logo

Хабарҳо

Токаев ва Макрон вазъи феълии Авруосиёро баррасӣ карданд

Мир24. Бо ташаббуси ҷониби Фаронса Президенти Қазоқистон Қосим – Жомарт Токаев бо Президенти ин кишвар Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, вазъи феълии Авруосиё баррасӣ шуданд. Сарварони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки равобити доимии кориро идома диҳанд,- гуфт дафтари матбуоти Президенти Қазоқистон.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин кишвар, як рӯз пеш Токаев бо раиси Шурои Аврупо Чарлз Мишел гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. 
Қаблан Токаев дар ҷаласаи Шурои байниҳукуматии Авруосиё дар Нур-Султон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ якҷоя ҷидду ҷаҳд намоянд.
 
 
Лукашенко ва Зеленский дар бораи вохӯрии ҳайатҳои Россия ва Украина ба тавофуқ омаданд
 
Мир24. Президентҳои Беларус ва Украина Александр Лукашенко ва Владимир Зеленский рӯзи якшанбе суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Лукашенко ва Зеленский ба мувофиқа расиданд, ки ҳайати Украина бо намояндаи Россия бидуни ҳеҷ шарте дар марзи Беларус ва Украина дар наздикии дарёи Припят мулоқот кунанд. Лукашенко масъулиятро ба дӯш гирифт, ки дар ҷараёни сафар, музокирот ва бозгашти ҳайати Украина тамоми чархболҳо, ҳавопаймоҳо ва мушакҳои мустақар дар Беларус дар замин боқӣ хоҳанд монд.
 
Қаблан котиби матбуотии Президенти Россия Дмитрий Песков гуфта буд, ки ҳайати Россия барои музокирот бо Украина омода аст. Дар навбати худ Владимир Мединский, ёрдамчии Роҳбари Россия, гуфт, ки Украина дар бораи музокирот бо Россия дар вилояти Гомел мувофиқат кардааст.
 
 
 
Натоиҷи раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Беларус
 
АИР «Новости». Дар раъйпурсӣ аксарияти мардуми Беларус ба ҷонибдории ислоҳот ба  Конститутсия  овоз доданд. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Игор Карпенко хабар дод.
 
«65,16 дарсади иштирокчиёни раъйпурсӣ, ки ба рӯйхатҳои овоздиҳӣ дохил шудаанд, ба ҷонибдории қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Беларус овоз доданд.  Зид - 10,07 дарсад», - гуфт раиси КМИР. Шумораи умумии иштирокчиёни раъйпурсӣ 6 миллиону 815 667 нафарро ташкил дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар раъйпурсӣ 78,63 дарсади шаҳрвандони ба рӯйхати раъйпурсӣ  воридшуда,  ширкат варзиданд.
Овоздиҳӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия 27 феврал баргузор шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 958
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед