logo

сиёсат

ДУ НУКТАИ МУҚАДДИМАВӢ ОИД БА АҲАМИЯТИ ПАЁМ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими илмӣ-таҳлилӣ, сиёсӣ ва стратегие мебошад, ки дар муайян намудани самтҳои стратегии рушди устувори давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. 
 
Воқеан, дар раванди давлатдории миллӣ ироа гардидани Паём ба халқ аз ҷониби Президенти мамлакат аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Яке аз хусусиятҳои муҳими Паём дар он ифода меёбад, ки дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас огоҳона ва илман таҳлил гардида ба ҷомеа хулосаҳои ниҳоӣ, вазифагузориҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд. Бояд зикр кард, ки нигоҳи илмӣ ба раванди паёмгузорӣ чанд ҳақиқати бузургро ошкор сохта, ҷойгоҳ ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми давлатдории миллӣ барои ҳар фарди огоҳ муайян менамояд. Пеш аз ҳама, дар шароити давлатдории миллӣ ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар далели таҳкими ҷомеаи демократӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон ва шаффофияти натиҷаи фаъолияти Ҳукумати мамлакатро нишон медиҳад. Дигар ин, ки дар Паём ба таври мустақилона муайян гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат нишонаи воқеии соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли сиёсии Тоҷикистон аст. Яъне, ҳар як Паёме, ки аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мешавад, бозгӯйи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ва тантанаи озодии миллату дастоварди азими давлатдории миллӣ аст. 
Маврид ба зикр аст, ки нисбат ба паёмҳои қаблӣ, паёми навбатӣ ду тафовути ҷиддиро доро аст. Аввал ин, ки Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ, яъне 30 - солагии истиқлолу озодии давлат ироа гардид. Дуюм ин, ки дар баробари ба таври системавӣ фаро гирифтани дастовардҳои яксолаи тамоми бахшҳои ҷомеа, ҳамчунин, аз дастовардҳои сӣ соли давлатдории миллӣ натиҷагирӣ шуд. 
Як нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае ироа гардид, ки дар мамлакат раванди бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаҳои боэътимод пайдо намуда, давлат ба марҳилаи нав – зинаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гардидааст. Дар робита ба ин, дар Паём чунин зикр шуд: «Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии Истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад». Аз нигоҳи таҳлили моҳиятӣ низ мушоҳида мегардад, ки дар Паёми Пешвои миллат бештар ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳ равона гаштааст, ки чунин масъалагузорӣ зарурати амалии масъаларо нишон медиҳад. Яъне, моҳияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷмуи арзишҳо, барномаҳо, консепсияҳо ва стратегияҳое фаро гирифтаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар стратегияи миллӣ дарҷшуда мусоидат намуда, татбиқи амалии онҳо марҳилаи рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин месозанд. 
Яке аз бахшҳои муҳиме, ки дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешаванд, ин ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат барои ҳифзи Ватан ва дастовардҳои ноилгардида мебошанд. Дар Паём оид ба ҳамин мавзуъ аз ҷониби Президенти кишвар чунин таъкид гардид: “Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.” 
Тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии мустақил гардиданд. Соли 2021 тамоми тоҷикони ҷаҳон сисолагии Истиқлолу озодии давлати миллии худро таҷлил намуданд. Ҳақиқати таърихӣ ва воқеияти инкорнашаванда ин аст, ки дар ҳазорсолаи охир бузургтарин дастоварди миллати тоҷик маҳз ҳамин соҳиб шудан ба давлати миллӣ аст. Яъне, баъди зулму ҷабрҳои зиёди таърихӣ ва муборизаву ҷоннисорҳои ниёгон насли имрӯзи миллат дар фазои ободу озоди давлати миллӣ нафас мекашад ва зиндагӣ дорад. Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки хиёнат кардан ба давлат ва арзишҳои давлатдорӣ омили асосии суқути давлату шикасти миллатҳо будаасту ҳаст. Равандҳои сиёсии охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нишонаи он аст, ки яке аз сабабҳои барҳам задани сулҳу субот ва амнияти баъзе кишварҳо маҳз хиёнаткории баъзе афроди хиёнатпеша буда, боиси ба минтақаи ҷангзада табдил ёфтан шудааст. Аз ин ҷост, ки хиёнату хиёнаткориро тамоми бузургону равшанфикрон низ маҳкум намуда, бадтарин рафтори инсон донистаанд. Агар ба раванди давлатдории тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ таваҷҷуҳ намоем ва омилҳои асосии аз байн рафтани давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем, маълум мегардад, ки бештари онҳо дар натиҷаи хиёнати гурӯҳҳои муайян шикаст хӯрдаанд. Ҳатто бузургтарин давлати тоҷикон-давлати Сомониён дар натиҷаи хиёнати як идда аз байн рафт. Инчунин, аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, ки ҳанӯз аз оғози ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ бо хиёнату манфиатҷӯии як чанд афрод, мамлакат ба коми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва сарнавишти ояндаи давлат зери хатари бузург қарор гирифт. Дар чунин ҳолати душвор маҳз бо талошу садоқати фарзандони хирадманди миллат мамлакат аз буҳрони сиёсӣ наҷот ёфта, мавҷудияти давлати миллӣ ҳифз шуд. Маҳз бо дарназардошти чунин гузаштаи талхи таърих ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир Пешвои миллат ба тамоми шаҳрвандон ҳушдор доданд, ки ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем. Яъне, имрӯз ҳар як фарди соҳибтафаккур бояд дарк намояд, ки давлати Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди миллат аст ва хиёнат ба ин дастовард бузургтарин ҷиноят ба ҳисоб меравад. 
Агар имрӯз забони тоҷикӣ мақоми баланд дорад, агар имрӯз фарҳанги тоҷик ҳифз гардида, рушди устувор дорад ва агар имрӯз тоҷикро дар ҷаҳон мешиносанд, ба шарофати ҳамин давлат ва ҳамин Ватан аст. Пас, дар ягон ҳолат ба ин давлат набояд хиёнат кард. Новобаста аз ин, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид гашта, сифати зиндагии мардум беҳтар гардидааст, ҳанӯз ҳам дар ҷомеа мушкилот ва муаммоҳои ҳалнагардида мавҷуданд. Вобаста ба ин масъала, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин ибрози ақида доштанд: “Мо хуб медонем, ки дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.” Бале, ҳама мушкилот танҳо дар асоси заҳмати содиқона ва муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳалли худро меёбанд. Рисолати асосии ҳар шаҳрванди кишварро дар шароити кунунӣ маҳз ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва дастовардҳои муҳими давлатдорӣ ташкил медиҳад. 
 
Алиназар АШУРОВ, 
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии 
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 1091
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед