logo

Хабарҳо

БОНК. ТАҲЛИЛИ АМИҚИ СОҲА ВА РОҲНАМОӢ БАРОИ РУШДИ ОН

 
“Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ”. Ин мавзуъ дар доираи вохӯрӣ - семинари амалӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев тариқи рӯнамо манзур гардид.  
Ҷамолиддин Нуралиев ҳозиронро аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, устувории бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳоти институтсионалии БМТ дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои БМТ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи СОVID-19 алоқаманд ва идомаи сиёсати пешгирифта шинос намуд.
Оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар 11 соли охир (солҳои 2011-2021) маълумот дода, дар самти татбиқи сиёсати монетарӣ бошад, роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд, ибрози назар намуд. Аз ҷумла, аз соли 2015 то имрӯз баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузарондани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиётҳо дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ (тавассути моделҳои эмперикӣ), гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва дигар ислоҳоти таъсирбахш роҳандозӣ карда шуд. Дар натиҷа сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти “гузариш аз миқдор ба сифат”, ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда дар давоми 6 соли охир гардид, шарҳу тавзеҳ дода, зикр кард, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.
Дар қисми дигари рӯнамо таваҷҷуҳи ҳозирон ба ислоҳоти институтсионалӣ, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ ҷалб шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, бо мақсади таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст. Таъкид гардид, ки бо фаъол шудани Марказ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар бамаротиб коҳиш ёфта, ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамчунин, дар рафти рӯнамо доир ба рушди устувори бозори асъор, гузарондани ислоҳот дар воҳидҳои сохторие, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом медоданд, механизми гузарондани музоядаҳои асъории БМТ, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизми мудохилаҳои асъорӣ, таҳлили тағйирёбии қурби пули миллӣ дар натиҷаи тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва нархи нафт дар ҷаҳон ва амсоли инҳо, дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир маълумоти муфассал манзур шуд.
Рӯнамо бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гашта, дар рафти он иштирокдорон оид ба масъалаҳои низоми бонкӣ, аз ҷумла пасандоз ва қарзҳо, қарзҳои овернайт, идоракунии хавфҳои бо омилҳои берунӣ алоқаманд, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти реҷаи нави ҳадафгирии таваррум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми бонкӣ ва нақшаҳои БМТ дар соли 2022 ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфтанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 862
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед