logo

фарҳанг

ЁДГОРИҲОИ ВОДИИ ВАХОН. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Пештар ҳам гуфта будам ва боз ҳам мегӯям, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Вахон ба гузаргоҳ ё долони "Вахон" -и Шоҳроҳи бузурги «Абрешим» дохил мешаванд, ифодагари мероси ғании таърихии миллати мо мебошанд.  Ёдгориҳои машҳуре, ки дар ин долон ҳастанд ба мисоли ёдгории таърихию фарҳангии Карони ноҳияи Дарвоз,  Дайри буддоии Вранг, қалъаи Қаҳ-Қаҳа, қалъаи Ямчуни Ишкошим, петроглифҳо ё худ тасвирҳои рӯйисангии Лангари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ғайраҳо исботи онанд, ки ин минтақа аз таърихашон, ки, ҳатто ба асрҳои III-IV пеш аз мелод бармегардад, дар ин минтақаҳо тоҷикон зиндагӣ мекарданд. Ин далели илмии таърихӣ мебошад.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки аксарияти ёдгориҳои ин долон дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойгир буда, характер ё хусусияти стратегиро доро мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки онҳо, аллакай, дар рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил ҳастанд ва танҳо як талош ва як қадами устувори дигар зарур аст, то ёдгориҳои бузурги ин долонро ба Феҳристи асосӣ шомил созем.
Бубинед, то чанд вақти пеш кадом як журналист ё шаҳрвандони одии кишварҳои ҳамсоя, ба монанди Чину Қирғизистон даъвои ин минтақа (Бадахшон-Мурғобу Ишкошим) мекарданд, ҳоло бошад, тамоми мардуми ин кишварҳо даъвои сарзамини моро мекунанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин ёдгориҳо тамоми кишварҳои ин созмон (193 кишвари аъзо), махсусан Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Чин низ, ин арзишҳои таърихию фарҳангии тоҷиконро эътироф хоҳанд кард. Пас ин шонсро набояд аз даст диҳем. Зимнан, тазаккур медиҳем, ёдгориҳои ин долон ёдгориҳое мебошанд, ки ба талабот ва критерияҳои ЮНЕСКО мувофиқат мекунанд ва қобили қабул ҳастанд. Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои долони "Вахон" омода буда, танҳо каме такмилу таҷдидро тақозо доранд. Аз ҷумла, сертификат кардани ҳудуди ёдгориҳо, ҳудудҳои буферӣ ва ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи онҳо.
Дар лоиҳаи охири Бонки ҷаҳонӣ, ки дар он тармиму барқарорсозӣ ва омода намудани  4 объект, аз ҷумла ёдгории қалъаи Ямчуни долони Вахон дар баробари ёдгориҳои мақбараи Хоҷа Машҳад, мавзеи Чилучорчашма ва Шаҳри қадимаи Ҳулбук дар назар буд, аз ин лоиҳа бардошта шудааст ва сабаби онро танҳо масъулони Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молия шарҳ дода метавонанд. 
Ин даъвоҳо бори аввал ҳам нест. Бо мурури замон чунин даъвоҳои пучу беасос зиёд мешаванд, зеро мо дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор дорем. Кишварҳои минтақа дар андешаи экспансия (васеъ кардани ҳудудҳои)давлатҳои худ ҳастанд. Ҳимояи моддию маънавӣ накардан ва кӯтоҳӣ дар муаррифии шоистаи сарзаминҳои таърихию аҷдодӣ ин ба бохти миллати мо хоҳад буд.
Аз ин рӯ, пешниҳоди банда ин аст, ки ҳарчи зудтар ёдгориҳои таърихию фарҳангии гузаргоҳи Вахонро, ки дар Шоҳроҳи бузурги «Абрешим» ҷойгир аст, омода намуда, ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил созем, то ин гуна даъвоҳои беасосу пуч кам шаванд.
Шомил намудани ёдгориҳо чанд ҷанбаи мусбат барои миллати мо доранд, аз ҷумла он чи дар ин маврид мехоҳам бигӯям ин аст, ки аввалан, миллат ба ҳамчун як миллати қадимӣ, шаҳрсозу давлатдор шинохта ва эътироф карда мешавад. Сониян, тавре баён доштем, кишварҳои фавқуззикр ҳамчун узви ЮНЕСКО қарори дахлдори онро вобаста ба сарзаминҳои аслии тоҷикон қабул ва эътироф менамоянд.
Албатта, бояд ишора намоям, ки мо чун ҳамоҳангсоз ва ваколатдори соҳа талош ва кӯшиши худро ҷиҳати амалишавии ин андешаҳо мекунем, вале ногуфта намонад, ки ин масъала ба як ё ду нафар алоқаманд набуда, бояд дар маҷмуъ, тамоми масъулон аз ҷамоату маҳаллаҳое, ки ёдгориҳо дар он ҷо воқеъ ҳастанд то мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва ниҳодҳои марказии вазоратҳо бояд ташаббус намоянд. Ҳамчунин, тибқи моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки мероси таърихию фарҳангиро ҳифз намояд..
 
Мирзошариф АБДУСАЛОМОВ, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2022    №: 44    Мутолиа карданд: 1867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед