logo

сиёсат

АФҒОНИСТОН. АЗ ФОҶИАИ БАШАРӢ ТО ОЯНДАИ НОРӮШАН

Теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон вақтҳои охир дучанд афзудааст. Бо назардошти ин, Афғонистон, бешубҳа, таҳдиде барои кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа боқӣ хоҳад монд. Тибқи пешгӯйии сиёсатшиносон эҳтимол аст, ки номуайянии нигаронкунанда дар атрофи Афғонистон солҳо ё даҳсолаҳо идома ёбад. Таҳдиди асосӣ ин истифода аз хоки Афғонистон ҳамчун пойгоҳе мебошад, ки аз он террористон метавонанд барои ноором кардани кишварҳои минтақа истифода баранд. 
 
БУҲРОНИ ГУМАНИТАРӢ 
Тавре огаҳем, 15 августи соли 2021 ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии «Толибон» вориди Кобул шуда, билохира, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Вазъи печидаи Афғонистон якбора мураккабтар гардид. Кишварро буҳрони гуманитарӣ фаро гирифт. Хушксолӣ, низоъҳои мусаллаҳона, пандемияи COVID-19 ва буҳрони иқтисодӣ ба зиндагии афғонҳо ва дастрасии онҳо ба ғизо таъсири ҷиддии манфӣ гузоштанд. Ҳанӯз қабл аз вуруди «Толибон» ба Кобул, вазъи башарӣ дар Афғонистон яке аз бадтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешуд.
Қариб нисфи сокинони кишвари 40 - миллионнафара ба кумаки башардӯстона ниёз ва зиёда аз нисфи кӯдакони то 5-сола зери хатари норасоии шадиди ғизо қарор доштанд. Бо ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» вазъ дар кишвар бадтар шуд.
Баъзе мардуми ранҷдидаи афғон барои баровардани эҳтиёҷоти хонаводаашон маҷбур шуданд, даст ба фурӯши фарзандонашон зананд, ки фоҷиаи инсонист. Як қисми дигараш барои дарёфти ғизо маҷбур шуданд, шомили гурӯҳҳои террористӣ гарданд, ки ин боиси нигаронии кишварҳои ҳамсоя мебошад. Агар вазъ чунин идома ёбад, пас пайомадҳои нохушаш ба кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад.
 
НАҚШИ ПОЙИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ АФҒОНИСТОН ФАРОТАР МЕРАВАД
Ба гуфтаи Замир Кобулов, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба Афғонистон, қабл аз ба сари қудрат омадани «Толибон» дар Афғонистон ва баъд аз он, бисёр ҷангҷӯёни ДИИШ ва дигар аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз ин кишвар ба ҳар ҷойе, ки тавонистанд, фирор карданд. Мавсуф таъкид кард: «Мо медонем, баъзеи онҳо ба Осиёи Марказӣ ворид шудаанд. То ҷое, ки маълумот дорем, марзи Тоҷикистону Афғонистон дар аввал барои гурезагон боз буд, вале ҳоло чораҳои хеле сахт андешида шудаанд.
Маълумоти ғайримустақим вуҷуд дорад, ки ҷангҷӯёни аъзои гурӯҳҳои террористӣ ба ҷануби Қазоқистон рафта, сипас дар ҳаводиси моҳи январ ширкат кардаанд. Аммо на ҳамчун ташкилотчӣ, балки чун иштирокдорони ин бетартибиҳо. Интизорем то ҳукуматдорони Қазоқистон тафтишотро ба анҷом расонанд ва натоиҷи он ошкору воқеият равшантар гардад». 
10 январ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зимни музокира бо раиси Шурои Аврупо Чарлз Мишел изҳор дошт, ки зимни бетартибиҳо дар Қазоқистон ҷангҷӯён, аз ҷумла аз Афғонистон ва Ховари Миёна, ширкат доштанд. Токаев гуфт, ман шубҳа надорам, ки ин ҳамлаи террористӣ буд. Амали муташаккил ва омодашудаи таҷовузкорона зидди Қазоқистон бо ширкати ҷангҷӯёни хориҷӣ. Ба гуфтаи Роҳбари ин кишвар, идеяи ташкили «минтақаи бесарусомонии назоратшаванда бо ғасби минбаъдаи ҳокимият» дар қаламрави кишвар вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, дар Қазоқистон амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. 
 
ВАЗЪ ДАР АФҒОНИСТОН РӮЗ БА РӮЗ ПЕЧИДАТАР МЕГАРДАД
Моҳи январ вобаста ба вазъияти баамаломада дар Қазоқистон, нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шарикон суханронӣ карда, аз вазъи Афғонистон ёдоварӣ намуданд. Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки вазъ дар марз бо Афғонистон рӯз ба рӯз печидатар мегардад, аз ин рӯ, зарур аст,  барои эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон тасмим гирифта шавад. Пешвои миллат бо нигаронӣ зикр карданд, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзишии террористон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯ қарор дорад. Дар поёни тобистони соли 2021 ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд, ки аксари онҳо ба ифротиён пайвастаанд. 
Муовини намояндаи доимии Россия дар СММ Геннадий Кузмин дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ иброз дошта буд, ки дар бораи гузариши бархе аз низомиёни собиқи мақомоти амнияти давлатӣ аз артиш ва хадамоти махсус дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ба сафи ДИИШ маълумот мавҷуд аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Ироқ ҳам, дар вақташ ин вазъро мушоҳида кардан мумкин буд.
 
ТАЪСИРИ МАНФИИ ВАЗЪИ НОУСТУВОРИ АФҒОНИСТОН БА КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ 
Микаэл Агасандян, намояндаи доимии Россия дар СММ, гуфт, шубҳае нест, ки бад шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон на танҳо барои аҳолии ин кишвар, балки барои ҳамсоягони он ва берун аз минтақа низ оқибатҳои ниҳоят манфӣ доранд. Дар робита ба ин, мо бар ин назарем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои башардӯстонаро ба аҳолии Афғонистон тавсеа диҳад. 
Тибқи гуфтаи Александр Стерник, директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Россия, таҳдиди афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон комилан воқеӣ аст. Тиҷорати маводи мухаддир, ҳамчунон, манбаи асосии даромади гурӯҳҳои террористии воқеъ дар дохили Афғонистон ба шумор меравад.
Вай ёдовар шуд, ки ҳиссаи ҷаҳонии афюнҳои афғонӣ ба 90 дарсад мерасад. Аммо СААД ба таҳдиди воридшавии маводи мухаддир фаъолона муқовимат мекунад. 
 
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2022    №: 41 - 42    Мутолиа карданд: 1350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед