logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо Моди

 
Gazeta.ru.  Президенти  Россия Владимир Путин дар суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди масъалаи  тахлияи шаҳрвандони Ҳиндустонро, ки ҳоло дар Украина қарор доранд, баррасӣ кард. Дар ин бора сомонаи Кремл хабар додааст.
Путин таъкид кард, ки тамоми дастурҳои зарурӣ дода шудаанд ва низомиёни Россия барои таъмини бехатарии шаҳрвандони Ҳиндустон аз минтақаи ҷанг ва бозгашти онҳо ба зодгоҳ ҳама кори  имконпазирро анҷом мебахшанд.
Ӯ, инчунин,  зикр кард, ки ҷониби Россия барои интиқоли донишҷӯёни ҳинд аз Харков тавассути долони башардӯстона дар масири кӯтоҳтарин ба Россия чораҳо меандешад.
 
 
Президенти Ӯзбекистон раҳбари   Раёсати мубориза бо терроризмро пазируфт
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини Дабири кулли СММ - раҳбари   Раёсати  мубориза бо терроризм Владимир Воронковро, ки  дар чаҳорчӯби барномаи Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар ин кишвар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ рушди масъалаҳои  минбаъдаи ҳамкории амалии  Ӯзбекистон бо институтҳо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Раёсати зиддитеррористӣ, баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳ  махсус ба татбиқи Нақшаи амалиёти муштараки навшудаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва тавсеаи хазинаи  лоиҳа зоҳир гардид. 
Имкониятҳои баргузории чорабиниҳои бисёрҷониба дар доираи  қатъномаи Ассамблеяи генералии  Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, “Маърифат ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ”, ҳифзи ҷавонон аз таъсири зараровари ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм, табодули таҷриба дар соҳаи  эҳёгарии шахсоне, ки аз «нуқтаҳои доғ» баргаштаанд, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани кадрҳо баррасӣ гардиданд.
 
 
 
Ба хизматчиёни давлатии  Ӯзбекистон доштани душаҳрвандӣ, амволи ғайриманқул ва суратҳисоб дар хориҷа манъ карда мешавад
Мир24. Лоиҳаи қонун манъи доштани шаҳрвандии дигар давлатҳо, доштани амволи ғайриманқул ва суратҳисобҳои шахсони мансабдор дар хориҷро пешбинӣ мекунад. Илова бар ин, ба афроде, ки бо кадоме аз мансабдорони давлатӣ хешутаборӣ доранд ё бо онҳо издивоҷ мекунанд, ишғоли мансабҳо манъ карда мешавад.
Маҳдудиятҳо ба фаъолияти соҳибкории хизматчиёни давлатӣ низ таъсир мерасонанд - онҳо метавонанд танҳо ба корҳои педагогӣ, эҷодӣ ва илмӣ дар асоси пардохти музд машғул шаванд. 
Ҳамчунин, гирифтани ҷоиза ва туҳфаҳо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон манъ  мегардад.
Лоиҳаи қонун аз ҷониби парлумони ҷумҳурӣ  тасдиқ ва баъдан ҳуҷҷат ба баррасии Сенати Ӯзбекистон пешниҳод карда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед