logo

Хабарҳо

Дар Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад

 
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст, аз онҳо 101 нафар донишҷӯ мебошад. 
Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандонеро, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ мондааст.
Ба ҳолати 28 феврали соли 2022 зиёда аз 200 нафар тоҷикистонӣ ба Лаҳистон ва Молдова мустақилона сафар кардааст.
Феълан, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати то 14 рӯз сафар намоянд.
 
 
Душанбе - мизбони Конфронси байналмилалӣ
Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мегардад, - хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.
 
 
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм
Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф соли 2022 миёни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ташкил ва баргузор мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳр имзо шуд.
Ба маълумоти шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр, мақсад аз он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои  таълимӣ ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад.
Барои озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳр  383 230 сомонӣ ҷудо гардидааст.
 
 
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур  Шерализода дар иҷлосияи панҷуми  Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблея бахшида ба 50-солагии таъсиси он, ки аз 28 феврал то 2 март ва 3-4 марти соли 2022 дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар Найробии Кения баргузор мешаванд, иштирок менамояд. 
Тавре аз кумита иттилоъ доданд, иҷлосия таҳти раёсати вазири иқлим ва муҳити зисти Норвегия Эспен Барт Эйде зери унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор» бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои ҷаҳон ва сарварони бархе давлатҳо баргузор мешавад. 
Дар мулоқот, инчунин, дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ташаббусҳои глобалии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ва эълон кардани Рӯзи байналмилалии пиряхҳо муаррифӣ мешаванд.
 
 
Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз шуд
1 март марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 оғоз гардид.
Тибқи тартиб, хоҳишмандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Вобаста ба ин дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шудаанд.
 
 
7 ва 25 март – рӯзҳои истироҳат
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 546 «Дар бораи гузарондани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2022» рӯзи шанбеи 5 март ба рӯзи душанбеи 7 март ва рӯзи шанбеи 19 март ба рӯзи ҷумъаи 25 март гузаронда мешаванд. 
Ба маълумоти Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, 5 март (шанбе) рӯзи корӣ, 7 март (душанбе) рӯзи истироҳат ва бо ҳамин тартиб 19 март (шанбе) рӯзи корӣ ва 25 март (ҷумъа) рӯзи истироҳат муайян шудааст. Тағйирёбии рӯзҳои корӣ ва истироҳатӣ ба кормандоне татбиқ мегардад, ки ҳафтаи кории онҳо дар як ҳафта 5 рӯз мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед