logo

фарҳанг

«ЛУТФИ АШӮР САФАР»

Чанде пеш тавассути нашриёти «Адиб» китоби нави шоир ва рӯзноманигори номвар Гурез Сафар– «Лутфи Ашӯр Сафар» бо теъдоди 5 ҳазор нусха рӯйи чоп омад. Ҳаҷву хушгӯиҳои воқеии таркиби китобро писари шоир Гурез Сафар чандин сол ҷамъ оварда, ба хонандагону мухлисон дар шакли китоб пешниҳод кардааст.
Китоб лутфу зарофат ва ҳаҷвияҳои Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафарро дар бар мегирад. Ҷомеаи адабии кишвар аз танзу шӯхиҳои намакини шоир тавассути матбуот, ёру дӯстон ва фарзандон огоҳ бошанд ҳам, дар шакли комил ва фарогир пешниҳод шудани онҳо лаззати дигар дорад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар пешгуфтори китоб чанд сухани муъҷаз навишта, чеҳраи хандону табиати шӯхи устодро хуб ба тасвир кашидааст. Аз ҷумла, менависад: «Лутфи намакин, пурнеш, тунду завқбахш ва нишонраси устод Ашӯр Сафар дар ҳама маврид, дар ҳама сатҳ дар ҳузури кабирону сағирон ранг-ранг бадоҳатан ба гӯш мерасид. Ин як паҳлуи ҳунар ё истеъдоди модарзодии устод Ашӯр Сафар буд. Ба қавле, раҳ ба раҳ аз забонаш лутфу истеҳзои дилнишин мерехт».
Аз ин ишора агар ба як паҳлуи ҳунари шоир будани базлагӯйӣ хабар ёбем, аз тарафи дигар дарк мекунем, ки зарофати ин шахсият танҳо барои хушҳол кардани атрофиён не, балки баҳри бартараф шудани камбудиҳо, бо назокат нишон додани хӯйу хислатҳои зишт ва, дар маҷмуъ, ислоҳи ҷомеа хидмат мекунад.
Як сухани пуртаъсир гоҳо ҷойи сад тозиёнаро мегирад ва бесабаб нагуфтаанд, ки сухан ҳам заҳр асту ҳам подзаҳр. Ба ин хотир, агар ба мазмуну муҳтавои умумии хушгӯйиҳои адиб таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки хислатҳои баде, ба мисли хабаркашиву гапчинӣ, беҳиммативу аз ҳисоби дигарон муфт хӯрдану гаштан, дӯстии забониву нониро бештар парастидан, тамаллуқкорӣ, дастбӯсиву хушомад, кибру ғурури ноҷо, аз пушти дигарон калонигарӣ кардан, нашинохтани ҳаққи нону намак ва садҳо амали ношоистаи инсон мазаммат мешавад. Дар назари аввал хонанда механдад, аз бофти воқеаҳои нодир, аз гапдонӣ, ҳозирҷавобӣ ва ё баръакс аз ғофилию нодонии қаҳрамонҳои як латифа завқ мебарад, аммо ин сатҳи аввал аст. Мисли гирдак ё чормағзе, ки пас аз шикастан мағзаш ба даст меояд, таркиби латифаҳо дарду доғҳои бешумор доранд. 
Вақте сатҳи дуюм боз мешавад, ҳадаф равшантар ва симои гӯяндааш нуронитар ба чашм метобад. Мебинем, ки Ашӯр Сафар дар муҳити худ оина аст, оинае, ки мо бо ҳама нуқсу камол худро дар он мебинем.
Аз ҳаҷвияҳо чанд намунаи кӯтоҳро бо каме таҳлил меорам, ки гуфтаҳои болоро муҳри тасдиқ зананд. Дар ин латифа шоир амалдореро, ки аслан аз Ховалинг асту дар шаҳрдории Кӯлоб кор мекунад, пиёда дида, ба мошинаш савор мекунад. Вақти падруд гапе мегӯяд, ки ҷони гап аст:
- Домулло, рости гапро гӯям, барои чӣ туро то хонаат овардам? Ту барои ман хусурсабабӣ, набошад, ин вазифаи туро ба як пул ҳам намегирам.
Ашӯр Сафар беҳуда ин ҳарфро нагуфта. Маълум мешавад, ки мусофир худро «одами калон» гирифта, ҳавобаландӣ кардааст, ба некии шоир сипосе нагуфта, аз мошин фаромаданӣ шудааст, аз ин сабаб, Ашӯр Сафар дар гармогармии ҳодиса гапи сермурчу қаламфурашро «арзонӣ» доштааст.
Ҳаҷвияи дувум «Тасаллӣ» ном дошта, қаҳрамонон Қутбӣ Киром ва Ашӯр Сафаранд.
Ашӯр Сафар ба зиёрати дӯсти деринаш ба нашриёт омада, аз ӯ шикваи бедандон шуданашро мешунавад:
- Э, Ашӯрҷон, напурс. Тамоман бедандон шудем, - ҳасрат мехӯрад Қутбӣ Киром, ки навакак якчанд дандонашро канда буданд.
- Ҳеҷ гап не! – тасаллӣ медиҳад ӯро Ашӯр Сафар. – Бедандон шаву бедаҳан не!
Дар ҷумлаи охир сухан бо камолу ҷамол ба поён мерасад. Ин ба ин маънист, ки бедандонӣ ба хайр аст, бедаҳан, яъне бадгапу зиштзабон ва ҳарзагӯ мабош.
Латифаи дигар аз вохӯрии Ашӯр Сафар бо Сафармуҳаммад Аюбӣ нақл мекунад, ки пас аз корманди ТАСС (Агентии иттилоотии Иттиҳоди Шуравӣ) шудани Аюбӣ сурат гирифтааст. Табрики Ашӯр Сафар чунин садо медиҳад:
- Шунидем, ки ТАСС шудӣ, муборак бошад! Акнун умед дорем, ки КАС мешавӣ.
Вожаи «кас» дар гуфтугӯи мардум ва дар адабиёт ба ҷуз аз маънии аслӣ, ба маъниҳои хуб, баландпоя, шинохта ва, ҳатто, одами бузургу воломақом меояд. Зидмаънои он калимаҳои «нокас» ва «хас» аст: аз хас будан, кас будан беҳтар аст. Шоир Бозор Собир низ дар шеъри маъруфи «Тоҷикистон» менависад:
Агар касам, каси туям,
Агар хасам, хаси туям!
Табрики шоир маънии нек дорад, ҳарчанд дар нигоҳи аввал хандаовар метобад. Ӯ хоҳишманди он аст, ки мухотабаш бузургу шинохта ва аз ҳама муҳим, одами хуб шавад, на чизи дигар.
Ё ҳамон суҳбатҳои Одина Ҳошим бо Ашӯр Сафар барои сарояндагони имрӯз басе ибратбахш аст. Одина Ҳошим вақте аз шоир пешниҳоди шеъреро барои офаридани суруди нав мехоҳад, чунин посух мешунавад: - Овози шумо дар хондани шеърҳои мо ҳайф мешавад, шумо аз Саъдию Ҷомию Бедил хонед.
Бино ба навиштаи Абдулҳамид Самад, шоир «баъзан ҳолат қаҳрамони ҳаҷвбоб намеёфт, барои дилхушӣ ва ибрати ҳамроҳон худро бо «тозиёна»-и истеҳзои малеҳ андак-андак менавохт». Яъне, ҳатто гоҳо худро дар маркази мутоиба мегузошт, то ки ин ё он хислату амали ношоиста танқид шавад, нодурустии онҳо бедалел набошад. 
Воқеан ҳам, сухани шахсиятҳои таъсиргузоре чун Саидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар дар муҳити эҷодиву адабӣ муҳим буд. Маҳз суханони обдору намакини онҳо буд, ки одамон дар хати сужети ҳаҷвияҳо худро медиданд, ошкорову ниҳонӣ ба камиву костии ахлоқи хеш иқрор мегардиданд ва пайи ислоҳи рафтору гуфтори худ мешуданд.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Лутфи Ашӯр Сафар»-и Гурез Сафар вижагиҳо ва лутфҳои аз ин бештарро дорост, ки танҳо аз хонданаш метавонед эҳсос кунед. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2022    №: 41 - 42    Мутолиа карданд: 1985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед