logo

Хабарҳо

Даъвати Токаев аз Россия ва Украина

Мир 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз Украина ва Россия даъват кард, ки бар сари мизи музокирот ба созиш бирасанд.  Роҳбари Қазоқистон дар анҷумани ҳизби Нур-Отан гуфт, ки Нур-Султон омода аст дар сурати зарурат дар музокирот миёнаравӣ намояд.
«Мо бар принсипи тақсимнашавандагии амнияти Авруосиё исрор менамоем. Принсипи тақсимнопазирӣ ҳамдигарфаҳмиро дар асоси боварии ҳамдигарӣ пешбинӣ менамояд. Мутаассифона, ин тавр нашуд, созишномаҳои Минск рӯи коғаз монданд, ки боиси амалиёти низомӣ дар  ҳудуди Украина гардид. Вазъияти геополитикӣ ба таври бесобиқа тезу тунд шуд. Мо ҳар ду давлатро даъват мекунем, ки дар сари мизи гуфтушунид ҳамдигарфаҳмӣ кунанд, созишҳо ва ризоият ба даст оранд. Илоҷи дигар нест. Бе сулҳ ҳеҷ рушде вуҷуд нахоҳад дошт», - гуфт Токаев.
 
 
СҶТ аз коҳиши  COVID-19 иттилоъ дод
Известия. Дар бюллетени ҳарҳафтаинаи эпидемиологии Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ  гуфта мешавад, ки ҳафтаи охир (21-27 феврал) мизони гирифторӣ ба коронавирус 16 дарсад ва фавт аз оқибатҳои ин беморӣ 10 дарсад коҳиш ёфтааст.  Гуфта мешавад, ки дар як ҳафтаи охир 10 776 582 нафар ба коронавирус мубтало шуда, шумораи фавтидагон ба 60 155 нафар расидааст.  Шумораи сироятшудагон дар баҳри Миёназамини Шарқӣ 34, Амрико 30 ва  Аврупо 24 дарсад коҳиш ёфт. 
Тули тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон беш аз 435,6 миллион ҳолати сироят ба COVID-19 ва беш аз 5,95 миллион фавт аз ин беморӣ  сабт шудааст.
 
 
Амрикои Ҷанубӣ зери хатари буҳрони иқлимӣ қарор дорад
Лента. ру. Тағйирёбии иқлим боиси вазъи номусоиди боду ҳаво гардид, ки махсусан ба Амрикои Ҷанубӣ, таъсири сахт мерасонад. Қитъа зери хатари буҳрони иқлимӣ қарор дорад. Тайи як моҳи охир ярчфуроиҳои маргбор дар Бразилия, сӯхторҳои ҷангал дар Аргентина ва обхезӣ дар Амазонка рух дода буданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба гузориши гурӯҳи экспертҳои байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим  хабар медиҳад. 
Дар гузориш таъкид мешавад, ки гармшавии глобалӣ шиддат ва басомади падидаҳои номусоиди боду ҳаво, аз қабили Эл - Нино ва Ла - Ниняро тағйир додааст. Чунин ном доранд рӯйдодҳои иқлимӣ, ки дар навбати худ қабати сатҳи оби уқёнуси Оромро гарму хунук мекунанд. Тағйирёбии зуд-зуди онҳо ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад, зеро гармшавӣ ва хунукшавии ҳарорати об ба тағйирёбии вазъи боду ҳаво дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад.  
 
 
"Роспотребнадзор" тақрибан ҳама маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бекор сохт
URA. RU. "Роспотребнадзор" тавсияҳои нави эпидемиологиро тасдиқ кард. Азбаски Россия коҳиши гирифторӣ ба коронавирусро мушоҳида кардааст, аксари маҳдудиятҳо бардошта шуданд. Талабот барои пӯшидани ниқоб ва безараргардонии биноҳо боқӣ мемонанд.
Тибқи иттилои "Роспотребнадзор", сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар Россия ҳафтаи охир 27,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шаш минтақа афзоиши беморӣ ва дар 75 субъект камшавӣ ба қайд гирифта шуд. То имрӯз дар кишвар 875 280 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19  сабт шудааст.  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед