logo

иқтисод

ҲИСОР. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

 
Сокинони шаҳри Ҳисор соли сипаришуда дар ҳамаи самтҳои  хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил шуданд. Рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин гардид. Хусусан, бо мақсади  истиқболи арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симои шаҳр ба куллӣ дигар гашт. Иншооти гуногун, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таҷдиду навсозии роҳҳо, сабзазоркунӣ ва хуррамгардонӣ ба шаҳр ҳусни дигар бахшиданд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулот 3 миллиарду 230,1 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ  бештар мебошад. 
 
БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАСТОВАРДИ СОЛ
Бино ба иттилои Сироҷиддин Каримзода, муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор, таъмини рушди бо мароми иқтисодӣ, некуаҳволии мардум, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеа ва татбиқи дастуру ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат аз самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошанд. Ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 866 иншооти ба нақша гирифта шуда буд ва то ин давра 874 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар раванди корҳои ободонӣ саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ чашмрас буда, онҳо  дастҷамъона бо руҳияи баланди меҳандӯстӣ ҳиссаи худро мегузоранд. 
Бо қарорҳои раиси шаҳр "Соли 2021 - Соли роҳҳои обод" ва "300 рӯзи ободонӣ"  эълон гардид, ки дар заминаи ин иқдом беш аз 70 км роҳ  мумфарш, 270 км роҳҳои ҳудуди деҳаҳо таъмиру сангфарш, 32 ҳазор метр ҷӯйбор  бетонпӯш, зиёда аз 200 ҳазор метр ҷӯйбор тоза ва беш аз 100 ҳазор метр хатти нави оби нӯшоӣ кашида шуд. Дар доираи беҳсозии инфрасохтори роҳҳои дохилишаҳрӣ ва маҳаллӣ дар дурдасттарин деҳа – Варгандоки деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бунёди  беш аз 6 километр роҳ ба анҷом расид. Дар маҷмуъ, барои корҳои иҷрогардида зиёда аз 300 миллион  сомонӣ маблағ сарф гардида, 2454 ҷойи корӣ таъсис ёфт.
              
НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД  
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва минтақаҳои алоҳида дар асоси барномаҳои қабулгашта, аз ҷумла Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2025, ба роҳ монда шуда, татбиқи самараноки он иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард.  Нақшаи даромади буҷети шаҳр барзиёд иҷро гардида (102 дарсад), ба буҷет  215 миллиону 447 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Ин аз ҳисоби истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва сохтмон, хизматрасонии пулакӣ ва гардиши савдои чакана таъмин гардидааст. 
 
САНОАТ РУШД МЕЁБАД
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.  Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, таъмин намудани иҷрои ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - раванди саноатикунонии босуръати кишвар, хусусан ҷиҳати пешбурди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар шаҳр таваҷҷуҳи хосса равона гардидааст. 
Шумораи корхонаҳои саноатӣ айни ҳол 80-торо ташкил менамояд. Онҳо дар ин давра ба маблағи 268 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки ин нисбат ба соли пешӣ 26,6 миллион сомонӣ зиёд аст. 
                 
КИШОВАРЗӢ – САМТИ ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИЁТ 
Кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва самарабахш ҷиҳати рушди иқтисодиёти шаҳр маҳсуб ёфта, қисми бештари аҳолӣ дар ин соҳа кору фаъолият дорад. Соли сипаришуда маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 827 миллиону 552  ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 41 миллиону 852 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.       
Хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 12 324 гектар кишти зироат, аз қабили ғалладона, пахта, зироатҳои равғандеҳ, картошка, сабзавот, полизӣ, сабзавоти тухмӣ ва зироатҳои хӯроки чорво гузаронданд. Соли гузашта кишоварзони шаҳр дар майдони 1208 гектар пунбадона кишта, 2729 тонна ҳосил гирифтанд. Кишти такрории зироатҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 2179 гектар гузаронда шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 159 гектар беш аст.
Боғу токпарварӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони маҳаллӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки соли гузашта дар майдони 182 гектар боғи нав бунёд шуд. Ҳосили меваҷот ба 21828 тонна расид, ки нисбат ба соли 2020-ум  1786  тонна зиёд мебошад. Дар ҳудуди шаҳр ҷиҳати кам кардани талафот ва нигаҳдории меваю сабзавот 21 сардхонаи замонавии нав бунёд шуд, ки имкони ҷойгиркунонии зиёда аз 7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро дошта, барои дар тамоми фаслҳои сол бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин намудани аҳолии кишвар ва хориҷи он мусоидат менамояд.
                                       
РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ 
Соҳаи маориф, ки  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад ва дар партави ин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 75 545 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Соли гузашта дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ 386 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ 105 нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”  даҳ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  се  ва  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  чор  нафар ғолиб омаданд.                                                     
                                          
ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БЕНАЗИРАНД 
Шаҳри Ҳисор бо инфрасохтори нисбатан пешрафта ва мавзеъҳои таърихии қадима мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони зиёди хориҷӣ қарор дорад. Дар шаҳр 87 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла 8 ёдгории монументалӣ, 12 меъморӣ  ва 67 археологӣ, мавҷуд аст, ки байни сайёҳон маъруфият зиёд доранд. Инчунин, дар мавзеъҳои сайёҳии табиӣ-экологӣ барои  ҷаҳонгардон 16 бӯстонсарой (hostel) фаъоланд, ки бо шароиту имкониятҳои васеи қабулу истироҳати мизоҷон ҷавобгӯ ба талаботи муосиранд. 
Айни замон дар шаҳр 5 осоишгоҳ мутобиқ ба стандартҳои муосир фаъолият дорад. Бо иштироки Пешвои муаззами миллат баъди азнавсозӣ ва сохтмони биноҳои иловагӣ Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” моҳи июли соли сипаришуда ифтитоҳ гардид, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар як вақт то ба 1000 нафар меҳмон хизмат мерасонад. Ҳамзамон, моҳи декабр Пешвои миллат ба фаъолияти Мамнуъгоҳи тозабунёд барои ҳайвонот ва парандаҳои нодир дар деҳоти Ҳисор, ки аз ҷониби ҶДММ  “Қуллаҳои тоҷик” бунёд  шуд, оғоз бахшиданд.
Соли сипаришуда 84 309 нафар меҳмон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии  шаҳр дидан намуданд, ки 18 ҳазору 12 нафарашро хориҷиён ташкил медиҳанд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 1025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед