logo

маориф

КӮЛОБ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

 
Бешак, маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимии иловагӣ, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Бояд эътироф намуд, ки дастоварду пешравиҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳиму калидӣ давоми беш аз ду даҳсола бесобиқа арзёбӣ мегарданд. Сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат мекунад.
Тавре сардори раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Қадамшоҳ Ҳакимзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иброз дошт, муҳимтарин омили комёбӣ дар соҳаи маориф таълиму тарбия мебошад, зеро омӯзгори фаъолу кордон, дониши баланддошта, бузургтарин дороӣ ва калиди дари ганҷинаи маънавии ҳар маърифатгоҳ мебошад. Чуноне Роҳбари давлат дар Паёмашон иброз доштанд, агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ 75 муассисаи таълимию тарбиявӣ дошта, дар онҳо 52 810 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Шумораи умумии омӯзгорон 3 652 нафарро ташкил медиҳад. Айни замон дар муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб 2 Корманди шоистаи Тоҷикистон, 156 аълочии маориф, 6 нафар аълочии фарҳанги Тоҷикистон кор карда истодаанд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 13 фан  намояндагони муассисаҳои таълимии мо соҳиби 57 ҷойи ифтихорӣ ва медалҳо шуданд, аз ҷумла 2 тилло, 13 нуқра ва 42 биринҷӣ. 
Ҳамзамон, хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 3 медали тилло, 3 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва 35 ифтихорнома ба даст оварданд. Инчунин, 82 хонанда дар солҳои 2021-2022 гирандаи Стипендияи президентӣ шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби сокинони маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар назди муассисаи № 19 сохтмони муассисаи таълимии нав барои 480 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки ин мушкилоти себастиро аз байн бурд. Дар соли сипаришуда, бо дастгирии соҳибкор Бахтиёр Назаров дар маҳаллаи М. Раҳимзода сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст, хонаи муаллимон сохта шуд. Дар асоси Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф, айни замон сохтмони муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Абдушукурова, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ идома доранд. Бояд гуфт, ки аз ҳисоби Фонди саудии рушд сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз гардидааст. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки исломии рушд, шарики глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи стратегияи рушди маориф дар шаҳри Кӯлоб, сохтмони муассисаи таълимии рақами 36 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Чоқтемур, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии рақами 14, деҳаи Панҷосиёб, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии рақами 28, Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, сохтмони муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии рақами 42 дар маҳаллаи Ҷумъа Алӣ, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии рақами 21 дар деҳаи Корез ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 49 дар деҳаи Тӯдакафш ба нақша гирифта шудааст. 
Итминони комил дорем, ки рушди соҳаи маорифи шаҳр дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам вусъати бештар ёфта, моро водор месозад, ки сифати таълиму тарбияро беҳтар намоем, - гуфт Қадамшоҳ Ҳакимзода.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2022    №: 40    Мутолиа карданд: 4397
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед