logo

сиёсат

ПАЁМ. ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ТОҶИКИСТОНРО БО ЧАШМИ АҚЛ БОЯД ҚИЁС КАРД!

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар фароварди соли барои миллатамон таърихӣ, соле, ки 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомоти хосса ва дастовардҳои беназир таҷлил шуд, метавон таҳлили сисолаи таърихи давлатдории навинамон ва барномаи минбаъдаи густурда дар ин самт унвон кард. Зеро дар он роҳи тайкардаи халқамон дар ин муддат, ки пур аз шебу фароз буд, бознигарӣ ва мақсаду марому ҳадафҳо барои солҳои оянда муайяну мушаххасу барномарезӣ гардиданд.
Мусаллам аст, ки бурду бохти ҳар як давра бо корбурди қиёс ба давраҳои дигар баръало мегардад ва натиҷагирӣ муяссар мешавад. Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон ва пеши назар рӯнамо сохтани дастовардҳои бесобиқаи дар сӣ сол бадастомада Роҳбари давлат дар ибтидои Паём ба солҳои аввали давлатдории навинамон ишора намуда, ёдовар гардиданд, ки ҳастии миллати шарафманди моро дар он давра хатари нестӣ таҳдид мекард. Зеро бадхоҳони миллат тавонистанд бо истифода аз неруҳои дохилии ноогоҳу беҳувияту ифротгаро давлати тозабунёди моро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Бар асари нооромиҳо аркони давлатдорӣ фалаҷ, беҳокимиятӣ ҳукмфармо, мардум сарсону саргардону иҷборан муҳоҷир ва даҳҳо мушкили дигар домангири халқамон шуданд. 
Воқеан, барои касе пӯшида нест, ки даҳаи аввали даврони соҳибистиқлолии мо бо нооромӣ, кашмакашҳои дохилӣ, роҳандозии музокироти сулҳ ҷиҳати ба ифоқа овардани тарафҳои даргир, оғози раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғайра паси сар гардид. Раванди ободкориву созандагӣ танҳо аз даҳаи дуюми замони соҳибистиқлолӣ оғоз ёфт. Яке аз мушкилоти сангине, ки бар асари ҷо доштани нооромиҳо дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми мо ба он рӯ ба рӯ омад, ин камбуди ғизову таҳдиди гуруснагӣ буд ва он мубталошавӣ ба бемориҳои мухталифро низ дар пай дошт. Ин ҳолат гоҳо ба фавти одамон низ боис мегардид. Шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки дар он замон чун низоми додугирифт ва содироту воридоти мол миёни давлатҳо ҷиддан коҳиш ёфта, ба ҳолати маъмул баргардондани он дар ояндаи наздик тасаввурнопазир буд, бояд тадбири фаврие андешида мешуд, ки аҳолии кишварро аз ин мушкил раҳо мекард.  Ҳукумати  вақт  роҳи ягонаи ҳалли масъалаи бамиёномадаро дар роҳандозии ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ёфт ва ин иқдом бори нахуст дар давлатдории навинамон татбиқ шуд. Бо ин роҳ истифодаи самараноки обу замин аз тарафи соҳиби аслии он-деҳқон ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардид, ки дар оянда самараи хуб ба бор овард. Мардуми шарифи мо хуб дар ёд доранд, ки маҳз ҳамин иқдом он солҳову солҳои минбаъда боиси рафъи камбуди ғизо ва бо озуқаворӣ таъмин  кардани аҳолии кишвар гардид.
Дар ин замина Сарвари давлат дар Паём чунин гуфтанд: «Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992 – 1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд».
Мусаллам аст, ки тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ андешида мешаванд, маҳз ба хотири некуаҳволӣ, беҳтар кардани шароити зист ва истиқомати мардуми шарифамон равона шудаанд. Барои касе пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагии сокинони кишвар сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, шароити зисти мардум хубтар гардид ва иқтисоди хонаводагиашон боло рафт. Дар робита ба ин, дар Паём зикр гардид, ки дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо шуд. Яъне, 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.
Роҳбари давлат ба афзоиши аҳолии кишвар ишора намуда, бо назардошти ин омил ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ минбаъд дар шаҳру марказҳои ноҳияҳо бунёди хонаҳои бисёрошёнаро тақозои замон ва мувофиқи мақсад донистанд.
Бо мақсади беҳтару хубтар кардани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25, дигар кормандони ин мақомот 20, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл, нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 дарсад аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯйи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли равон зиёд гашта, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар мешавад. 
Яке аз нукоти муҳими Паём ин эълон гардидани солҳои 2022 – 2026  ҳамчун «Солҳои рушди саноат» буд. Роҳбари давлат ба аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ишора намуда, гуфтанд, ки  дар ин давра бояд зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 95 миллиард сомонӣ расонда, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. 
Гузашта аз ин, дар Паём ба сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар ишора шуд. Воқеан ҳам, дар ин самт дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ва шоистаи таҳсин сурат гирифтанд. Набояд фаромӯш созем, ки бо гузашти ҳамагӣ 7 сол аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ аз тарафи Роҳбари давлат иқдоми башардӯстонае сурат гирифт, ки дар кишварҳои орому пешрафтаву мутараққӣ, ки дар боби ҳимояи ҳуқуқи инсон ба дигарон панд медиҳанд, ба ҷорӣ кардани он то ҳол ҷуръат намекунанд. Манзури мо ба тасвиб расидани фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004 ва дар заминаи он қабул гардидани қонуни дахлдор аст. Дар ин замина, дар кишвари мо ба ҷазои қатл ва иҷрои он мораторий эълон гардид.
Дар чаҳорчӯби чунин сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба Қонун дар бораи афв қабул гардид, ки дар ҳошияи онҳо 170 000 нафар аз адои ҷазо озод шуд. Соли рафта бошад, бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Қонуни афв қабул гашт, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва  адои ҷазо озод шуд.
Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ авзои сиёсии ҷаҳонро басо печида арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабтар мегардад. Ҳолати ҳукмфармо тақозо мекунад, ки бо мақсади  таъмини амнияти давлату ҷомеа Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохторҳои дахлдор ба масъалаҳои марбут ба беҳтару хубтар кардани сифати хизмату зиндагии кормандони низомӣ, таҷдид ва ба талабот ҷавобгӯй гардондани техникаву таҷҳизоти Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии хизматчиёну кормандони марбута эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Зеро вазъи ноороми кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон на танҳо ба минтақа, балки ба фаротар аз он низ бетаъсир наҳоҳад монд. Бояд гуфт, ки Роҳбари давлат аз минбарҳои баланди созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ тайи бист соли охир борҳову борҳо баҳри оромию ободии Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карда буданд, ки барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии он бетараф набошанд. Мутаассифона, вазъияти сиёсии Афғонистон дар соли 2021 муташанниҷ гардид. Дар робита ба масъалаи мавриди назар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ба таври мушаххас эълон доштанд: «Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад».
Ҳамзамон, Роҳбари давлат аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар чунин шароити душвор бояд мо ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро аз ҷон бештар дӯст дорем, бо корбурд аз мавқеи шаҳрвандии хеш бо меҳнати ҳалолу содиқонаи худ барои таҳкими пояҳои давлатдории навину соҳибистиқлоламон саҳми боризи худро гузорем ва фарзандони худро дар ҳамин руҳия ба воя расонем.
Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёми сафобахшу сабзофар буд ва бардошти хешро аз он бо овардани як иқтибос хулоса менамоям, ки онро ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад ҳамчун панд, ҳушдор, дастур ва супориши Роҳбари давлат пазираду зиндагию фаъолияти минбаъдаи худро дар ҳошияи он ба роҳ монад: «Мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо. Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздик бартараф месозем. Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад».
 
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2022    №: 43    Мутолиа карданд: 830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед