logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН. ҲАМКОРИҲО ТАҲКИМ МЕЁБАНД

 
Дар доираи маросими намоишгоҳи ихтисосии маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, намояндагони ин кишвар дар ҳайати намояндагии раиси вилояти Хуросони Разавӣ Яқубалӣ Назарӣ бо даъвати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба вилоят ташриф оварданд. Меҳмононро Қурбон Ҳакимзода ва фаъолон дар шаҳри Норак истиқбол намуданд. Онҳо аз Неругоҳи барқи обии “Норак” боздид ба амал оварда, бо таъриху дастовардҳои он ошно гаштанд. 
Ба иттилои шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ҳамчунин, меҳмонон аз маҷмааи парандапарварии “Мармарӣ”, воқеъ дар ноҳияи Данғара дидан карданд. ҶДММ “Мармарӣ” дар истеҳсоли гӯшти мурғ саҳми бориз дорад. Ҷиҳати таъмини бозорҳои ватанӣ бо гӯшти мурғ меҳмонон ба кори роҳбарияти корхонаи мазкур баҳои баланд дода, даъват ба амал оварданд, ки баҳри ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварии кишварҳои ҳамсоя шартнома дошта бошанд. Ҳайати меҳмононро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, инчунин, ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Ҷунтай Данғара-Син Силу” ошно кард. Он яке аз корхонаҳои бузурги саноатии вилоят маҳсуб ёфта, кормандонро бо шароитҳои хуби корӣ таъмин кардааст. Меҳмонон ба сифати либосҳои истеҳсолнамудаи корхона баҳои баланд дода, аз шароити ҳаррӯзаи корӣ дар ин корхона пурсон шуданд. Гуфта шуд, ки тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ аксарият кормандон ба кор ҷалб гардида, дар ин замина мутахассисони таҷрибадорро ҷалб кардаанд.
Дар идомаи сафар меҳмонон дар ноҳияи Данғара дар ҳайати соҳибкорон бо роҳбарии муовини раиси вилоят ва раиси ноҳия сари мизи гуфтушунид нишаста, оид ба ҳамкориҳои баъдӣ табодули назар карданд. Меҳмонон дар идомаи сафар дар вилояти Хатлон ба МОИ  “Данғара” ташриф оварда, аз корхонаҳои бузурги ин минтақа дидан намуданд. Роҳбарияти минтақа ҳангоми муаррифии корхонаҳо иброз намуд, ки дар МОИ  “Данғара” 5 ширкати эронӣ фаъолият намуда, ба истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ, коркарди меваи хушк, писта, истеҳсоли битум, равғани муҳаррик ва полоиши нафтӣ, истеҳсоли нӯшоба, сачоқчаҳои коғазӣ, консерва ва болопӯшҳо машғул мебошанд. Дар баробари ин, дар ояндаи наздик боз бо ду ширкати дигар ҳамкорӣ ба роҳ хоҳанд монд. 
 
Нигина РАҲМОН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед