вуҷуд меоянд. Ин боиси нигаронӣ мебошад, зеро, пеш аз ҳама, ба суботи ҷомеа рахна ворид менамоянд. Лутфан бигӯед, ки чунин носозгориву эътирозҳо аз куҷо сар мезананд ва ба минтақаву кишварҳои дигар, хосса Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон як ҷузъи соҳибэътибори он мебошад, чӣ таъсире хоҳанд дошт?
- Бузургтарин мушкил, ки имрӯз пешорӯйи инсоният меистад, аз нав тақсим шудани ҷаҳон аст. Коршиносон сароғози онро дар минтақаи Осиёи Миёна охирҳои асри XIX ва аввали асри XX медонанд, ки ин раванд баъдан боиси ҷанги сард ва аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шуравӣ мегардад. Имрӯз низ ба гуфтаи муҳаққиқони сиёсӣ чун бозиҳои геосиёсӣ идома дошта, абарқудратҳо мехоҳанд ҷаҳонро миёни худ аз нав қисмат кунанд, ки ҳадаф аз он боз ҳам дастрасӣ ба захираи ашёҳои хом аст. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз усулҳои гуногун кор мегиранд. Чунончи, аз эътиқоди динии мардум, то ҳар гуна нақшаву бозиҳову шиорпартоиҳо. 
Таҳлилу омӯзиши вазъ нишон медиҳад, ки бештари чунин бозиҳову барномаҳо ба Осиёи Марказӣ равона гардидаанд. Бубинед, ки Осиёи Марказӣ ба саҳнаи муборизаҳои бузурги геостратегӣ табдил ёфтааст. Воқеаҳои охири минтақа, далели равшани ин гуфтаҳост. 
Соли 2021 баъд аз сари қудрат омадани "Толибон" (ҳаракати дар Тоҷикистон манъшуда) вазъият дар минтақа зери таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифт. Ҳоло дар Афғонистон вазъ мураккабу печида боқӣ мемонад. Он ҷо шумораи зиёди гурӯҳҳои террористӣ амал доранд, ки ба амнияти на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таҳдид менамоянд. 
Воқеаҳои дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода низ хеле нигаронкунандаанд. 
Таҳаввулоти дигари минтақа дар Қазоқистон ба вуқуъ пайваст. 
Кор  то  ҷойе расид, ки Қазоқистон аз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кумак хост ва неруҳои посдори сулҳи СААД вазъи ногуворро ба эътидол оварданд. Ин таҳаввулот ба баҳонаҳои иқтисодӣ мисли баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ сар зада, баъдтар яқин шуд, ки  сад дарсад мақсади сиёсӣ доштаасту тазоҳургарон ҳам қаблан омода карда шудаанд. Яъне, чунин табаддулот пешакӣ тарҳрезӣ, сипас амалӣ мешаванд. 
Ҳоло ин воқеаҳо тамоми кишварҳои минтақаро нигарон кардаанд, зеро сар задани чунин ҳолатҳо дар дигар давлатҳои ҳамсоя аз эҳтимол дур нест. Ба ин хотир, ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам Ҳукумати кишвар аз воқеаҳое, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқуъ пайвастанд, бояд хулосаи зарурӣ бардоранд. Аз ҳодисаҳои рухдода хусусан мардуми мо бояд сабақ бигиранд. 
 
- Ба андешаи шумо ҳаводисе, ки ба наздикӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқуъ пайвастанд, метавонанд ба нақшаҳои таҳмилии бузургтаре рабт дошта бошанд? 
- Андешаҳо дар ин маврид гуногунанд. Дар ин миён ақидаҳои даст доштани қувваҳои беруна дар воқеаҳои охири моҳи ноябри соли гузашта ва имрӯзи шаҳри Хоруғ низ мавҷуданд. Аммо, аз назари мо, чунин нест. Агар дар ин амал қувваҳои беруна даст медоштанд, кор тамоман ранги дигар мегирифт. Вале, агар ба таври куллӣ бигӯем, мавҷудияти нуфузи чунин акторон (бозигарон) дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест. Ба ҳар сурат, амалҳои хилофи қонуни гурӯҳҳои муташаккил, ки охири моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он содир шуданд, ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии мардуми вилоят зиёни ҷиддӣ расонданд. Ин боиси нигаронист ва тасмимоти ҷиддӣ ва саривақтӣ мехоҳад. 
Дар ин кор қувваҳои беруна даст надошта бошанд ҳам, ин ҷо мушкили дигарро метавон мушоҳида кард: амалҳои ҷиноятии як гурӯҳи махсус ва, умуман, ҳаводиси имрӯзаи шаҳри Хоруғро неруҳои бадхоҳ, душманони миллату давлати мо, ки такягоҳашон хоҷагони хориҷианд, кӯшиш доранд ба манфиати худ истифода кунанд. 
Набояд фаромӯш кард: то ҷинояткориро аз байн набарем, амнияту тартибот дар ҷомеа таъмин намегардад. Омили асосии солҳо идома ёфтани воқеаҳои шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳамин аст, ки то кунун баъзе гурӯҳҳои ҷинояткор дар он ҷо фаъоланд. Барои сар назадани чунин низоъҳо бояд, ки нуфуз, мақом ва таъсиргузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ баланд бардошта шаванд. Ҳама гуна амал дар доираи қонун бояд анҷом пазирад. Сохторҳои марбута бояд дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ фаъолтар бошанд. 
 
- Гуфтед, ки қувваҳои беруна агарчи дар сар задани воқеаҳои шаҳри Хоруғ даст надоранд, аммо ин фурсатро ба манфиати худ истифода кардан мехоҳанд. Чӣ тавр ва бо кадом роҳ?
- Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ. Бубинед, онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯз 99 дарсади ҷавонони ҳанӯз маърифати сиёсиву ҳуқуқиашон шакл нагирифта дар ин фазо мечарханд, ҳар гуна матолиби дурӯғу иғвоангез паҳн намуда, онҳоро ба “таҳаввулот” даъват месозанд ва бо ин амал вазъро шадид кардан мехоҳанд. Амалҳои зиддиқонунии онҳоро дуруст ва қаҳрамонӣ хонда, бо эҳсоси онҳо, ки болои аспи ҷаҳланд, бозӣ мекунанд. Ба таври дигар гӯем: “Обро лой намуда моҳӣ доштан” мехоҳанд. Дар ин сурат аз ақли солим кор бояд гирифт, на аз эҳсос. Ақл ба эҳсос бояд, ки ғолиб ояд. Ва ҳам мардум бояд бидонанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мағзшӯйӣ мешаванду набояд фирефтаи дасисабозон гарданд, хосса ҷавонони сарбаланди Бадахшон. Бояд дарк намуд, ки бо чунин рафтор танҳо ба худ осеб мерасонем, на ба дигарон. 
 
- Дар бархӯрд бо бозиҳои геостратегӣ, ки ба минтақаи Осиёи Марказӣ равона шудаанд ва мо пайомади бади онро эҳсос мекунем, Тоҷикистон чӣ гуна бояд истодагарӣ намояд?
- Дар ин сурат, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз зиракии сиёсӣ кор бояд гирифт. Ҳоло яке аз хатарҳои пешорӯ ҳаводиси Афғонистон мебошад. 
Дар ин маврид, пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таъсиси камарбанди амниятӣ атрофи Афғонистон масъалаи муҳим мебошад, ки кишварҳои дигари Осиёи Миёна ба он бояд ҳарчи зудтар таваҷҷуҳ намоянд. Тавре болотар зикр намудем, ин ҷо гурӯҳҳои террористӣ амал менамоянд, ки ин ба амнияти давлатҳои соири минтақа хатари ҷиддӣ доранд.
Дар ин росто, мушкили дигаре, ки пешорӯйи мо меистад, муайян намудан ва аломатгузории марзии Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Ташвишовар аст, ки мавзуи баҳси марзӣ, то имрӯз ҳалношуда боқӣ мондааст, бо ин сабаб, сард шудани муносибати ин ду ҳамсоя боз ҳам эҳтимол дорад. Ба ин хотир, ҷонибҳо мушкили марзиро бояд, ки ҳарчи зудтар ва бо роҳи мусолиҳа ҳаллу фасл намоянд. Дар акси ҳол душманони миллатамон аз ин имконият низ ба манфиати худ истифода хоҳанд кард.
Набояд фаромӯш сохт: дар муқобили ҳама гуна бозиҳои геостратегӣ ҳар давлату миллат тавассути ваҳдати миллӣ, якдилӣ ва истиқлоли комил метавонад истодагарӣ намояд. Танҳо ваҳдату якдилӣ метавонанд моро аз ҳама гуна хатар эмин нигоҳ доранд. Миёни мардум, хосса ҷавонони навоҳии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гарданд, то бидонанд пушти бозиҳои геостратегӣ киҳо меистанд ва чи мароме доранд. Ба ҳама гуна иттилои бофта, ки ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеаро барҳам мезананд, бовар накардан ва аз онҳо дур будан ба манфиати кор аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед