logo

Хабарҳо

ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТ. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

Дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2021 баргузор шуд. Аз ҷумла, варзишгароне, ки меъёрҳои Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо иҷро карданд, қадр гаштанд.
32 варзишгари тоҷик, ки соли рафта миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар чемпионатҳои Осиё оид ба ҷудо, гӯштӣ, бокс, таэквондо медал ба даст овард, сазовори ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Бо ин мақсад аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 450000 сомонӣ ҷудо шуд.
Ба барандагони медалҳои нуқра байни калонсолон 50000 сомонӣ (аз ин 10000 сомонӣ ба мураббӣ), биринҷӣ 25000 (5000), миёни наврасону ҷавонон ҷойи якум 18750 (3750), зинаи дуюм 12500 (2500) ва мақоми сеюм 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ) тақдим гардид.  
Ҳамин тавр, Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, 50000 сомонӣ), Далер Ризозода (гӯштии юнонӣ-римӣ, 50000), Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо, ба ҳар кадом 25000), Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (бокс, 25000), Моҳру Ҳалимова (таэквондо ВТ, 25000), Шодмон Ризоев (ҷудо, 18750), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Парвиз Абдураҳмонов (ҷудо, 12500), Абубакр Шеров, Масъуд Аҳмадзода, Давлатҷон Назриев, Суруш Эркаев, Муҳаммад Юсуфзода (ҷудо, 6250), Руслан Ғафуров (бокс, 12500), Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Искандарбек Рустамов, Абубакр Муродов, Абдураҳим Ёқубов, Сироҷиддин Ҳоҷиев, Анушервон Фозилов, Бузургмеҳр Иксанов, Шаҳбоз Додоҷонов, Муҳаммад Ҷабборов, Юсуф Фозилов, Нурланбек Эрматов, Акмалҷон Абдувалиев, Бибиҷон Музаффарова ва Дурандеш Зубайдов (бокс, 6250) сазовори ҷоиза гаштанд. 
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфта, тайи ҳафт сол 201 ҷоиза ба варзишгарон ва мураббиёнашон тақдим гардидааст, ки маблағи умумии он 4392500 сомониро ташкил медиҳад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1057
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед