ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ЗАМИН
Боз як раисро барои қаллобӣ ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ирсоли боз як парвандаи ҷиноятие ба суд хабар дод, ки марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин аст.
Тибқи иттилои манбаъ, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Суҳроб Муродов, раиси Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буда, номбурда ба қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ айбдор мешавад. Чунончи, ӯ барои ҷудо намуда додани 0,04 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як шаҳрванд 15000 сомонӣ гирифта, баъдан барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани он 20000 сомонии дигар талаб намудааст. Вале ҳангоми гирифтани ин маблағ дар дафтари кориаш аз ҷониби кормандони агентӣ дастгир гардид.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба С. Мурдов бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» (ғайриқонунӣ додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ҳоло барои баррасӣ дар дасти суд қарор дорад.
ТАМАЪҶӮӢ
Орзуи пули муфт бо ҷавобгарӣ анҷом шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мардеро ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт намуданд, ки бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда аз як зан пул талаб намудааст.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 37-сола ном бурда, иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми гирифтани 1 ҳазору 500 сомонӣ аз ҷабрдида, ба дасти маъмурони милитсия афтодааст.
Дар робита ба ин ҳолат, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
ДУЗДӢ
Боздошти ноболиғи 15-сола бо ин ҷурм
Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ноболиғи 15-солаеро боздошт намуданд, ки дар ҳамдасти бо як рафиқаш ба дуздии ҷавоҳирот гумонбар мешавад.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, ноболиғи боздоштшуда 20 феврали соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии сокини 58-солаи пойтахт шуда, аз дохили ҷевони хона ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ба маблағи 10 ҳазор сомониро дуздидааст.
Айни ҳол, вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2022 №: 41 - 42 Мутолиа карданд: 3503