logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. СОКИНОНИ НАЗДИМАРЗӢ БА МУНОСИБАТИ ДӮСТОНА БАРТАРӢ МЕДИҲАНД

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми тоҷик дар дарозои зиндагии чандҳазорсолаи хеш боре ҳам ба сарзамине ҳамла накардаанд ва ҳар диловарие, ки фарзандони арҷманду ҷасури миллати мо, мисоли Спитамену Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон анҷом додаанд, танҳо ба хотири дифоъ аз марзу  буми хеш, ҳимоят аз озодиву истиқлоли миллӣ будааст. Ин миллати сарфароз дар ҳама давру замон хостори рафоқату дӯстӣ бо ҳамсоягони хеш буда, ҳамеша оинҳои ҳамсоядориро риоят менамояд. 
Рӯйдодҳое, ки давоми чанд соли охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар минтақаҳои наздисарҳадии Воруху Чоркӯҳ, рустои Овчӣ - Қалъача ба вуқуъ пайвастанд, бори дигар собит намуданд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ хостори оромиву субот дар минтақа дар миёни мардумоне, ки солҳои зиёд бо шеваи дӯстиву бародарӣ зиндагонӣ намудаанд, нестанд. Албатта, мардуми одӣ ва сокинони ду ҷониб ҳаргиз барои сар задани чунин муноқишаҳои хунин сабабгор нестанд ва баръакс онҳо бар он кӯшиш доранд, ки оромишу субот ва дӯстии ҳамешагиашон барқарор бошад. Далели равшани ин гуфтаҳо баргузории  маросими оши оштӣ дар нуқтаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ба шумор меравад, ки бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва мардумони куҳансоли  манотиқи мазкур ҷараён гирифт.
Махсусан, таъкиди мӯйсафедони ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба дӯстиву рафоқат, зиндагонии орому осудаи онҳо аз он гувоҳ буд, ки воқеан худи аҳолӣ аз низоъҳои марзӣ хаста шудаанд ва хостори оромиву дар фазои дӯстона зиндагӣ кардан ҳастанд. Дар ҷараёни суҳбату нишастҳои самимонаи мардуми ду кишвар ҳамеша сухан аз фурсатҳои нотакрори гузашта, осоиштагиву шодӣ ва хандаҳои беғаши онҳо дар тӯю сури ҳамдигар буд.
Гуфтушунидҳои анҷомёфта дар давоми ду соли охир дар сатҳи мақомоти расмии давлатӣ, комиссияҳои муштарак ба равшанӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамеша дар ҳама ҳолат ҷониби Тоҷикистон хостори ҳамин сулҳу субот ва оромиш дар минтақа буда, ҳаллу фасли мусолиҳатомези масъаларо дар асоси талаботи қонун ва санадҳои таърихии мавҷуда пайгирӣ кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ худ шоҳиди фарҳанги таҳаммулпазирии тоҷикон дар ҷараёни талошу кӯшиш ба ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ, пешгирӣ аз хунрезиву афзудани душманӣ будааст ва имрӯз ҳам ин равиши инсонгароёнаро дунболагирӣ дорад. Мутаассифона, дар чандин маврид ҳамагон шоҳид будем ва тавре таъкид гардид, ҷомеаи муосир ҳам огаҳӣ пайдо намуд, ки талаботи созишномаҳои имзошуда нахуст аз ҷониби Қирғизистон ва, ҳатто, бо дахолати баъзе масъулини мақомоти давлатӣ вайрон шуда, боиси низоъ ва даргириҳо гардид. Чуноне аён аст, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ҳаллу фасли муноқишаҳоро аз роҳи дипломатӣ истиқбол намуда, фарҳанги таҳаммулпазирӣ нишон додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар робита ба баҳсҳои сарҳадӣ чунин изҳор доштанд: “Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо назардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ, аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо назардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”. Аз ин мулоҳизоти дурнигаронаи Пешвои миллат, мавқеи Тоҷикистон бори дигар ба таври барҷаста равшан мегардад, ки ҳамон сиёсати таҳаммулгароёна ва инсонсозонаро таҷассум мекунад. 
Имрӯз, ки сокинони навоҳии наздисарҳадӣ бо умеди тантанаи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими дӯстии халқҳо дар марз иқдоми оши оштиро пеш гирифтаанду канори ҳам омадаанд, аз ин ташаббуси созандаи онҳо бояд истиқбол намуд. Зеро сулҳу оромиш ва тантанаи дӯстӣ дар марз ва муколамаи солиму озодонаи мардум омили муҳим барои ҳаллу фасли мушкилот бо роҳи дипломатӣ мегардад. Барҳақ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аюб УСМОНЗОДА, 
устоди ДДХ ба номи 
академик Бобоҷон Ғафуров, 
доктори илмҳои таърих
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2022    №: 41 - 42    Мутолиа карданд: 851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед