logo

иҷтимоиёт

ТВ «ВАРЗИШ». МУАССИСАЕ, КИ ДАР ТАЪРИХИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК САҲИФАИ НАВРО РАҚАМ ЗАД

Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин – 2022 (4 – 20 феврал) ба анҷом расиданд. Кормандони Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ин мусобиқоти бонуфузро аз маросими кушодашавиаш пайгирӣ намуда, талош карданд, то ҳамаи нерусанҷиҳоро пешкаши мухлисон гардонанд. Муҳимтар аз ҳама, бори аввал дар таърихи телевизиони тоҷик Бозиҳои олимпии зимистона ба таври мустақим бо шарҳи тоҷикӣ пахш шуданд. 
Телевизиони «Варзиш» чун ягона телевизиони сартосарии варзишии кишвар  инъикоси ҷараёни рақобатҳои бозиҳои олимпиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор дода, ҳуқуқи пахши расмии онро ба даст овард. Омодагиҳо барои пахши бозиҳо ҳанӯз як моҳ пеш оғоз шуда буданд. Сипас, дар 15 навъи варзиши зимистона шореҳ интихоб гардид. Азбаски шореҳон таҷрибаи шарҳи намудҳои бозиҳои зимистонаро надоштанд, дар ин самт якҷо бо роҳбарияти шабака ва забоншиносон ҷаласаҳои машваратӣ доир гаштанд. Дар тарҷумаи ибораву истилоҳоти соҳа ҳам, пешакӣ чораҳо андешида шуда, барномаҳои вижа, аз қабили “Вожаварз”, дар ин самт таҳия гардиданд. Ҳамин тавр, шореҳон дар такя ба шабакаҳои байналмилалӣ фаъолиятро ба роҳ монда, талош намуданд, ки аз уҳдаи вазифаашон бо сарбаландӣ бароянд.
- Мо ҳамарӯза маъмулан намудҳои футбол ва футзалро шореҳӣ мекунем. Бароямон намудҳои зимистона чизи нав аст. Омодагиро як моҳ қабл аз олимпиада шуруъ намудем. Қоидаҳои бозиҳо ва раванди баргузории рақобатҳоро омӯхтем. Ин марҳила барои мо таҷрибаи нав шуда, ба он ҳама донишу маҳорате, ки қаблан доштем, зам гардид. Ва то ҳадди тавон кӯшиш кардем, ки ҳамчун шореҳони касбӣ бозиҳоро пешниҳоди мухлисон намоем. Албатта, беиштибоҳ набуданд, вале бароямон таҷриба шуд,- иброз намуд Парвизи Маҳмадамин, шореҳи ТВ «Варзиш».
Рақобатҳои ду риштаи варзиш дар як вақт доир мешуданд, масалан дар як замон ҳам биатлон ва ҳам сноуборд ҷараён мегирифт. Аз ин рӯ, онҳо дар ду мавҷ пахш мешуданд. Дар шабака ҳам, якбора дар ду ҳуҷраи шореҳон сабқатҳоро шарҳу тавзеҳ менамуданд. Якеашро тариқи мустақим, дигареро сабт карда, сипас шомгоҳон  ба эфир медоданд.
- Дар танзими барномаҳо низ дар раванди олимпиада тағйирот ба вуҷуд омаданд. Зеро зимни ҷобаҷогузории барномаи ҳаррӯза диққати махсус ба бозиҳои олимпӣ дода шуд. Ҳамарӯза аз соати 6.00 пахши мустақими рақобатҳо оғоз шуда, то соати 19.00 идома мекард. Баъдан, дар қисмати шомгоҳӣ барномаҳои муаллифӣ ва бозиҳои топ 5 чемпионати бонуфузи кишварҳои Аврупо пахш мегардиданд. Барномаҳои махсуси таҳлилӣ низ бахшида ба олимпиада, аз ҷумла «Рӯзномаи олимпӣ» манзури тамошобинон мегардиданд. Яъне, мо кӯшиш кардем, ки ин бозиҳоро ба таври арзанда тарғиб намоем, бо умеди он ки пас аз тамошои олимпиадаи Пекин ҳадди ақал дар дили қисме аз  кӯдакону наврасони мо шавқи варзиши зимистона пайдо мегардаду оянда онҳо ҳамчун варзишгари касбӣ номбардор ва муаррифгари миллату давлат мешаванд,- гуфт Нориён Парвиз, директори ТВ «Варзиш».
Баъзе мухлисони футбол дар ин раванд изҳори норозигӣ ҳам намуда буданд, зеро барои инъикоси бозиҳои футбол, ки дар Тоҷикистон хеле алоқамандони зиёд дорад, вақт камтар ҷудо мешуд. Вале инро ба назар бояд гирифт, ки олимпиада дар 4 сол як маротиба доир мешавад ва он диққати тамоми сайёраро ҷалб менамояд. Шабакаҳои бузурги варзишии байналмилалӣ, аз ҷумла Матч ТВ, Sky sport, Eurosport, давоми 16 рӯз эфири худро бо бозиҳои олимпӣ пур карданд.
Тарҷумаи калимаю истилоҳоти  соҳаи варзиши зимистонаро зикр кардан ба маврид аст. Чун то ин дам дар кишвар таҷрибаи  шарҳи тоҷикии ин риштаҳо набуд, каме дар ин самт шореҳон душворӣ ҳам кашиданд. Вале то ҳадди имкон кӯшиш карданд, ки вожаи тоҷикии ба ҳамон навъ мувофиқро пайдо созанд, ки он ҳам ифодагари номи аслиаш бошаду дар талаффуз ҳам форам бошад. Масалан: фигурное катание – рақси рӯйи ях, лыжные двоеборья - лижаронии дуҳарба, санный спорт- чанасаворӣ, сноуборд-тахтабарфсурӣ, фристайл-тахтабарфсурии озод, горные лыжы-лижаронии кӯҳӣ, коньки-яхмол ва ғайра. Ҳамзамон, баъзе аз истилоҳот бидуни тарҷума қабул шуданд: хоккей, биатлон, кёрлинг... 
Дар ин самт корҳо зиёданд. Дар оянда шабака  нақша дорад, ки тарҷумаи тоҷикии ҳамаи истилоҳотро дарёфта, ҳамчун дастурамале пешкаши насли оянда созад. 
Давоми ин рӯзҳо на танҳо кормандони шабака бо риштаҳои нав ошно шуданд, дар баробари ин тамошобинон низ варзишҳои навро ба худ ихтироъ карданд. Бори аввал фазои иттилоотии варзишии кишвар бо гузоришҳои намудҳои зимистона пур шуд. На танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои хориҷ ҳам тавассути моҳвора имкони тамошои олимпиадаро дар ТВ «Варзиш» доштанд. Барои мо низ дар корномаамон ин як саҳифаи наве буд, ки он ба китоб табдил ёфта, баҳри насли ояндаи шореҳон ҳамчун дастурамали саримизӣ хизмат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки 1 март аз фаъолияти телевизиони «Варзиш» 6 сол  пур мешавад. Давоми ин солҳо шабака на танҳо фазои иттилоотии кишварро пур кард, балки тавонист даҳҳо кадрҳои хуби соҳаро тарбия намояд.
 
 
Парвина АШУРОВА, муҳаррири ТВ «Варзиш»  
    
Р.S. Ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» кормандони телевизиони «Варзиш»-ро бахшида ба 6-умин солгарди фаъолияти ин шабака таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамояд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2022    №: 41 - 42    Мутолиа карданд: 518
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед